Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
Пред След Саҳифа:

САҲИФАИ АСОСӢ

МЕҲРГОН - ҶАШНИ КИШОВАРЗОН

Даврони соҳибистиқлолӣ барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон дар Тоҷикистони азизамон  марҳилаи тозае оғоз намуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 иди Меҳргон дар кишварамон ҳамчун иди миллӣ эълон гардида, боиси ифтихори мардуми тоҷик гардид. Меҳргон ин иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат ба ҳисоб меравад. Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукӯҳи он башорати рӯзгори босаодати ҳар яки мост. Воқеан ҳам чӣ тавре Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».

Ҳамин аст, ки  бо омади фасли тирамоҳ ва анҷоми   ҷамъоварии ҳосили расонидаи худ марди деҳқон  ба таҷлили ҷашни Меҳргон мепардозад. Ва имрӯзҳо  дар ҳар кунҷу канори  сарзамини  куҳанбунёди  Тоҷикистони азизамон ин ҷашни  мардумӣ  бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Зеро ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дорад, ки   дар  таърих сарчашмаҳои қадима дорад ва Меҳргон баробари  Садаю Наврӯз дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон аз ҳалқаҳоест, ки онро кишоварзон дар ҷамъбасти ҷамъоварии ҳосил  таҷлил мекарданд.

Дар ноҳияи мо ҳам, ки аслан ноҳияи кишоварзист ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати  хосса дар боғи фарҳангу фароғатии “40-солагии Ғалаба”-и маркази ноҳия  таҷлил гардид. 

Кишоварзон ба маърази тамошо дастовардҳои беҳтарини хешро гузошта буданд.

Муовини аввали раиси ноҳия Достзода Мансур Тағой сокинони ноҳияро бо фарорасии ҷашни дастранҷи деҳқон табрик намуда, таъкид дошт, ки кишоварзони ноҳия  барои дар рӯҳияи баланди идона таҷлил намудани  ҷашни Меҳргон  бо тамоми ҳастӣ кору пайкор намуданд ва боварӣ бахшид, ки деҳқонони  файзободӣ  ҳам  баҳри ободии ватан, пешрафти Тоҷикистони азиз пурмаҳсул меҳнат менамоянд, то дастранҷи онҳо  берун аз ноҳия ҳам чун солҳои Шӯравӣ  шинохта бошад.

Ҳамчунин Достзода Мансур Тағой ба як гурӯҳ кишоварзони муваффақи ноҳия аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим кард.

Сипас  санъаткорони ноҳия пешкаши ҳозирин дастагули суруду таронаҳои  идонаро  манзур гардониданд, ки он  хеле диданӣ ва хотирмон буд. 

Таҷлили ҷашни Меҳргон дар ноҳия  бозгӯи  рӯзгори хушу арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгонамон аз ҷониби мардуми ин диёри сарбаланд буд.

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

Омӯзгорони меҳрубон! 

Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон - Тоҷикистони ободу озоду соҳибистиқлол  Иди касбии омӯзгорон - «Рӯзи муаллимон» бо шукӯҳу эҳтироми шоиста  таҷлил мегардад. Пешаи омӯзгорӣ воқеан ҳам муқаддастарин касби рӯи олам аст. Рисолати омӯзгорӣ мубориза бар зулмоту ҷоҳиливу нодонӣ, равшан намудани қалбҳо, ташаккули ақлонӣ, зеҳнӣ  ва парвариши инсон аст.

Мавлоно Ҷомӣ  фармудааст:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар ҷомеаи мо омӯзгор мақому мартабаи баланд дорад ва бархӯрдор аз эҳтирому арҷгузории аҳли ҷомеа аст. Вақте ки мо омӯзгор  мегӯем, пеши назарамон инсони шоиста, ғамхору дилсӯз ва мушфиқу меҳрубон ҷилвагар  мешавад, ки бе таълиму тарбия, бе мактабу маориф, бе шогирдон ҳаёташро тасаввур карда наметавонад. Муаллим дар ҳаёти ҳар кадоми мо нақши муҳиме  гузоштааст ва саргузашти мо бе номи ӯ, бе фаъолияти ӯ, бе маслиҳату насиҳатҳои падаронаи ӯ тасаввур намешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки « Он ҷо, ки зиё аст, дар он нури Худо аст». Аз ин рӯ, мо ҳама  бо устодони худ ифтихор мекунем

Боиси фараҳмандист, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ муносибати давлату Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф боз ҳам беҳтар гардида, рушди ин соҳаи тақдирсоз ба яке аз рукнҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Имрӯз ҳадафи аз ҳама муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияту пешаи  омӯзгорон  баҳои баланд дода,  аз ҷумла менигорад: «Маҳз   муаллим аст, ки  доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад.  Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда хоҳанд монд».

