Пн09242018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

ТАҲСИН БА “ОФАРИН-5050”

Даҳсолаи охири даврони истиқлолият дар саросари кишвар аз ҷумла дар ноҳияи мо ҳам, коргоҳҳои истеҳсолӣ рӯйи кор омаданд. Маркази хизматӣ-маишии ҶДДМ “Хизмат” (КБО)-и пешинро бисёриҳо медонанд. Он дар ноҳия ягона коргоҳест, ки пас аз пош хӯрдани иттиҳоди шӯравӣ ва хусусӣ гардиданаш дар самти худ фаъолият дорад. Ба наздикӣ соҳибкор Мирзоалӣ Алиев, роҳбари коргоҳи мазкур, бо саҳмгузории Абдузоир Боронов дар назди “Хизмат” дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ сехи коркарди қоғази ташнобро ба роҳ монд. Сехи мазкур дар як шабонарӯз тавони коркарди 300 кг қоғазпораро дорад.

Маҳсулоти тайёри ин коргоҳ бо тамғаи “Офарин-5050” дар дӯкону мағозаҳои ҳудуди ноҳия ба фурӯш бароварда шудааст. Нархи маҳсулот нисбат ба дигар корхонаҳои ватанӣ арзон аст. Сифати хуби “Офарин-5050” аст, ки ҳамагӣ дар чанд рӯзи фаъолияташ муштариёни худро пайдо кардааст. Тавре аз соҳибкор шунидем, маҳсулоти “Офарин-5050” дар дигар шаҳру навоҳии кишвар харидор дорад.

-Маҳсулотро дар ҳудуди ноҳия худамон тақсим мекунем. Лекин ба шаҳри Ваҳдату баъзе шаҳру навоҳии вилояти Суғд шартнома дорем, -гуфт М. Алиев. - Барои ҳамин як моҳи кориро се тақсим карда, 10-рӯзӣ ба ҳар кадоме маҳсулот мефиристем. Яъне 10 рӯз барои дукону мағозаҳои ҳудуди ноҳия ва ҳамин зайл барои шаҳри Ваҳдату вилояти Суғд.   Имрӯз дар ин коргоҳ ду нафар бо кори домимӣ ва маоши хуб таъминанд. Соҳибкор ният дорад, ки фаъолияти истеҳсолиашро васеъ намуда, теъдоди кормандонашро ба 10 нафар расонад. Боварии комил дорем, ки муваффақ хоҳад шуд.

Ниятҳои соҳибкор доманадоранд. Ӯ мехоҳад теъдоди коргоҳҳои хурди истеҳсолиашро дар ноҳия зиёд намояд. Алакай ду сехи нав, яке барои тайёр намудани ҷуворидон (кукуруз) ва дувумӣ барои бастабандӣ намудани офтобпараст харидорӣ шудааст. Ва то охири соли ҷорӣ, Худо хоҳад, ба фаъолият шуруъ мекунад. Ба соҳибкор Мирзоалӣ Алиев ва ҳаммаслаконаш офарин гуфтан меарзад, зеро бо зиёд гардидани теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ ҳам нархи маҳсулот дар бозори истеъмолӣ арзон мегардаду ҳам вазъи зиндагии мардум беҳтар. Аз сӯйи дигар ба роҳ мондани истеҳсолоти васеъ туҳфаи арзандаест ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар .

Р. СОБИР, “НФ”.