Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

ОМОДАГӢ БА СОЛИ ХОНИШ

Омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии рақамҳои 19 ва 23 баъди анҷоми соли хониш ба таъмири мактаб сар карда буданд. Чун солҳои пешин дар таъмири синфхонаҳо, рангу бор ва таъмини мизу курсиҳо падару модарон, раисони маҳалла ва омӯзгорон саҳмгузорӣ карданд. Ва инак  ба    соли хониши   нав мактабҳои зикр шуд, омода гардидаанд.  Ҳамчунин дар назди мактабҳо ба қадри лозимӣ ангишту ҳезум захира карда шуд.
Имрӯз омӯзгорон рӯйхати хонандагони синфи якумро тартиб дода, дар синфхонаҳо гӯшаҳои синфӣ, газетаҳои даврӣ, лавҳаҳоро  омода менамоянднд. Дар ин кор саҳми омӯзгорони беҳтарин Раъно Абдуллоева, Неъматулло Гулов, Шомурод Раҷабов (аз мактаби №23), Аслия Қосимова, Шоира Шукурова, Муҳиддин Кабиров (аз мактаби №19) басо калон мебошад.

Маҷид ҲОМИДОВ,
мухбири ҷамоатӣ.