МАОРИФ
КИТОБХОНА ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРБИЯИ МАЪНАВИИ ХОНАНДАГОН
- Подробности
-
22 Дек 2014
Бе китоб, эй дўстон, бунёди мо норавшан аст,
Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.
Абулқосим Фирдавсӣ
Бештар аз панҷ сол аст, ки ба ҳайси мудири китобхона дар литсейи касбии техникии ноҳия фаъолият дорам. Таҷрибаи тӯли ин солҳо андӯхтаам дар ҷодаи китобу китобдорӣ, муносибат ба китобу китобхонӣ, ҷалби хонандагону кормандони муассисаи таълимӣ ба ин боргоҳи маърифат имкон медиҳад, ки роҷеъ ба нозукиҳои ин соҳаи мубраму муҳим ибрози назар созам.
Дар давоми панҷ соли охир теъдоди хонандагони литсей дар ҳудуди 300-350 нафар ва шумораи кормандони таълимгоҳ дар сатҳи 80-90 нафар қарор гирифт. Мусаллам аст, ки ҳамаи онҳоро ба узвияти китобхона пазируфта намешавад, дурусттараш, майлу рағбати на ҳамаи онҳо ба китобхонӣ бедор шудааст. Инро ҳам бояд гуфт, ки тайи даҳсолаи охир баробари рушди босуръати технологияи муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаи умумиҷаҳонии интернет ҷалби шаҳрвандон, хусусан насли ҷавон ба китобхонаҳо то андозае коҳиш ёфтааст. Ба ҳар ҳол вазъи ҷалби хонандагону кормандони таълимгоҳ давоми панҷ соли охир гувоҳӣ аз он медиҳад, ки тамоюли мусбат дар ин самт ба назар мерасад. Масалан, агар дар соли 2012 захираи китоб қариб 2000 нусхаро ташкил диҳад, пас ин нишондод дар ибтидои соли таҳсили нав қариб ба 5000 нусха расид. Сифати китобҳои китобхона низ беҳтар гардид. Алҳол дар китобхонаи литсей баробари маҷмӯи китобҳои куҳнанашр, теъдоди зиёди китобҳои тайи даҳ соли охир дар ҷумҳурӣ ба табъ расидаро дастрас кардан мумкин аст. Аз ҷумла дар радифи китобҳои зиёди таълимию методии марбут ба ихтисосҳои дар таълимгоҳ амалкунанда, инчунин садҳо номгӯй адабиётҳои ба ҳаёту фаъолияти фарзонаи миллат, аҳли илму адаб, фарҳангу сиёсат бахшидашуда, беҳтарин намунаҳои ҳадисҳои Паёмбари охирзамон- ҳазрати Муҳаммад, ашъор ва панду андарзҳои шоирони классику муосири адабиёти пурғановати тоҷик- Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдию Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомию Сайидо, Шоҳину Аҳмади Дониш, Садриддин Айнию Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафурову Лоиқу Бозор Собир ва дигар шоирону аҳли улумро метавон пайдо намуд.
Чунин дигаргунӣ дар фаъолияти китобхонаи литсей пеш аз ҳама ба муносибати хубу дилсӯзонаи маъмурияти литсей вобаста аст. Маъмурияти литсей ҷиҳати ғанигардонии захираи китобхона аз хурдтарин имкониятҳо ба таври самарабахш истифода менамояд. Чунончи, дар идомаи соли 2013 ба китобхонаи литсей тавассути ҳамкориҳои дуҷониба бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз Фонди мубодилавии он ба таври ройгон 2100 нусха китобҳои гуногунсоҳаи барои раванди таълиму тарбия зарурӣ ворид карда шуд. Инчунин чун туҳфа ба китобхонаи литсей аз китобхонаи Донишкадаи давлатии санъат ба номи Мирзо Турсунзода қариб 200 нусха китобҳои гуногунсоҳа ва аз Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар 4 адад рафҳои китобгузорӣ дастрас гардид. Илова бар ин, аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсус аз Маркази ҷумҳуриявии методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сарчашмаҳо ба маблағи бештар аз 1200 сомонӣ зиёда аз 200 нусха адабиётҳои нави тахассусӣ, техникӣ, дастурҳои методию таълимӣ харидорӣ карда шуд.
Маъмурияти литсей пайваста дар назди масъулини китобхона вазифагузорӣ менамояд, ки шумораи аъзои китобхона зиёд карда шавад. Давоми соли таҳсили гузашта бахшида ба Рӯзи дониш, 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои таърихӣ маҳфилҳои бошукӯҳ баргузор шуданд.
Имрӯз теъдоди аъзои китобхонаи литсей ба бештар аз 250 нафар расидааст.
Маъмурияти литсей тасмим дорад, ки ояндаи наздик барои китобхонаи таълимгоҳ бинои аз ҳар ҷиҳат муносибу мувофиқ ҷудо карда, онро бо таҷҳизоти муосир таъмин намояд. Айни ҳол маъмурияти таълимгоҳ қарор додааст, ки барои китобхона ду адад компютери муосир ҷудо карда, онҳоро бо шабакаи байналмилалии Internet пайваст кунад.
Зебо Раҷабова, мудири
китобхонаи ЛКТ- и ноҳия.