Вазифаи аз ҳама вазнин, вале пуршарафу муқаддас, тарбияи насли наврас, насли созандаву бунёдкор, ояндаи миллату давлати тоҷик ба уҳдаи Шумо-муаллимони меҳрубон  гузошта шудааст. Маҳз заҳмату ҷонфидоиҳои омӯзгорон буд, ки девону дафтари ниёгони сарбаланду некном, бофарҳангу тамаддунсозамон то ба ин рӯзҳои пурсаодати мо расида, мавриди баҳрабардории аҳли башар қарор гирифтааст.

Имсол бо дастгирии бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо таҷҳизоти навин (миз, курсӣ, тахтаи синфӣ, ҷевони китобмонӣ ва ғайра) таъмин карда шуд. Бо дастгирии сокинони диёр дар деҳаи Кӯлобиён муассисаи таълимӣ барои 100 ҷойи нишаст сохта шуда,  чун тӯҳфа ба  ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши хонандагон гардонида шуд. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаи Навобод барои 200 ҷойи нишаст дар як баст, деҳаи Меҳрободи боло барои 100 ҷойи нишаст бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, саховатмандони диёр ва бо дастгирии ассотсиатсияи омӯзгорону падару модарон дар назди муассисаҳои таълимии рақами 26 ва  32 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ,  дар назди МТА рақами 58 бинои хонаи омӯзгорон оғоз пазируфтанд, ки ҳамаи ин самар аз ваҳдату якдилӣ ва соҳибистиқлолии кишвар аст.

Бояд қайд намоям, ки ба  тавассути дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати  ҷумҳурӣ, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саъю талошҳои омӯзгорони азиз соҳаи маориф дар ноҳия рушд дорад.  Месазад дар ин рӯзи саид, рӯзи хоси муаллимон номи устодони беҳтарини ноҳия: Тағоев Муродалӣ,  Қурбонова Зебуниссо, Иминова Маҳбуба, Содиқов Меҳриддин, Зоиров Назаралӣ, Сангов Маҳмадраҷаб, Абдуллоев Саидаҳмад, Холиқов Баҳриддин, Азимова Умеда,  Гурезов Давлат, Султонов Сафар, Довудов Аскар, Ниҳмонов Саъдоншо, Камолова Соро, Иброҳимов Абдулло   ва даҳҳои дигарро бо ифтихор ва эҳтироми хоса ба забон орем, ки бо меҳнати  ҳалолашон  ном бароварда, маҳбуби дилҳо гаштаанд.

Омӯзгорони азиз, иҷозат диҳед бори дигар Шуморо ба иди касбиатон – «Рӯзи муаллимон» самимона муборакбод намуда, ба ҳамаи  шумо, ки дар тарбияи насли наврас – ояндаи миллату давлат саҳми арзанда мегузоред ва барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон шабу рӯз  заҳмат мекашед, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам изҳори сипосу миннатдорӣ баён намоям. Ба шумо дар иҷрои вазифаи пуршарафи омӯзгорӣ барори кор ва осоиши рӯзгорро таманно дорам.

Идатон муборак, омӯзгорони азиз!

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

Бисту шаш сол  аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо ва мардуми шарифи он иди Истиқлолияти давлатии кишварро таҷлил менамоянд ва дар фазои давлати озоду соҳибихтиёр баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони ноҳияро ба ин ҷашни бузурги миллиамон - солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям.  

Ин муддат барои таърих чандон фурсати тӯлонӣ набошад ҳам, Ҳукумати  Ҷумҳурӣ дар ин муддати кӯтоҳ тавонист, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори Ватанамонро таъмин намуда, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорад, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшида, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқи кишвар  равона созад.

Бо шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, ташаббусҳои кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта мешавад.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли масоили умдаи сиёсию иқтисодии ҷаҳон ширкат меварзад ва андешаи хешро изҳор менамояд.

Чӣ тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии миллию таърихӣ, эҳёи оину  суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард».

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои сифатан нав ворид гардида, сол то сол пеш мераванд. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи тадбирҳоро амалӣ намуда истодаанд, ки сифати хизматрасониҳо дар низоми маорифу тандурустӣ баланд гардида, ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ расонида шавад.

