САҲИФАИ АСОСӢ
БА ЯККАБЕД ОБ ОМАД
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 12.05.2015 09:34
- Просмотров: 12716
Чи тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо супориши Президенти мамлакат барои сокинони деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳробод аз мавзеи Дараи токо, ки зиёда аз 8 киллометр масофа дорад, сохтмони хати нави оби нушокӣ оғоз ёфта буд. Инак тавассути меҳнати шабонарӯзии хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва сокинони ноҳия, рӯзи 6 май хати нави оби нўшокӣ ба деҳа расид. Дар сохтмони он як миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати мамлакат сарф гардидааст. Сокинони деҳа аз ин ғамхориву дастгирии Президенти мамлакат миннатдоранд.
«НФ».