Пт03142025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

ИХТИСОСҲОИ ОМӮЗГОРИРО ТАКМИЛ МЕДИҲЕМ

Баланд бардоштани донишу малакаи ихтисосҳои омӯзгорӣ бо ташаббуси кабинети методӣ ва роҳбарии бевоситаи маъмурияти муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад.

Баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон аз он ҷиҳат зарур аст, ки фан ва технология бо суръат дар ҳоли тараққӣ буда, дар илми педагогика ва мактабшиносӣ низ навигариҳо дохил шуда истодаанд. Ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ бо чунин роҳҳо - дохилимуассисавӣ, ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ баланд бардошта мешавад.

Баҳри баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси омӯзгорон ва сифати баргузории  корҳои таълимиву тарбиявӣ дар  муассисаҳо ташкил намудани  семинару машваратҳои ноҳиявӣ ва иттиҳодияи методӣ зарурият дорад.   Аз ин рӯ, директорони муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки нақшаи дурнамои аз курсҳо гузаштан ва семинарҳои баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои омӯзгориро ба муддати 5 сол тартиб диҳанд.

Донишҷӯёни ғоибхоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ  дарс медиҳанд,  баъди 5 сол ба курси такмили ихтисос фиристода хоҳанд шуд. Омӯзгороне, ки аз 2 фан дарс медиҳанд, аз ҳисоби ҳар як фан алоҳида дар муддати 5 сол ба курси такмили ихтисос ҷалб карда мешаванд. Директорони муассисаҳои таълимӣ курсҳои такмили ихтисосро ҳам аз рӯи вазифа ва ҳам аз рӯи ихтисос мегузаранд. Онҳо инчунин ба корҳои худомӯзии омӯзгорон ва иштирокашон ба машғулиятҳои иттиҳодияҳои методӣ назорат мекунанд.

Баъди аз курс баргаштани омӯзгорон, директори муассиса бояд дар назди омӯзгорони фаннӣ баромади онҳоро  ташкил кунад. Роҳбари иттиҳодияи методӣ бошад, ба ин омӯзгор супориши баъдикурсӣ (ба муддати 5 сол) медиҳад. Омӯзгор онро ба нақшаи худомӯзии худ дохил мекунад. Кабинети методӣ бо ДҶТИБКСМ, мактабҳои олӣ алоқаи мустаҳкам барқарор карда, ба воситаи онҳо ба роҳбарони муассисаҳо ва омӯзгорон ахборотҳои илмӣ медиҳад ва бо ҳамин роҳ корҳои методиро ҷоннок  менамояд. Инчунин шароити омӯхтан, ҷамъбаст ва дар ҳаёт татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами муассисаҳо ва таъсири омӯзгорони таҷрибанокро ба ҳамаи омӯзгорони муассисаҳои ноҳия таъмин менамояд.

Барои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорони ноҳия  давоми соли равон  беш аз 154 нафар омӯзгорон,  директорон, муовинони директор оид ба корҳои таълиму тарбия, роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳои таълимӣ, мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, сармуҳосибони МТУ, мураббияҳои марказҳои инкишофи кӯдакон, сарварони созмони хонандагон, китобдорон, мутахассисон ва мушовирони шуъбаи маориф, роҳбарони иттиҳодияи методии роҳбарони синфҳо аз курсҳои баландбардории ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.  Ҷиҳати сарфаи вақти омӯзгорон ва маблағҳои буҷа дар маркази ноҳия барои 478 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, забони модарӣ, математика ва технология курсу семинарҳои омӯзишӣ оид ба Низоми таълими салоҳиятнокӣ баргузор карда шуд.

Ҳамаи ин чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани савияи донишу малакаи кадрҳои омӯзгорӣ равона карда шудааст, ки дар самти тарбияи  шогирдони  сазовори давру замон саҳми  намоён  мегузорад.