Имрӯз бо сарафрозӣ ва шукрона аз  соҳибватанию соҳибистиқлолӣ бояд қайд намоем, ки дар даврони истиқлолият дар ҳаёти сокинони ноҳияи мо низ пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Сокинони бонангу ор ва меҳнатқарину ватандӯсти ноҳия дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва озодии комил кору зиндагӣ намуда, пайваста саъю талош меварзанд, ки бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми сазовор гузоранд. Бо баракати истиқлолияти комил, ваҳдату осоиштагӣ, ғамхорию дастгириҳои доимии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии сокинони ноҳия сол аз сол сифатан беҳтар гардида, дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёту иқтисодиётамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. 

Дар зарфи ин солҳо маблағгузориҳо  ба соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок ҳамасола зиёд мегардад. Кишоварзони ноҳия баҳри пурнозу неъмат гардонидани дастурхони сокинони мамлакат аҳлона меҳнат намуда, истеҳсоли ҳама навъҳои маҳсулотро сол аз сол афзун намуда истодаанд. Дар соҳаи сохтмону меъморӣ низ тӯли солҳои охир дигаргуниҳои чашмрас ба амал омаданд. Симои шаҳраку деҳотҷои ноҳия сол то сол ободтару зеботар мегардад. Сохтмони мактабу синфхонаҳо, бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва иншооти хизматрасонию ободонӣ, ки солҳои охир ба истифода дода шудаанд, ба ҳусни ноҳия ҳусн зам намуда, симои онро ба куллӣ тағйир додаанд.  Соҳаҳои  тандурустӣ ва фарҳангу ҳунари ноҳия низ рӯ ба рушданд.

Бо шукронаи зиёд бояд изҳор намоем, ки ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои ҳаётамон бевосита аз файзи Истиқлолияти давлатии Ватани  азизамон сарчашма мегирад.

Ҳамдиёрони азиз!

Бори дигар  тамоми сокинони ноҳияро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, ба ҳар як сокини ноҳия саломатӣ, барору комёбиҳо ва ба ҳар хонадони мардуми ноҳия ободиву осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Зинда бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Иди Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!

ХАБАРИ МАЉЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛЌИ НОЊИЯ

Рўзи 3 июл дар толори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия иљлосияи 11-уми Маљлиси вакилони халќи ноњия, даъвати панљум баргузор шуд. Дар кори иљлосия аз шумораи 40 нафар вакилон 38 нафар ширкат намуданд. Њамчунин дар  кори иљлосия кормандони дастгоњи раис, роњбарони  сохторњои воњидии маќомоти  иљроияи њокимияти давлатї, раисони љамоатњои шањраку дењот, роњбарони  сохторњои  њифзи њуќуќ ва тартиботи љамъиятї, ташкилоту муассисањо, хољагињо, њизбњои сиёсї ва намояндагони воситањои ахбори омма,  ходимони дин  иштирок доштанд.

Иљлосияро раиси ноњия Раљабзода Миралї раисї намуд.

Бо пешнињоди Низомиддини Шамсиён вакил аз њавзаи  интихоботии №23,   вакилон    М. Љалилов, аз њавзаи интихоботии  №24, А. Саидов, аз њавзаи интихоботии №32 ва  З.Зарифова, аз њавзаи интихоботии №10 котибони  иљлосия интихоб гардиданд.

Иљлосияи ёздањум масъалањои зеринро мавриди баррасии вакилон ќарор дод:

Дар бораи рафти иљрои Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2015, №793 дар бораи  рафти иљрои «Барномаи давлатии  боѓу токпарварї барои солњои 2016-2020», дар бораи рафти  иљрои буљети мањаллии ноњия дар нимсолаи  якуми соли 2017,  њисоботи комиссияи  доимии  Маљлиси вакилони  халќи ноњия оид ба маориф, фарњанг, кор бо љавонон, занон ва оила, дар бораи   номгузории   кўчаи Навбунёди Љамоати шањраки Файзобод ба номи Ќурбон Назир ва муассисаи тањсилоти миёнаи  умумии раќами 22 ба номи  Наљмиддинов Мирзо, дар бораи  пешнињоди комиссияњои манзилї ва хусусигардонии назди  маќомоти иљроияи  мањаллии њокимияти давлатї  дар бораи ќатъи  шартномањои  шањрвандон –ѓолибони музоядаи хусусигардонии хонањои  истиќоматии бинои 12-њуљрадор, воќеъ  дар кўчаи  Гулистони  шањраки Файзобод, тасдиќи амр ва ќарорњои  раиси  ноњия.  

