Пн05282018

Last updateЧт, 24 Май 2018 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

БУЛБУЛИ БОҒИ АНДАЛЕБОН

ХОТИРАҲОИ ГУРЕЗ НОЗИМОВ, ДӮСТ, БАРОДАР ВА МУХЛИСИ АШАДдИИ ШОДРАВОН ДӮСТМУРОД АЛИЕВ

 

Аз рафтани Ҳофизи халқии Тоҷикистон, булбули хушовози дунёи сарояндагӣ Дӯстмурод Алиев 28 сол рафт. Вале садои ӯ аз гӯшҳои мухлисонаш нарафтааст. Ва, аминем, ки то зиндагӣ барҷост, ин садо хатти ҳаракати қатъ надорад. Ӯ дар тӯли камтар аз ду даҳсолаи фаъолияти эҷодӣ соҳибмактаб гардид. Раҷабмурод Алиев, Қурбон Одинаев, Бекмурод Гулмуродов, Ҳасан Шарифов, Наврӯзи Дӯстмурод, Пирхон Файзуллоев (аз Кӯшониён), Амриддин Кабирӣ (Бохтар), Сироҷиддин Киромзода (Душанбе), Маҳкам Мӯсоев (Колхозобод), Мирзо Сафар (Норак) аз пайравони мактаби Дӯстмурод буда, бо номи ӯ фахр мекунанд. Пиру барно, онҳое, ки қадршиноси садои хушу лаҳни ширинанд, аз сурудҳои Дӯстмурод кайфият мебинанду ҳаловат мебаранд. Як тан аз ин қадрдонҳо раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи кишоварзӣ Гурез Нозимов мебошад. Ӯ аз Дӯстмурод ёдҳои шуниданию хонданӣ дорад, ки чанде онҳоро рӯи саҳфа мекашем.    

 

БУЛБУЛОН БА Ӯ ҲАМОВОЗ ШУДАНД

Дар Тоҷикистон азназаргузаронии ҷумҳуриявии эҷодиёти бадеии халқ – «Бӯстон - 2» мерафт. Чанд нафар мутахассисони соҳа аз пойтахт барои ошноӣ ба омодагии ҳаваскорони санъати Файзобод инҷо омада буданд. Дӯстмурод Алиев, ки роҳбари бадеии театри халқии ноҳия буд, аз ман хоҳиш кард, ки дар ҷои хушманзарае барои меҳмонон «як пиёла чой» ташкил кунам. Ман Дараи Файзиро интихоб кардам. 

Баҳорон буд ва мо қатори дигар анвои ғизоӣ хоч муҳайё намудем. Хочро ману Дӯстмурод бирён кардем, ки аз ҷониби меҳмонон «болаззаттарин таъом» ҳисобида шуд. 

Табиист, ки ҷое Дӯстмурод ҳузур дошт, ҳатман «як-ду даҳан» гирифтанашро хоҳиш мекарданд. Баъди ҳамин гуна хоҳиш Дӯстмурод рубоб ба даст гирифту хеле баҳавсала замзама кард. Агар дурӯғ гӯям, рӯям сиёҳ, ҳини сурудани Дӯстмурод булбулони «пинҳоншуда»-и анбӯҳи дарахтон «рӯ зада» ба хониш даромада ба садои Дӯстмурод ҳамроҳ шуданд. Меҳмононро ин ҳолат ба ҳайрат гузошт…

 

ДАР МАҒМУРУД

Дӯстмуродро ба деҳаи Мағмуруди ноҳияи Ленин, имрӯза ноҳияи Рӯдакӣ, ба хизмати тӯй даъват карданд. Соҳиби тӯй қабл аз оғози маърака дар ҷойи хушманзараи боғи зардолу гилему кӯрпача орост. Бо хоҳиши аҳли нишаст Дӯстмурод асбоб ба даст гирифт. Сурудеро ба анҷом нарасонда дидам, ки дуртар аз ҷои нисшасти мо, дутаю сетаю чорта, баъд даста-даста занҳо ҷамъ шудан гирифтанд. Дӯстмурод, ба гуфти худаш, барои бонувон чанд суруд тақдим карду «Эй холаҳо, хоҳарои ҷон, шом шуд, рафта рӯзаҳоятонро кушоед»- гуфта буд, ки аз он сӯ овози чанд нафар якбора баланд гардид: «Мо рӯзаро кушодем, як-ду даҳани дигар бигир». Ва Дӯстмурод аз нав рубоб ба даст гирифту хоҳиши занҳои рамазониро ба ҷо овард.

 

Ӯ ДАСТИ САХОВАТ ДОШТ

Дӯстмурод бо вуҷуди бузургиаш хеле хоксор буду дасти саховат дошту дили бараҳм. Кам намешунидем, ки мегуфтанд:  «Бо ҳама як аст». Ӯ феъли каттагию карру фар надошт. Мансабдору бемансаб барои ӯ як буд, бо мардуми оддӣ шишту хез доштанро дӯст медошт. Борҳо дида будам, ки даст ба ҷайб бурда ба ину он бебокона  пул медод. Бодапарастони кайфӣ акаи Маҳмадулло ва Кафлан, ки дар маркази ноҳия мезистанд, аз дидани Дӯстмурод шодӣ мекарданд, чунки дар ҳар вохӯрӣ ӯ дасти онҳоро сафед мекард. Ҳар дафъа аз вохӯрӣ бо Дӯстмурод бенасиб намемонданд.

