Пн05282018

Last updateЧт, 24 Май 2018 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

ҒУНЧАҲОИ САНЪАТИ ФАЙЗОБОД ДАР ТВ «БАҲОРИСТОН»

Бастакори немис Бетховен таъкид мекунад, ки «мусиқӣ дар қалби кас аланга ба вуҷуд меоварад». Воқеан ҳам, ин аланга ҳамасола дили ҳазорон-ҳазорон наврасони дилбохтаи санъатро тасхир сохтаву сӯи дабистонҳои ҳунарӣ раҳнамун месозад. То онҳо   навохтани асбобҳои мусиқиро аз бар намоянду ҳунару истеъдодашонро сайқал диҳанд. Зеро таҳсил дар чунин мактабҳо ақлу заковат, дарку зеҳни баланд мусиқӣ, садову шунавоии хуб доштанро тақозо мекунад, ки на ба ҳар наврас он муяссар мегардад. Аз ин хотир фаъолияти чунин мактабҳои ҳунарӣ   дар ҷомеа аз манфиат холӣ нест.

Хушбахтона, соли 1974 дар ноҳия мактаби мусиқӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки соли 2009 дар заминаи он мактаби санъат таъсис ёфт ва имрӯз дар рушди фарҳанги ноҳия   саҳми босазо мегузорад. Тайи ин муддат зиёда аз ҳазор нафар дӯстдорони санъат мактаби мазкурро хатм намуда   пайи шуғли дӯстдоштаи хешанд.

Имрӯзҳо ба дилбохтагони санъати ноҳия 20 нафар омӯзгор дар навохтани асбобҳои мусиқии фортепианно, най, ғиҷҷак, рубоб, дутор, рубоби бадахшӣ, дойра, кларнета, флейта, синфҳои драма, рақс, санъати тасвирӣ ба 233 хонанда дарс мегӯянд.

Қаблан мактаб бинои худро надошту аз як макон ба дигар макон кӯчонида мешуд ва ин албатта ба рафти сифати таҳсил халал мерасонд. Соли 2004 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва собиқ раиси ноҳия Абдуқодир Давлатов   мактаб ба бинои куҳнаи боғчаи рақами 1 кӯчонида шуд. Ин дастгирӣ он замон боиси рӯҳбаландии омӯзгорону хонандагон гардида буд.

Соли 1990 ба ифтихори 40-солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев мактаб ба номи ӯ гузошта шуд. Ҳамин аст, ки ҳамасола   моҳи апрел коллективи омӯзгорону хонандагон бахшида ба ҷашни зодрӯзи ин ҳунарманди нотакрор консерти хонандагонро пешкаши ҳаводорони созу навои ӯ мегардонанд. Имсол низ чун анъана дар толори филармонияи халқӣ барномаи ҳунарии хонандагони мактаб баргузор гардид.

Барномаи консертиро ровигии Шодмеҳри Иқболҷону Рӯҳафзо Гулова, найнавозии Вафову Қадриддин, рубобнавозии Шукруллову Саидбек, фортепианнанавозии Фарзона, Аслиддин ва Шаҳзода, дуторнавозии Шукронаву Ҳадятулло, флейтанавозии Сайфулло, кларнетанавозии Хусрав, дар рубоби кашқарӣ навохтани Субҳон, Бахтиёр, Ҷовидон ва Меҳроб, ғижжакнавозии Аслиддин, сурудхонии Шаҳобуддин, Осима, Фаррух, Сафиаллоҳ, Аслиддин, Шукрона, Вафо, Абдусаттор, рақсҳои ҷаззоби Садорату Судоба, ансамблҳои доиранавозону рубобнавозон, саҳнаҳои ҷолиби синфи драма хело тамошобобу диданӣ гардониданд.

Барномаи консертӣ ба пуррагӣ дар телевизиони дӯстдоштаи бачаҳо «Баҳористон» манзури тамошобинон гардонида шуд.

Барномаи консертии хонандагон аз оҳанги Дӯстмурод Алиев «Чун дили ман лолазор» дар иҷрои ансамбли асбобҳои халқӣ оғоз ёфтаву бо суруди «Чашми тоҷик»-и ӯ дар иҷрои Вафо Мусулмонзода ба анҷом расид. Санъаткорони наврас бо ҳунари волои худ нишон доданд, ки   пайрави сазовори мактаби ҳунарии Дӯстмурод Алиев, ҳофизе, ки бо овози ширадору марғуладораш дар дилу дидаи мардум ҷо гирифтааст, ҳастанд.