МАОРИФ
СОҲИБҲУНАРЕ, КИ БОТАМИЗ АСТ
- Подробности
-
23 Нояб 2014
(ЧАНД ВАРАҚ АЗ КОРУ РӮЗГОРИ ДИРЕКТОРИ МАКТАБИ РАҚАМИ 20 А.САЙРИДДИНОВ, КИ СОБИҚАИ 38 СОЛАИ ОМӮЗГОРӢ ДОРАД)
ОҒОЗ
Деҳаи Ҷонварсӯз яке аз деҳаҳои калони Файзобод ба ҳисоб рафтаву дар даромадгоҳи ноҳия ҷойгир аст. Он на танҳо бо табиати дилкашу зебои худ, ҳамчунин бо фарзандони номбардораш аз дигар деҳкадаҳо фарқ мекунад. Насли калонсоли Ҷонварсӯз, аввалин бунёдгузорони сохти нав дар Файзобод будаву солиёни зиёд дар соҳаҳои гуногуни ноҳия заҳмат кашидаанд ва барҳақ имрӯз ба некӣ ёдашон мекунанд.
Маҳз таъсири онҳо буд, ки ашхоси маълумоти олидор аз ин деҳа бениҳоят зиёд асту ҳамаҷо софдилона машғули меҳнатанд.
Қаҳрамони мо ҳам фарзанди ҳамин деҳа аст. Обу хоки он усутухонашро сахт кардаву маърифатро аз дабистони он, назди устодон аз бар карда, ва имрӯз ҳамаҷо соҳибэҳтиром, азизи ҳар хонадон, мушкилкушою маслиҳатгари ҳар фарди деҳ мебошад.
Чун инҷо тамоми рӯз агар ӯро пурсиданӣ шавед, дар ҳар ҳол аз хурд то калон посухатон хоҳанд дод, ки ёфтани Абдуҷаббори муаллим чандон мушкил нест ё дар мактаб аст ё дар чойхона, миёни мардум. Воқеан, чунин аст, ки дар мактаб чун сарвари ягона таълимгоҳи деҳ аз паси беҳбудии таълиму тарбияи фарзандони онҳо ва ё чун марди даст ба кор дар маҳалла аз пайи ободии он миёни мардум. Ҳамин аст,ки комёбӣ мададгор гаштааст, Абдуҷаббори Сайриддинро.
ИДОМАИ РОҲИ ПАДАР
Оилаи Сайриддиновҳоро на танҳо дар Ҷоварсӯз, балки берун аз он ҳам мешиносанд. Сардори оила як умр аз пайи меҳнату нони ҳалол фарзандонро ба камол расондаву тарбия кард. Соҳиби даҳ фарзанд буду нуҳ нафарашон соҳиби маълумоти олӣ. Маҳз тавфиқи фарзандон падарро ба зиёрати Ҳаҷҷи акбар расонда буд, ки барои ин дуои некашон мекард падар.
Фарзандон ҳар касберо, ки даст заданд, тавфиқ ёфтанд. Миёни бародарони муҳандису духтур, афсару варзишгар, Абдуҷаббор фарзанди дуюм ва ягона давомдиҳандаи касби падар гардид.
Замоне ӯ донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории шаҳр Мичуринскии Маскав гашт, ки ниёз ба омӯзгорони забони рӯсӣ хеле зиёд буд. Меҳри забономӯзӣ дар ин роҳ ҳамчунин ёвараш гарид. Панҷ соли донишҷӯӣ дур аз Тоҷикистон барояш осон набуд, аммо дунё дид, одамгариро омӯхт, аз анъанаву расму русуми бисёр халқҳо бохабар шуд.
Ва баргашт соли 1976 бо сари баланд, дипломи маълумоти олӣ дар даст ба Файзободи азизаш. Ҳамон сол ба мактаби деҳаи Қанғелӣ ба кор фиристондандаш. Расо сенздаҳ сол инҷо омӯзгор буду кӯшид, ки шогирдон бо яке аз забонҳои эътирофшудаи ҷаҳон тавонанд озод ҳарф бигӯянд. Соли 1989 бошад, ба мактаби азизаш, онҷое, ки худ таълим омӯхта буд, гузашт.
Амалӣ шуд орзуи деринаи дилаш, яъне дарс гуфтан ба фарзандони деҳа, иваз намуд инҷо падари бузургворашро. Чанд муддат вазифаи ҷонишини директорро ҳам иҷро кард. Соли 1996 бошад, директори мактаб таъин шуд. Бахусус дар он айёми душвор сарвари мактаб будан осон набуд. Лозим меомад, ҳама чизи кӯҳнаро «либоси нав» пӯшонаду мавриди баҳрабардории мактабиён қарор диҳад. Ҳамаи ин ӯро осон муяассар нагардид. Охир, харобии мактабҳо, синфхонаҳо, нарасидани таҷҳизоту китобҳои дарсиро дар ноҳия кам надидаем. Аксаран бисёр роҳбарони дабистонҳо инро ба сари иқтисоди бозоргонию гузаштани муҳлати ашёҳо мезаданду фаромӯш месохтанд, ки халқ гуфтааст: «то нав муяссар мешавад, ки кӯҳна ба кор ояд». Оре, дар мактаби Сайриддинов он солҳо кӯҳна ба кор омад. Кӯҳнаро эҳтиёт кард.
Аз соли 1991 то соли 2008 ягон шишаи тиреза, шифери мактабро иваз накардаанд, шояд бовар накунед, зеро он солҳо дар аксар мактабҳо шиша он тараф истад, плёнкаҳои истифода кардаро ба яғмо мебурданд. Дилсӯзиву дарки масъулият имконашон дод, ки инҷо мактабу ашёи онро эҳтиёт намоянд.
Имрӯз дар мактаб беш аз 600 нафар шогирдон илм меомӯзанд, ки 34 нафар муаллимон машғули тарбияи онҳоянд. Бисту ҳашт нафарашон маълумоти олӣ ва бист нафарашон соҳиби категорияи олӣ мебошанд.
Ҳамаи муаллимон ба замин таъмин будаву қадри имкон бо маблағ ёрмандӣ мешаванд. Ҳамин аст, ки корро тарк кардани муаллимон, ба чашм намерасад. Устодони ботаҷриба то ҳол кор мекунанд. Ҳама корро хуб «часпида» гирифтаанду имрӯз мактабу таҷҳизотҳо, китобҳое, ки дорем дар ҳолати хуб қарор доранд. – гуфт ӯ.
АНҶОМ
Ҳар кореро, ки А.Сайриддинов пеша мекунад, бешак комёбӣ насибаш мегардад. Инак, сиву ҳашт сол аст, ки ӯ кори таълиму тарбияро пеша кардааст ва дар ин роҳ тавфиқ ёфтааст. Беш аз бист нафар шогирдон аз пайи ӯ рафта, омӯзгори забони русӣ шудаанд. Ҳамчунин дар оила ҳам муаллим, падари мушфиқанд. Ҳамаи фарзандон соҳибмаълумоту оилаи хуб доранд.
Баракати умри инсон ҳам дар кори хуб кардан, фарзандони баркамол тарбия кардан баҳри ҷомеа аён мегардад. Шукр, ки Абдуҷаббор Сайриддинов аз ин ҳарду баҳра бардоштааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки:
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.
Низомиддини ШАМСИЁН.