Ср12122018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

РӮЗЕ, КИ 42 СОЛ ИНТИЗОРАШ БУДЕМ

26 сентябри соли 1976 бамани мухбири суратгири рӯзномаи   «Меҳнати коммунистӣ» ( имрӯза «Набзи Файзобод») муяссар гардид, ки  дар маросими оғози корҳои сохтмони Роғун,  калонтарин   неругоҳ дар Осиёи Миёна, ширкат намоям. 

Дар Дашти Ҷӯшон роҳбарони  ҳизбиву фаъолони ноҳияи Файзобод (он вақт шаҳраки Обигарм ба ҳудуди ноҳияи Файзобод дохил буд) омадани меҳмононро   интизорӣ доштанд. Бо фуруд омадани  чархбол  ба замин  вазири энергетикаи СССР  Непорожний П.С. ва дигар  шахсони расмии Маскаву Душанбе ба ҷамъомади бошукӯҳи оғози корҳои сохтмонӣ ҳозир шуданд. Шаҳраки Обигарм, ки бо чашмаҳои шифобахшу  осоишгоҳаш машҳур буд, макони иқомати коргарони   нерӯгоҳ гашт. Дар ҷои  Дашти Ҷӯшон бунёди неругоҳи  Роғун  шурӯъ шуд.

Тайи даҳ соли дар ҳайати  Файзобод будани  шаҳри Роғун ( моҳи январи соли 1987 Роғун  алоҳида шуд) қариб ҳар ҳафта мо,  хабарнигорони газета,  ба Роғун мерафтем.  Ман бунёдкорони пешсафи  ин кохи нурро барои газетаҳои  ноҳияву рӯзномаҳои  марказӣ аксбардорӣ менамудам. Дар ин муддат дар 1572  шумораи  «Меҳнати коммунистӣ» аксҳои гирифтаам аз  рафти сохтмони  неругоҳ ва  бунёди дигар инфрасохтори шаҳр   бо гузоришҳо    чоп мешуданд, ба  ҳисоби дигар, тайи даҳ сол беш аз шаш ҳазор аксҳои бардоштаам инъикосгари  фаъолияти бунёдкорони Роғун буд. Яъне мо, рӯзноманигорони маҳаллӣ,  шоҳиди бевоситаи  сохтмони шаҳри Роғун дар миёни куҳҳои осмонбӯс ва   ин нерӯгоҳи азим гардида будем. Бо гузашти солҳо то ҳанӯз номи садҳо  қаҳрамонони давр, пешқадамону  диловарони  арсаи  меҳнат, ки маҳз тавассути меҳнати  ҳалолашон  ном бароварда буданд,  дар калобаи хайёлам чарх мезаданд. Норхон Қосимов ва Нарзулло Гадоев аз корхонаи сангмайдакунӣ, Мирзоалӣ Абдуллоеви таркишгар, Лайс Абдураҳмонови сарвари бригадаи  сохтмончиён, Виктор Меншикови сардори бригадаи шахбароён, Элла Христиановнаи пардозгар, Александр Устинови сарвари дастаи булдозерчиҳо, ки Бинокори  хизматнишондодаи  Тоҷикистон буд, сарвари бригадаи бетонрезҳо марди фидокор Камол Ҳамсариев,  Умар Юсупови  кранчӣ, Ҷаъфар  Сафарови  сарвари  бригадаи  мошинҳои вазнинбор,Александ Шишикови бригадири монтажчиҳо, Евгений Герасимови сардори бригадаи нақбканҳо, Василий  Бочкарёви сарвари бригадаи  кафшергарон,бригадири сохтмончиҳо  Абдулхайр  Ташрифов ва даҳҳои дигар бо таҷрибаю малакаи   корбарии хуби худ  корҳои сохтмонии неругоҳро  равнақ медоданд. Фаъолияти  ҳамин зайл қаҳрамонони арсаи меҳнатро, ки ҳар кадомашон сазовори  мукофотҳои олии кишвар шуда буданд,  барои саҳифаҳои нашрияи маҳаливу марказӣ аксбардорӣ мекардам.

Ҳамагон орзуи онро мекардем, ки   ҳарчи тезтар   чархаҳои неругоҳ   ба гардиш ояду    барқ тавлид  шавад. Охири солҳои ҳаштодум, шояд ҳавасмандии  Маскав ҳам  барои идомаи  ин неругоҳи азим  кам шуд, ки маблағгузорӣ барои ояндаи он коҳиш ёфт. Кӯчбандии бисёр мутахассисон  аз ин сохтмон ёғоз шуд. Аввали солҳои навадум бошад, воқеаҳои  дохили кишвар  рафти сохтмонро қатъ гардонду бисёр  мошину дороии он ба боди фано рафт.  Офати табии баҳори соли 1993 сарбандро шуставу ба тунелҳо хисороти зиёд овард.   Умеди ҳамагон аз идомаи сохтмони ин неругоҳи азим канда шуд. Пӯшида набуд, ки сокинони шаҳри Роғун ҳам барои дарёфти рӯзӣ  тарки  хонаву дар мекарданд.

Баъди чанд сол, аниқтараш 29 майи соли 2002,   ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун  бо  мақсади шиносоӣбавазъииҷтимоиюиқтисодӣваҷамъиятиюсиёсиишаҳрва шиносоӣбоҷараёникорҳоианҷомёфтаба дилҳо умед бахшид.

Ташрифи баъдии Президенти ҶумҳурииТоҷикистонЭмомалӣРаҳмонбомақсадииштирокдармаросимиоғози расмии корҳоисохтмонӣдарнеругоҳибарқииобӣбашаҳриРоғун, ки 26 сентябри соли 2005   ба вуқӯъ омад  ва суханронии ӯ дар ин вохӯрӣ марҳилаи нави корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ гардид.

Ва инак, бо вуҷуди душвориҳои пешомада, кӯшишҳои Сарвари давлатамон самар овард. Рӯзеро, ки 42 сол ҷамъи тоҷикистониён орзу мекарданд,   фаро расид. Ин рӯзи наку ба ҳамаи  ҳамватанон пирӯз бод!

Тилло СОҲИБНАЗАР, Аълочии матбуот,

фарҳанг ва маорифи Тоҷикстон.