КИШОВАРЗӢ
«ҲУСНИ ЮСУФ» БОЯД ЭҲЁ ШАВАД
- Подробности
-
20 Нояб 2018
- Опубликовано 20.11.2018 14:36
Аз нав эҳё кардани навъи себҳои хуштаъми бобоӣ ба монанди пахтасеб, ҳусейнӣ, гулсеб, мирраҷабӣ, хубонӣ, молкӣ, ҳусни Юсуфи зарафшонӣ, арбобназарӣ, себи сурхи тирамоҳӣ, лоласурхак ва чандин навъҳое, ки имрӯз аз байн рафтаанд, аз нав зинда кардани онҳоро тақозои вақт медонем. Ин навъи себҳои ширину хуштаъм аз намуди беруниашон зебо буда, таъми хуш доранд, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он серхаридоранд. Рақобати бозор тақозои онро дорад, ки ба ин навъҳои себҳои хуштаъми бобоӣ рӯ биорему парвариши онҳоро хуб ба роҳ монем.
КОРХОНАҲОИ ХУСУСИШУДА БА ЧӢ КОР МАШҒУЛАНД?
- Подробности
-
05 Нояб 2018
- Опубликовано 05.11.2018 15:33
Бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии назди моқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз вақти таъсисёбиаш - соли 1991 - то ба имрӯз 84 адад корхонаро ба фурӯш бароварда, бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияташон онҳоро ба моликияти хусусии шаҳрвандони ноҳия табдил додааст.
МАКТАБИ ПӮЛОД ДАР ШЕРАМОН
- Подробности
-
17 Авг 2018
- Опубликовано 17.08.2018 11:18
Таҷрибаи картошкапарварони қалъаидаштиро солҳои шуравӣ дар саросари ҷумҳурӣ ташвиқу тарғиб мекарданд. Деҳқонони номдори ин минтақа аз ҳар гектар 400-500 сентнерӣ ҳосил мебардоштанд, ки ин нишондод он солҳо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он натиҷаи рекордӣ ба ҳисоб мерафт. Ҷунайдулло Нуров, Ҳафтод Расулов, Асо Саидов, Убайдулло Салимов, Аҳмад Шарифов аз зумраи деҳқонон меҳнатқарини хоҷагии ба номи Ҳамза (имрӯза хоҷагии тухмипарварии ба номи А. Назиров) буданд, ки дар вақташ бо орденҳои Ленин, « Револютсияи Октябр», «Нишони фахрӣ» ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданду дар сархати расонаҳои хабарӣҷой доштанд. Сардори ин бригадаи шуҳратёр деҳқонони асил Пӯлод Абдураҳмонов бошад бо унвони олии давр Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шарафёб гардид.
МЕҲРГОН ҶАШНИ МЕҲРАСТУ КИШОВАРЗӢ
- Подробности
-
02 Нояб 2018
- Опубликовано 02.11.2018 10:07
Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» моҳи октябр дар саросари ҷумҳуриамон иди кишоварзон,Меҳргон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.
ҶДММ «ЭЛОК-15» ҲАФТ НАМУДИ МАҲСУЛОТИ ШИРӢ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД
- Подробности
-
13 Авг 2018
- Опубликовано 13.08.2018 08:47
Дар арафаи солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин корхонаи коркарди шир дар ноҳия ба фаъолият оғоз кард.
Соҳибкор Рустам Назриев, ки чанд сол боз дар деҳаи Элок нуқтаи қабули ширро бунёд карда буд, бо дастгирии раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода тасмими дар маркази ноҳия таъсиси корхонаи коркарди ширро намуд. Ва, инак, маҳсулоти корхонаи ҶДММ «ЭЛОК-15» чанд рӯз боз рафҳои мағозаву дастурхони мардумро пур кардааст. Тавре аз суҳбат бо чандин нафар сокинони ноҳия дарёфтем, маҳсулоти корхонаи мазкур серхаридору аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, мувофиқ ба талаботи рӯз истеҳсол мешавад.
БОҒИ ДАШТИ МАРЗО: ПЕШРАФТУ МУШКИЛИҲО
- Подробности
-
08 Окт 2018
- Опубликовано 08.10.2018 11:00
Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (10 апрели соли 2014) ба бунёди боғи 120-гектара дар деҳаи Дашти Марзои Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт ибтидо гузошт.
Сарвари давлат ниҳоли аввали боғро бо дасти худ шинонда супориш дод, ки бо имконияти мавҷудоти замин ва обу ҳавои тозаи Файзобод дар даҳ соли охир майдони боғ ба 4 ҳазор гектар расонида шавад. Пайи иҷрои супориши Сарвари давлат боғпарварон, гуфтан мумкин, камари ҳиммат бастанд. Боғи дар шафати чапи деҳаи Дашти Марзо дар ҷои тахту ҳамворе, ки солҳои пешин картошка кишт мекарданду ҳосили баланд мегирифтанд, доман паҳн кардааст. Айни ҳол зиёда аз 55 нафар хоҳишмандон дар ин минтақа боғ гузаронида хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карданд. Рӯзе, ки мо аз боғи яксаду бистгектара дидан кардем, Ҷӯра Давлатов, Қурбоналӣ Абдураҳимов, Соҳибҷамол Давлатова, Хуршед Неъмонов, Теша Назаров, Сияр Табаров, Теша Холов ва Одина Бобиев бо аҳли оилаашон ба ҷамъоварии меваҳои боғашон машғул буданд.
ТАВСИЯҲОИ “СВИС ГРОВ”
- Подробности
-
19 Июль 2018
- Опубликовано 19.07.2018 13:51
Бо мақсади васеъ намудани боғҳо ва истеҳсоли меваҷоти босифат, хусусан себ, дар хоҷагии “Файзи Сайдонӣ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар чорабинӣ раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулини раёсати кишоварзии ноҳия иштирок доштанд. Дар машварат Меҳмет Карайик, сарагроном оид ба корҳои боғпарварӣ аз ширкати “Свис гров”-и Ҷумҳурии Туркия ва Юнус Ҳоҷимуродов, намояндаи ҳамин ширкат дар Тоҷикистон, ба шунавандагон вобаста ба навъҳои беморӣ, тарзи истифодаи дурусти нуриҳои минералӣ, буриши санитарӣ, ғизодиҳӣ ва тарзи дурусти ҷамъоварии маваю сабзавот маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”: РУШД МЕКУНАД
- Подробности
-
28 Сен 2018
- Опубликовано 28.09.2018 09:16
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи ҳилол”, ки бо сабабимушкили молиявӣ чанд сол боз фаъолияти камранг дошт, дубора ба кор пардохт. Соли 2017 ба дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба корхона таҷҳизоти нав ва хӯроки паранда ворид шуда иқтидори он аз нав барқарор гардид ва имрӯзҳо бо номи “Ганҷи ҳилол” фаъолияти пурсамар дорад.
САРДХОНА БАРОИ 70 ТОННА
- Подробности
-
19 Июль 2018
- Опубликовано 19.07.2018 13:49
Рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷавобгў будан ба талаботи замони муосир тақозо мекунад, ки кишоварзон барои нигоҳдорӣ ва пешкаши аҳолӣ намудани молҳои ниёзи мардум аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд. Сохтмони сардхонаҳо ба мақсад мувофиқ аст.