 Аз рўи масъалаи якуми  иљлосия раиси комиссия оид ба рушди соњаи кишоварзї ва њифзи муњити зист, Э. Насриддинов гузориши муфассал дод.

 Аз рўи масъалаи дуюми рўзномаи иљлосия сардори раёсати молияи ноњия Иноятулло Раљабов     баромад намуд.

Аз рўи  масъалаи сеюми  рўзномаи иљлосия  раиси комиссияи  доимии Маљлиси вакилони халќи  ноњия оид ба маориф, фарњанг, кор бо љавонон, занон ва оила О. Табарова гузориш дод.

Аз рўи масъалањои дар боло баррасишуда вакилон аз њавзаи интихоботии №25 Назаров Амриддин ва Ѓиёсова  Саломат аз њавзаи интихоботии  № 40 ба музокира баромаданд.

 Аз рўи масъалаи чорум, раиси комиссияи номгузории  назди маќомоти иљроияи  њокимияти давлатии  ноњия, муовини раиси ноњия Н. Раљабова баромад кард. Сипас вакилон  дар бораи   номгузории   кўчаи Навбунёди Љамоати шањраки Файзобод ба номи Ќурбон Назир ва муассисаи тањсилоти миёнаи  умумии раќами 22 ба номи  Наљмиддинов Мирзоро якдилона дастгирї карданд.

Њамчунин вакилон пешнињоди комиссияњои манзилї ва хусусигардонии назди  маќомоти иљроияи  мањаллии њокимияти давлатї  дар бораи ќатъи  шартномањои  шањрвандон –ѓолибони музоядаи хусусигардонии хонањои  истиќоматии бинои 12-њуљрадор, воќеъ  дар кўчаи  Гулистони  шањраки Файзободро љонибдорї намуданд.

Вакилон  амру ќарорњои раиси ноњияро баъди гузориши  роњбари  дастгоњи раиси ноњия Ш. Восеев аз рўи масъалаи навбатї тасдиќ карданд.

Њамаи масъалањои  баррасишуда  аз љониби вакилон пурра дастгирї ёфта, вобаста ба њар кадом ќарорњои дахлдор ќабул гардид.

Раиси ноњия Раљабзода М. дар анљоми иљлосия бањри ислоњи камбудињои дар рафти муњокимаи масъалањо  баёнгардида дастурњо дода,  боварї намуд, ки вакилони халќ бањри пешрафти њамаи соњањои  иќтисодиву иљтимоии ноњия донишу мањорати  хешро дареѓ намедоранд. 

 Иљлосияи ёздањуми Маљлиси вакилони  халќи ноњия бо пахши Суруди Миллї оѓоз ва анљом ёфт.

«НФ».

СУҲБАТ ОИД БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Рӯзи 17 феврал дар толори филармонияи халқии ноҳия атрофи Паёми ба Маҷлиси Олии кишвар рӯзи 20 январи соли равон ироа гардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакт Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, вохӯрии судманд доир гурдид.

Подробнее...

САРВАРИ ҒАЙРАТМАНД

Чанде пештар, вақте ки масъалаи ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон додани унвони Пешвои миллат ба миён омада буд, хурсандиамро ба хабарнигори ҳафтаномаи «Набзи Файзобод» изҳор карда будам. Суханони дар ҳаққи Саравари давлат гуфтаи ман дар газета чоп шуд, ки аз ин хурсанд шудам.

Подробнее...

СОЛИ 2016 МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР МЕТАЛАБАД

Дар маҷлиси васеи назди раиси ноҳия, ки рӯзи 11 январи соли равон бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, соҳибкорон ва фаъолони ноҳия доир гардид, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2015 мавриди муҳокима қарор гирифт. Назди ҳозирин аз дастоварду камбудиҳои дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавҷуд буда муовини аввали раиси ноҳия Акрамзода З.А. ва муовинони раиси ноҳия Сафаров Р.М. ва Раҷабзода С.Б. ҳисобот доданд (Маърӯзаҳо дар ҳамин шумора дар шакли мухтасар чоп гардидааст).

Подробнее...

БЕЭЪТИБОР

Шаҳодатномаи гумшудаи силсилаи 348858, ки рӯзи 19. 03. 2014, ТҶММ ноҳия, ба Нуров Идибег Абдуллоевич дода буд, беэътибор дониста шавад.

БА ЯККАБЕД ОБ ОМАД

Чи тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо супориши Президенти мамлакат     барои сокинони  деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳробод аз мавзеи Дараи токо, ки зиёда  аз 8 киллометр масофа дорад, сохтмони  хати нави оби нушокӣ  оғоз ёфта буд.

Подробнее...