Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

НАВРӮЗ ҶАШНИ РАФОҚАТ АСТ

Мувофиқи сарчашмаҳо Наврӯз таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад. Наврӯз дар замони давлатдории Ҳахоманишиҳо ҳамчун ид мақоми хоса пайдо намуда, асрҳои баъдӣ бошукӯҳ таҷлил карда мешуд. Каюмарс, ки гӯё нахустин подшоҳ аст ва Ҳушанг, ки подшоҳи Пешдодиён мебошад, дар ҳамин рӯз таваллуд ёфтаанд. Зардушт дар ин рӯз аз ҷониби Аҳурамаздо ба пайғамбарӣ баргузида шудааст.

Наврӯз ҷашни табиат, рӯзи аввали баҳор аст. Ба сарзамини зеботарин – Тоҷикистони офтобӣ – имсол Наврӯз бо қадами хайру баракат ворид гардид.

Мо шукрона мекунем, ки имрӯз дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон – Наврӯзро таҷлил менамоем.

Басо рамзист, ки дар арафаи Наврӯзи тоҷикон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон омад. Ташрифи ӯ пояҳои сулҳу салоҳ, дӯстиву бародарӣ, хешу табории таърихии ду халқ, тоҷикону ӯзбеконро мустаҳкамтар мегардонад.

Сокинони деҳаи Сомониён дар арафаи Наврӯз ҷӯйбору кӯчаҳоро тоза карданд. Раиси маҳалла Зоиров Фидо тасмим гирифт, ки то ҷашни Наврӯз ниҳолшинониро дар талу теппаҳои қад-қади роҳ, аз Меҳробод сар карда то Сомониён, ба анҷом расонад. Мардум ин тасмими раиси маҳалларо хуш қабул карданд. Дар кори ободсозӣ сокинони деҳа Саъдулло Саидов, Сайдалӣ Солеҳов, Нуриддин Шамсиддинов, Абдукарим Тиллоев, Мустафо Собиров, Назар Саъдуллоев ҳиссаи муносиб мегузоранд.

НАВРӮЗИ КЕНҶАИ ДӮСТМУРОД

Наврӯз писари кенҷаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон худобиомурз Дӯстмурод Алиев аст. Падар ба фарзанди калонӣ Ҷаҳон ва додари ӯ Парвиз ном гузошт. Дӯстмурод аз Ҳанифабонуи ҳамболинаш ҳашт фарзанд дорад, ки панҷтоаш духтаранд.

Номи Наврӯз ба олами ҳастӣ бо худи ӯ пайдо шуд. Тифл дар фасли баҳор, дар остонаи Наврӯзи хуҷаста аз олами марҳам ба олами Одам омад. Ин рӯз 18 марти соли 1988 буд. Кабкрез, зодгоҳи Дӯстмуроду Наврӯзи кенҷааш, чун тамоми деҳоти Файзобод хушҳол аз обу ҳавои чамани баҳор ба иди Наврӯз тайёрӣ медиданд.

Дӯстмурод ба он хотир ба навзод Наврӯз ном ниҳод, ки рӯзгораш чун баҳорон пурфайзу фаровон бошад. Ва, албатта, кадом гӯшаи қалби ҳофиз талқин кард, ки Наврӯзро тарбияти сарояндагӣ диҳад. Магар марг мемонад, ки инсонҳои хушдил ба ҳамаи орзую ниятҳояшон ҷомаи амал пӯшонанд? Наврӯз расо яксола шуд, ки марг падари азизашро хафагир кард. Дӯстмуроди номдор, ҳофизи пурмухлиси Тоҷикистон, ба чилсолагӣ ҳам нарасид. Ва Наврӯз бе меҳрубонии падар ба воя расид.

Наврӯз санъаткориро пеша гирифту ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов даромад. Пас аз хатми донишкада ба театри халқии Файзобод омад, ба он ҷое, ки Дӯстмуроди падараш пас аз хатми донишкадаи санъати кишвар то лаҳзаҳои вопасини умри хеш инҷо кор мекард. Садои ӯ аз ҳамин ҷо ба тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он паҳн шуд, ҳазорону садҳазорон мухлис пайдо намуд.