 

ГУЛБОРОН

Дар ноҳияи Ленин (ба номи Рӯдакӣ) Шариф ном бригадири хеши мо ба муносибати иҷро кардани нақшаи пахтағундорӣ маърака орост. Ва аз ман хоҳиш кард, ки Дӯстмуродро гирифта барам. Чаро нагӯям, ки Дӯстмурод, дасташ дар зар ҳам мешуд, гапи маро мегирифт. Мо ба ҷои даъватшуда рафтем, ки акаи Шариф ба истиқболи Дӯстмурод аз гулдухтарон, ба қавле як дастагули зебо оростааст. Баробари аз мошин фуромадан духтарон бо гулҳои  рангоранг сӯи мо шитофтанд. Аз туфайли Дӯстмуроди азиз ба ман ҳам чанд дастагул расид.

Он рӯз дар бошишгоҳи бригада (шипанги пахтахушккунӣ) садҳо нафар ҷамъ шуда, аз хониши сесоатаи Дӯстмурод лаззат бурданд. Миннатдории акаи Шариф ва чанд фаъоли деҳа ҳадду канор надошт.

 

ДАР ТӮЙИ РАҶАБМУРОД 

Раҷабмуроди бародарбузурги Дӯстмурод дар тӯи нахустфарзандаш ҳофизи хатлонӣ Бобоҷон Азизовро даъват кард. Бобоҷон қабл аз ҳофизӣ дар таърифи Дӯстмурод чанд ҳарфе ба забон овард ва миннатдорӣ кард, ки дар тӯи бародари ҳофиз барои мардуми Кабкрез хизмат мекунад.

Чӣ тавре мухлисони санъат медонанд, Бобоҷон Азизов ҳофизи хуб аст. Ӯ лаҳни зафарӣ (Зафар Нозимов - ҶМ) дорад. Бобоҷон чанде хонду барои соф кардани овозаш пиёлаи чой хост. Дар ин фосила ҷавонҳои Кабкрез овоз доданд: «Акаи Бобоҷон нафас рост кунад, торро Дӯстмурод бигирад…»

Бобоҷон Азизов «бо ҷону дил»-гӯён торашро дароз кард, Дӯстмурод бо асбоби худ ба хониш даромад, дигар мардум намонд, ки торашро ба замин монад. Дӯстмурод дар тӯи Раҷабмурод муддаои дили ҳамдеҳагон ҳофизӣ кард.  Он вақт тӯйҳо се соат не, чи хеле ҳоло қонуни танзим муқаррар кардааст, баъзан то панҷ-шаш соат, то «дилбазан» шудани шунавандаҳо давом мекард. 

 

УСТОД ЗАФАР НОЗИМ БА ҲУНАРИ Ӯ ҚОИЛ БУД

Муродулло Ҳусейнов гуфтанӣ хеши мо тӯй кард ва азбаски дӯстии мову Дӯстмуродро медонист, гуфт: «Ҳадяи тӯйи ту овардани Дӯстмурод». Мо дар «Волга»-и чанд ҳафта пеш аз Норак харидаи Дӯстмурод шишта ба хонаи хеши мо рафтем. Он ҷо гули маҷлис устод Зафар Нозим буду Дӯстмурод ба сифати меҳмон, тавре гуфтам, ҳамчун ҳадяи тӯйии ман, рафта буд. Моро соҳибхона хушҳолона пешвоз гирифта таклифи дастурхони ҳуҷрае кард. Ба хона надаромада Дӯстмурод аз ман хоҳиш кард, ки «рафта ба устод Зафар Нозим аз омадани ман хабар те». Вақте  ман ин корро кардам, Зафар Нозим ҳофизиро бас карда эълон дошт: «Дӯстмуродҷон бо суруди «Модар»-и ман маро салом медиҳад». Ва Зафар торашро сӯи Дӯстмурод дароз кард. Он лаҳза булбули хушгуфтори мо ба гуфтор даромад. Ҳине, ки Дӯстмурод «Модар» мехонд, устод аз ваҷд буд ё «рашк», ки паи ҳам сигор дар мегиронду калла ҷунбонда ба забон меовард: «Бача гузашт (яъне аз мо гузашт ҶМ)». 

Пас аз анҷоми «Модар» дар хаёли ман мавҷи қарсак ба фалак печид. Дигар устод Зафар маъракаро ба ихтиёри Дӯстмурод супурд. Дӯстмурод хонду хонду хонд…

 

ӮРО ДАРДИ ГУРДА КУШТ

Бемории Дӯстмурод хеле давом кард. Чанд карат дар чанд бемористон табобат гирифт – дар Қарияи боло, дар шаҳрчаи табибон, дар касалхонаи ноҳия. Ҳини дар бемористони Қарияи боло хобиданаш дарди гурда хуруҷ кард. Ман назди бистараш будам, ки Нозук Шоазизова, он вақт муовини раиси ноҳия, ба аёдаташ омад ва ҳини хайрухуш ӯро дилбардорӣ кард: «Дӯстмурод, аз ин ҷо рафта хушрӯтарин духтарҳои Файзобода ба хабаргириат роҳӣ мекунам. Медонам, ки нозанинҳоро дӯст медорӣ. Баъди дидани онҳо аз ҷо парида мехезию ба кор бармегардӣ. Фақат ҳамин, ки зиқӣ накун».

Дӯстмурод аз суханони муовини раис нимтабассуме карду бо чашмони аз зиндагӣ ноумед «Апа, дигар намешавад», - гуфта оҳи бадард кашид. Ин лаҳза аз дидаҳо қатраҳои ашк ба рухсораҳояш шориданд. Ин ашкҳои дили хунгаштаи ӯ буд.