Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

ТУ БУЗУРГӢ, МУАЛЛИМ!

Пешгуфторе барои  дақиқаҳои дарси аввал

Муаллим, ончунон туро васф кардаанд ва он қадар дар партави андешаҳои бузургон дигарон гуфтаанд, ки чанд сатри пареши ман назди он ҳама як чизи беҳудае бас нест. Аммо наметавонам, ки  дар ин рӯзҳое, ки  як  ташвиши ту аз ҳазорҳо ташвишу тарадуди мо зиёда аст, хомўш монам.  Гумонам ҳоло он қадар хастагии соли хониши аз вуҷудат дур нарафта, ки боз соли нави хониш  дари лонаатро куфт ва боз ана ҳамон ташвишаки зиндагӣ , ки бароят қабза-қабза шодию хушҳолӣ меорад, туро бо сару рӯи озода ба мактаб, назди шогирдонат меорад. Ҳа, воқеан сару рўи тозаю озодаро махсус мехоҳам қайд кунам, ки замони бачаи мактабхон буданам шоҳиди гушонагӯйии чанд  духтари ҳамсоя будам, ки болиғ буданду  ба қавле дари хонаашонро хостгорҳо охурча карда буданд. Аммо онҳо ҳамагӣ дар орзуи дидори муаллим буданд. Ҳоло ба ёдам нест, ки мани хурдсол барои чӣ аз онҳо майли ба муаллим –омўзгор ба шавҳар баромаданашонро савол кардам, вале посухи эшон хуб дар хотирам ҳаст, ки  «муаллим зебову пероста аст, гуфтори хуб,муносибати гарм ва боз пули хуб ҳам дорад», гуфта буданд онҳо. Шояд хонандаи азиз  ин ҷавоби болоро сирф андешаи ман арзёбӣ намояд, аммо чӣ ҳоҷат ба мани муйи дар ҷодаи рӯзноманигорӣ сафед кардаро дурӯғ  гуфтан аст. Ҳатто имруз ному насаби ин апаҳои азиз дар хотирам ҳаст , хонаашон обод ,мутаассуф шавҳари муаллим надоранд. Ана, ҳамин тавр муаллими замони шӯравӣ барои ҷавонон як идеале шуда буд, ки ҳамагӣ шавқу рағбат ба ин пеша пайдо карда буданд. Сабаб боз ҳамон сару рӯйи озодаи муаллим, хушсуханӣ, маданияти баланду фарҳанги баланд, ки дар макотиби олӣ аз худ каода буданд ва ин ҳамаро ба шогирдони худ сидқан меомухтанд…
Муаллим, замин надоштӣ, ба ҷуз ҳамон як порчаи назди ҳавлигӣ, ки дар он кабудӣ мекиштию  аз тамошояш ҳаловат бурда  гоҳ-гоҳе  барои оромиши асаби хеш бонуи хона бароят аз он ғизо таёр мекард. Бале, ҳамин буд деҳқонии ту муаллим , корат ба ҷуз омухтану лексия навиштан дигар коре набуд ва дар фикри навгоние аз худ ихтиро кардан майна об мекардию тамом. Ин  буд, ки аз муаллим шогирдони басаводу вафодор зиёд ба камол мерасиданд ва дар макотиби олӣ онҳо бе миёнраву ғиромбозиҳо ворид мешуданду идомаи таҳсил менамуданд.  Ростӣ ба ин ҳама дилам гум  мезанад, ки пешаи муаллмӣ чаро ин қадар хор гаштаву  кам ҷавонон баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳо рӯ ба мактаб меоранд. Не, имрӯз ин «анъана» шукр  аз  байн рафта истодааст. Ва ин танҳо бо қушишу роҳбарии сарони давлату ҳукумат, ки имрӯз  мактабу маорифро дар ҷои аввал гузоштаанд. Мактаб бо маром мавқеи худро барқарор мекунад, онҳое, ки тасодуфӣ бо ҳвову ҳавас ва роҳи халосӣ аз хизмати ҳарби касби муаллимиро пешаи худ қарор дода буданд, хатои худро фаҳмиданд. Барои муаллим-омӯзгор будан сабру таҳаммули зиёд ва шогирдонро дӯст доштану ба онҳо дуруст кор карданро бояд омўхт. Муаллими воқеӣ ин ҳамаро метавонад, ҳатто  ончунон мактабу мактабиёнашро дӯст медорад, ки  дар танҳоӣ  худ ба худ бо шогирдонаш гуфтугӯ мекунад, савол мегираду посух мегӯяд ё баръакс. Ин аст вафодорӣ , ин аст шавқу шури муаллим ба шогирд, ин аст мақсаду мааром ва дӯстдлории пешаи ту , муаллим. Ба ин хотир ман ҳеҷ вақт намехоҳам ту деҳқон бошӣ, майл ба чорвою чорводорӣ ё пешаи маъмулии имрӯза тоҷир шуданро дошта бошӣ. Ростӣ ин пешаҳо ба ту намезебанд, зеро ту дуруғ гуфта наметавонӣ, касеро фиреб дода наметавонӣ, чунки имони ту комил аст.
Ҷон муаллим туро дӯст медорам, бе ҳеҷ хушомадгӯйию пешомадгӯйӣ , бе ҳеҷ дуруғу воҳима. Мехоҳам,ки муаллими воқеӣ бошӣ,   чун ҳамон замони пеш, ки бе мактаб нафаси ту хуш намегузашт, истироҳати ту,фароғати ту мактаб буду муваффақияти шогирд ва хушо ки ин ҳамаро имрӯз боз шиори худ кардаӣ, муаллим. З-ин хотир бароям ту бузургӣ, номи ту, нони ту ҳалол аст, муаллим. Агарчӣ ин ҳама кам аст, ба андешаҳо нуқта мегузорам ва ин ҳеч вақт барои ту нуқтаи охир нест муаллим.


Р. НАЗИР.