Чт11152018

Last updateЧт, 15 Нояб 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

ДАР КОРГАҲИ КӮЗАГАР

Ҳангоми аз назаргузаронии   бойгониам чашмам ба сурате афтод, ки онро беш аз чил пеш аксбардорӣ карда будам. Дар ин расм   Зарафохола миёни шогирдон  ҳангоми кор, ки ба кузаи сохтааш нақш мегузошт акс ёфта буд.  Бо дидани расм    ёди солҳои пешин чун навори кино аз назар мегузаштанд. Ва гӯё Зарафохола бо ҳамон чеҳраи зебо ва лафзи ширинаш хитобам мекард:- дидӣ писарам, нақши дастамро дар ҳунарам ба ёдгор гузоштаву   рафтам. Ин лаҳза рафтам думболи хаёлоти умри рафта…

Чилу ҳашт сол пеш Зарафохоларо бори аввал дида будам. Соли 1970 аз муҳаррири рӯзнома Раҷабалӣ Аҳмадов супориш гирифтам, ки дар бораи кулолгари машҳури устошамсӣ Зарафохола Раҳимова, ки ғолиби озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ гардида буд, маводе нависам. Зарафохола дар саҳни ҳавлӣ бо шогирдонаш машғули кор буданд. Куза, офтоба, чахдег ва дигар ашёҳои   сохтаашонро барои қӯрмонӣ омода мекарданд. Баробари маро дидан маро бо чеҳраи кушода истиқболам намуду ба хона даъватам кардва бо ханда суолам кард:

-Писарам, чеҳраат шинос метобад, аз куҷо мешавӣ? Гуфтамаш, ки аз деҳаи Ҷонварсӯз, писари Марҷонам.

-Писари хоҳархони ман будаӣ. Модарат дар деҳаи мо дар хонаи акаам Ҳалими Шариф зиндагӣ мекарду бо якдигар аҳди апагиву хоҳарӣ доштем,- ва илова кард, ки -касби кулолгариро дар синни чордаҳсолагиам аз бар кардам. Офтоба, чахдег ва дигар асбобҳои сохтаамро хоҳишмандон бо ҳавас харидорӣ мекунанд.

Он солҳо ҳунари кулолгарии устошамсиҳо бо сарварии Зарафохола дар ҷумҳурӣ ва берун аз он шуҳрат пайдо карда буд. Маҳсули ҳунарҳои ӯ дар намоишгоҳҳои Ҳиндӯстон, Яман, Япония, Италия, Франсия, Германия, Москва, Санкт-Петербург ба намоиш гузошта шуда, сазовори диплому ифтихорномаву мукофотҳо гардидааст.

Зарафохоларо ҳамчунин ба узвияти  Иттифоқи рассомони СССР, ки яке аз созмонҳои бонуфузи он давр  ба ҳисоб мерафт,қабул карда   буданд. Соҳиби чандин диплому ифтихорномаҳои фахрии Вазорати маданияти СССР ва медалҳои «Намоишгоҳҳои комёбиҳои хоҷагии халқи СССР» гардида буд. Аз мактаби ҳунару  комёбиҳои бадастовардаи Зарафохола доим рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ»  (имрӯза «Набзи Файзобод») мақолаҳо чоп мекарданд.

Зарафохола соли 1995, дар синни 85-солагиаш аз дунё гузашт, аммо  мактаби ҳунармандиву  шогирдонаш номи ӯро зинда медоранд.

Шогирди  Зарафохола,   Сочигул Асоева ин ҳунарро дар Устошамс идома медиҳад. Сочигулхола низ  чун устодаш бо ҳунари волояш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.   

Деҳаи Устошамсу мардумонашро маҳз ана ҳамин ҳунари кулолгарӣ машҳуру  муаррифӣ мекард, пас чаро инҷо коргоҳе махсус барои ривоҷи ин ҳунар бунёд накунем. Ҳам маҳсулот истеҳсол намудаву ҳам омӯзиши кулолгариро  ба роҳ монем.

Пас куҷоянд ҳунармандони  устошамсиву шогирдони  Зарафохола, ки нақши дастони ӯро аз нав зинда гардонанд ва пайи амалӣ намудани ин иқдом остин барзананд. Халқ дар ин маврид дуруст мегӯяд, ки «Бузургонро бузургон зинда медоранд.»…

 Бо ҷамъи калобаи хаёлам ба  расми дастам  дуру дароз нигаристаму   Умари Хайёмро  ба ёд овардам, ки гуфта:   

Бар коргоҳи кузагаре будам дӯш,

Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш.

Ногоҳ яке куза барвард хурӯш,

Ку кузагару кузахару кузафурӯш.  

                                                                 Тилло СОҲИБНАЗАРОВ.