Пт01192018

Last updateПн, 08 Янв 2018 10am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

ФАЙЗОБОД ОБОДУ ЗЕБО МЕГАРДАД

  Файзободи азизи мо бо шарофати  Истиқлолияту сулҳу ваҳдати миллӣ рӯз аз рӯз ободтару зеботар мегардад. Кӯчаву гулгаштҳои маркази ноҳия ҳусни тоза гирифта, шабона пурра чароғон   гаштааст. Хонаҳои баландошёнаву муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳо таъмиру тармим шуда, дилкашу зебо ба чашм мерасанд.

Муфассал...

ИФТИХОР АЗ САРВАРИ ДАВЛАТ

Як фарди тоҷикистониам ва имрӯз аз он меболам, ки дар чунин давлати зебову дунявӣ   зиндагӣ мекунам.   Боиси ифтихор аст, ки Сарвари далатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар қатори дигар соҳаҳо ба соҳаи   маориф пайваста таваҷҷуҳ менамояд. Ҳамасола бунёди даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорон  далели ин гуфтаҳост. Мо омӯзгорон ҷавобан ба ин  ғамхориҳои сарвари давлат пайваста мекӯшем, ки  барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон заҳмату кӯшишҳои зиёде ба харҷ диҳем. Боиси қаноатмандии мо омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 29 аст, ки соли хониши нав  ду синфхонаи иловагӣ  дар назди муассиса бо ҳамаи шароит бунёд шуд. Акнун бо беҳ шудани шароитҳо мо ба он мекӯшем, ки раванди таълиму тарбияро беҳ намоем.

Гулдаста НАЗАРОВА, директори муассисаи рақами 29. 

ЯК РӮЗИ ОБОДКОРӢ

Имрӯзҳо дар миқёси ноҳия ба ифтихори ҷашни  Истиқлолияти давлатии кишварамон иншооти гуногун бунёд шудаву мавриди истифода қарор гирифта истодааст. Ҳамаи ин  дигаргуниҳо ва ободиву гулкардану шукуфтанҳо мардуми диёри моро  аз файзу самари  даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз насиб гаштааст, ки имрӯзҳо 25-умин солгарди онро таҷлил менамоем. Мо кормандони нашрия тасмим гирифтем, ки рӯзи истироҳат аз рафти корҳои ободонӣ  дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, ки айни ҳол бо ҷӯшу хурӯш идома дорад, ошноӣ пайдо намоем. Роҳбарии Ҷамоати мазурро давоми як моҳ мешавад, ки Ҷаҳонбек Боев ба уҳда дорад. Ӯ бо ғайрати ҷавонӣ мекӯшад, ки қаламрави ҷамоат ҳамарӯза дигаргуниҳо ба чашм расад.

Муфассал...

ИНШООТИ ИДОНАИ СОКИНОНИ ФАЙЗОБОД

Тоҷикистони азизи мо дар арафаи ҷашнгирии 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Дар назди  таърих чоряк аср ин чандон муҳлати тӯлонӣ  нест. Аммо дастовардҳои бузурги таърихӣ тайи ин муддат мардуми моро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардида,  баробар ба  чандин даҳсолаҳост.

Муфассал...

БА ФАЙЗОБОД ... ГУЛЧИНӢ

(Қайдҳо аз баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони диёр дар Муассисаи давлатии боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе)

Муфассал...

Подкатегории