Дар яке аз сафарҳои кории Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Файзобод шарафи сарояндагӣ дар назди меҳмони олиқадр ба Наврӯз муяссар гардид. Ӯ яке аз сурудҳои падарро иҷро кард, ки ба Сарвари кишвар писанд омад. Ва аз рӯи ихлосу эътирофи садои Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев ба раиси ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов супориш дод, ки Наврӯзро дар ансамбли «Дарё» ба кор бигирад.

Чанд сол мешавад, ки сурудҳои Наврӯз аз тариқи ин ансамбли овозадор дар тамоми Тоҷикистон ва берун аз он садо медиҳад. Табиист, ки такрор ҳеҷ гоҳ ба ибтидояш монанд намешавад. Барои Наврӯз заҳмати шабонарӯзӣ даркор, ки падарро пайравӣ карда тавонаду чун ӯ пурмухлис бошад.

Ба ҳамин ният, ба фарзанди Дӯстмурод барори кор таманно дорем.

ҚАҲРАМОНИИ ШУМО НИШОНИ МАРДОНАГИСТ

15 феврал аз хуруҷи Артиши Шӯравӣ
аз Афғонистон 29 сол пур шуд

Ин шабу рӯз аз хуруҷи Артиши  Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон расо 29 сол сипари гашт. Ҳамасола 15 феврал дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи мо ҷиҳати ёдоварӣ аз корнамоиҳои ҷанговарони интернатсионалист чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шуда, дар муассисаҳои таълимии ноҳия перомуни ватандӯстиву худшиносии миллӣ дарсҳои кушод доир мегардад.

Ба  ҷанги Афғонистон аз Тоҷикистон 15 ҳазор нафар сарбозу афсарон сафарбар шуда, 336 нафари онҳо ҳалок, 5 тан бедарак ва беш аз 1100 тан маҷрӯҳу маъюб шуданд. Панҷ нафар аз тоҷикистониёни дар ин ҷанг иштироккарда ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шарафёб гардиданд. Мутобиқи омор ин набард 112 нафар ҷавонмардони ноҳияи моро фаро гирифта, айни ҳол 95 нафари онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият доранд.

Чун дар арафаи ин санаи фархунда қарор дорем, месазад, ки аз далериву  ҷасурӣ ва шуҷоату  мардонагии эшон ҳарф занем. Ба дурустӣ, ки эшон ба ҷавонони имрӯзу оянда дар самти хештаншиносиву меҳанпарастӣ намунаи ибратанд. Кору пайкори онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан намунаи олии мардонагист. Албатта, ҳамин ғайрату шуҷоат ва қавииродагиашон дар роҳи суботу оромии меҳан буд, ки аз ҷониби роҳбарияти олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо мукофотҳо сарфароз гардидаанд. Далелаш ин ки аз шумораи 112 нафар ҳамдиёри мо 4 нафар ордени “Ситораи сурх” ва боқӣ ҳама медалҳои ҷангӣ ва дигар мукофотҳои давлатӣ гирифтанд.

Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тавассути сиёсати башардӯстонаву оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба зиндагиномаву корнамоиҳои фарзандони асилу қаҳрамони миллат ба як самти муҳими фаъолият табдил ёфтааст.

Мо ифтихор аз он дорем, ки аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон ҳамчун фарзандони асили Ватан ба хотири пойдории сулҳу оромӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи кишвари ҳамсоя далерона ҷангида, имрӯз бошад бо таҷрибаи ибратомӯзи худ дар ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳм мегузоранд.

Таърихи ҷанги Афғонистон бори дигар собит намуд, ки бузургтарин неъмати рўи замин Сулҳ аст ва мо бояд ба қадри Сулҳ ва оромию осудагии Ватан бирасем ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

НАҚШАҲОИ КАЛОНИ САРВАРИ ҶАВОН

Чӣ тавре огоҳем, соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон шуда буд. Ин иқдоми воқеан муҳиму саривақтӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон далолат мекунад. Имрӯзҳо ҷавонон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, исбот мекунанд, ки аз уҳдаи кор бомуваффақият баромада метавонанд. Зеро айёми ҷавонӣ марҳилаи ҷустуҷӯҳост, марҳилаест, ки инсон мехоҳад мавқеи худро дарёбад, зӯру тавони худро истифода кунад ва истиқлоли андешаву ҷоҳу ҷалол дошта бошад. Ва зиёд хушоянд ҳам ҳаст, ки сафи чунин ҷавонони ҷӯёву пӯё дар ҷомеаи имрӯзаи мо рӯз аз рӯз бештару бештар мегардад.

