Ср03202019

Last updateПт, 15 Март 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

КОНСТИТУТСИЯ РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият ба қабули Конститутсияи нав, ки ифодакунандаи орзуву омоли  истиқлолияти комил бошад, пардохта буд. Зеро  Конститутсияи қабулшудаи соли 1978 ба талаботи ҷомеаи баъди шуравӣ, яъне ба талаботҳои истиқлолият ҷавобгӯ набуд. Ҷомеа бе дурнамои инкишофи таърихӣ ва интихоби роҳи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонад. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда буд, ки раванди нави таърих ба души давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок ва вазнин гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Таърих гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз 5 маротиба, яъне дар солҳои 1929,1931, 1937, 1978 ва 1994 конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта меъёрҳои он мустақиман амал намуда ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣҷавобгӯ мебошад. Тағйиру иловаҳои якум ба Конститутсияи ҷумҳуриамон дар бобати Маҷлиси ОлӣҶумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъсисёбии Шӯрои адлияи ҶТ мебошад. Тағйиру иловаҳои дуюм ба Конститутсияи ҶТ дар бобати арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муҳлати ваколатҳои Президент ба 7 сол дароз карда шуда, муҳлати ваколати судяҳо бошад аз 5 сол ба 10 сол расонида шуданд.

Аз ҷониби дигар Конститутсияи ҶТ шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки  дар ҳама ҳолатҳо бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Мутобиқи ин санад ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад. Ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шуд. Муҳимтар аз ҳама роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат ва чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад суйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол.

Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 24-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад.

Ҷонмаҳмадова  Ф, омӯзгор.