Ин ҷо мо дар бораи шахсияте сухан мекунем, ки ҷавон аст, роҳбари ҷӯяндаву эҷодкор ва навовару серталаб. Қаҳрамони  навиштаи поёнӣ Кароматулло Соҳибназаров аст, ки беш аз як сол боз вазифаи мудирии шуъбаи фарҳанги ноҳияро бар уҳда дорад. Ва тайи ин муддати начандон тӯлонӣ, аллакай бо маданияти баланди муошират, фазилату маърифати зиёд ва дигар хислатҳои наҷиби инсониаш дар дили ҳамкорон ҷой гирифтааст. Фаъолияти пуркорию ҷӯяндагии ин ҷавони роҳбар дар он ҳам зоҳир мегардад, ки кормандони бахши фарҳанги ноҳия имрӯз бо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар гузаронидани чорабиниҳои зиёд ва гуногуни сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ саҳми босазо дошта бошанд.

Ба хотир овардани баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ, аз қабили Соли нав, Артиши миллӣ, Наврӯз, Рӯзи оила, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Ҷашни Истиқлолият, Конститутсияи Тоҷикистон, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчам, ҳамчунин дар соли 2017 дар толори Филармонияи халқӣ ташкилу гузаронидани мизҳои мудаввар таҳти унвони «Вохӯрии ду насл », «Шарори Ваҳдат», иштироки санъаткорон дар Фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем», мақомхонон «Ганҷҳои ҳунар», «Бӯстон-2017», бахши дуюми ҳамин озмун,  «Китоб ва мусиқӣ», «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ», озмуни фарҳангӣ-маърифатӣ «Беҳтарин оилаи ҷавон» ва ғайра собит месозад, ки дар тамоми паҳлуҳои фарҳангии ҳаёти ноҳия нақши бахши фарҳанг басо назаррас аст.

Самти дигари кор бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Кароматулло Соҳибназаров ин тарбият ва мададу дастгирии ҳаматарафа дар рушд ва пешравии ҷавонон, бахусус истеъдодҳои нав мебошад. Ин аст, ки шогирдони ин даргоҳи фарҳангӣ қариб дар ҳама омӯзишгоҳҳову коллеҷ ва донишгоҳу донишкадаҳои олӣ таҳсил доранд.

Ҳамзамон дар кори расонидани кӯмакҳои амалию методӣ аз ҷониби мушовирони бахши фарҳанг ба муассисаҳои фарҳангӣ, осорхона, филармонияи халқӣ, китобхонаҳои ҷамоатҳои деҳот, бо таҷҳизот ва технологияи нав таъмин намудани муассисаҳои фарҳангӣ амали доимӣ ва ҳамарӯзаи бахши фарҳанг аст.

Дар пешорӯи бахши фарҳанги ноҳия нақша ва вазифаҳои зиёде истодааст, ки баҳри амалӣ сохтан ва анҷоми онҳо беш аз ҳарвақта ҷаҳду талош намудан лозим меояд.

Бо таҷҳизоту асбобҳои мусиқӣ таъмин намудани ҳамаи панҷ муассисаи фарҳангии ҷамоатҳои деҳот, аз таъмири пурра баровардани хонаи фарҳанги навтаъсиси деҳаи Лолагӣ, бо китобу адабиётҳои зарурӣ таъмин намудани ҳамаи 18 адад китобхонаи ноҳия, сохтани биноҳои нави китобхона дар деҳаҳои Сино, Сарой, Фатҳобод дар назар аст. Ҳамчунин ташкилу гузаронидани ҷашну чорабиниҳои зиёди сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин омодагӣ барои дар дараҷаи баланд гузаронидани чорабинии умумиҷумҳуриявии «Андалеб-2018», ки дар ду давр баргузор мегардад, рафта истодааст.

Хулоса, инсонҳои бо маънии том асил бо шинохту эҳсоси масъулияти бузург тамоми зиндагиву фаъолияти хешро баҳри инсоният, кишвар ва ҷомеа мебахшанд. Ин гуна бахшиш, ки басе муборак аст, онҳоро зиндагии дигар ва шукӯҳу шаҳомат тақдим менамояд. Бошад, ки чун Кароматулло Соҳибназаров сафи ҷавонони уҳдабаро, навовар, эҷодкор ва роҳбару содиқ ба вазифаи худ дар диёру ноҳияи мо зиёд шавад.

НАҚШИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ДАР ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Cанъати амалии халқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хоса дошта, як падидаи муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Бо вуҷуди он ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳуриамон ҳунармандони зиёди мардумӣ машғули эҷод ҳастанд, инкишофу пешрафти ин ҳоло дар сатҳи зарурӣ нест. Чаро ки дар роҳи инкишофи ҳаматарафаи ҳунарҳои мардумӣ ва санъати дастӣ муаммоҳову мушкилотҳои зиёду гуногун вуҷуд доранд. Ҳатто қисмате аз он дар ҳоли  аз байн рафтан аст. Пас, ҳоло зарурати аз ҳарвақта дида бештари ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди ин намуди ҳунар ва санъат ба миён омадааст. Пеш аз ҳама, ҳунару санъати амалии халқӣ бо дастгирии ҳаматарафа ниёз дорад.

Дар доираи татбиқи иқдоми Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби омӯзиш ва тайёр намудани ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намудаанд. Дар ин мактабҳо аз рӯйи усули анъанавии миллии «устод-шогирд» шогирдон тарбия меёбанд. Гузашта аз ин Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон соли 2018-ро дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ» эълон намуданд, ки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишварамонро дар роҳи эҳё, нигоҳдошт ва рушди босуръати ин паҳлӯи муҳими ҳаёти мамлакатамон ба чандин маротиб  меафзояд.

Ҳунарҳои мардумӣ, бахусус ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва комилтарин навъи санъат аст, ки ҳамеша ба ҳаёти инсонҳо алоқамандӣ дорад.   Ба ин хотир аст, ки дастгирӣ аз ҳунармандони мардумӣ, ки эҷодкори зебоӣ ҳастанд, нишони олиҳиммматӣ мебошад.

Хушбахтона, дар ноҳияи мо навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ дар мисоли наққошию кандакорӣ, чӯбтарошиву кулолгарӣ, зардӯзию қуроқдӯзӣ, кашидадӯзию попурдӯзӣ ва қолинбофӣ бо шарофати мардони шарифе монанди Усто Солеҳу Усто Саъдулло Зоҳиров, Ҳоҷӣ Бобишо, Муҳаммадсидиқу Мирзоумар ва дигарон мавҷуданду ривоҷ доранд.

Бешубҳа дар кори пешрафту ривоҷ ва рушди ин навъу намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Бахши агентии шуғли аҳолӣ ва меҳнат, Маркази касбомӯзии калонсолони ноҳия зиёд аст. Зеро эҳё ва рушду пешрафт марбут мешавад ба ҳамин мақомоту бахшҳои номбурда. Чуноне ки аз суҳбат бо намояндагони бахшҳои зикргардида маълум гардид, мувофиқи нақша зиёда аз 72 навъи ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия бояд амалӣ карда шаванд. Бештари онҳо тавассути мусоидати ҳамин бахшҳо амалӣ мегарданд. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар соли 2018 барномаи «Волиб» бояд амалӣ гардад, ки он сафи омӯзандагонро дар курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати таълимии ин бахшҳо зиёд менамояд.

Усули дигари тайёр намудан ва бо ин роҳ нигоҳ доштани ҳунарҳои мардумӣ ин усули «устод-шогирд» мебошад, ки таърихи густурдаю қадима дошта, хусусан дар байни мардуми шарқ маъруф аст. Ин усули эҳёву нигоҳдошти ҳунарҳои мардумиро мо дар мисли оилаи шодравон Усто Солеҳбег Зоҳиров мебинем. Се нафар фарзанди ин устои номдор имрӯз меросбари касби падаранд. Коса, табақ, гаҳвора,сутун маснуоти армуғонии тайёркардаи онҳо дар чандин намоишгоҳҳову озмунҳо  сазовори мукофотҳои аввал гаштаанд. Ба ҳамин монанд ҳунарманди номдори маснуоти армуғонӣ Ҳоҷӣ Бобишо низ дар дохилу хориҷи ноҳия ва кишвар сазовори баҳои баланд гаштааст.

Хулоса, инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ бо  инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат менамояд.

Подкатегории