КИШОВАРЗӢ
ҶАҲОНИ ХУРАМӢ
- Подробности
-
20 Сен 2016
- Опубликовано 20.09.2016 11:38
НАЗАРЕ БА ПЕШРАФТИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯ
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи мо, аз ҷумла соҳаи асосиву пешбарандаи ноҳия - кишоварзӣ таъсири хешро гузошт. Маҳз шарофати истиқлолият, сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар кишоварзони файзободиро ба кор дилгарм намуд. Бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон замин ба дасти соҳиби асосӣ- деҳқон расид. Аввалин иқдом дар даврони соҳибистиқлолӣ бо Фармони Сарвари давлатамон ба мардум додани заминҳои обӣ ва лалмӣ барои истифодаи бемуҳлат мебошад, ки имрӯз бо номи “заминҳои президентӣ” ном бурда мешавад. Кишоварзӣ сол аз сол пеш рафта, тараққӣ мекунад. Пешравии соҳаро таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ ва ба дасти деҳқон гузаштани замин таъмин кард. Имрӯз дар заминаи хоҷагиҳои калони кишоварзӣ беш аз 3059 хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва инфиродӣ таъсис ёфтааст, ки маҳсулоти фаровон истеҳсол карда, неъмати дастурхони мардумро зиёд мегардонанд.
БОБОИ ОБОДКОР
- Подробности
-
20 Сен 2016
- Опубликовано 20.09.2016 09:44
Дар теппаҳои тахту ҳамворгардидаи наздикии дидбонгоҳи БДА, ки миёни мардум бо номи “мавзеи пост“ машҳур аст, аввали баҳор беш аз 300 адад дарахти ҳамешасабзи арча шинонда шудааст. Имрӯз ба қомати болои ниҳолакон дида дӯхтаву аҳсант ба бобои Қутбиддин Даҳмардаев мегӯем, зеро маҳз меҳнати шабонарӯзии ин пири ҳаётдида буд, ки ин теппа саросар сабз гардидааст.
НАҚШАИ БУНЁДИ БОҒ ИҶРО МЕШАВАД
- Подробности
-
28 Апр 2016
- Опубликовано 28.04.2016 20:55
Гузориши муовини якуми раиси ноҳия Акрамзода З.А. оид
ба натиҷаҳои соҳаи кишоварзӣ дар семоҳаи аввали соли 2016
Дар се моҳи аввали соли равон, зери сиёсати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат корҳои зиёди амалӣ анҷом дода шуда, баҳри ободониву бунёдкорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба кор андохтани садҳо иншооти истеҳсоливу маишӣ ва ба ин васила баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар ва сатҳи зиндагии сокинони он чораҳои амалӣ роҳандозӣ карда шудаанд.
НИЯТИ НЕКИ ДЕҲҚОН
- Подробности
-
17 Авг 2016
- Опубликовано 17.08.2016 10:18
Абдул Рақибов иҷоракор аст. Ин деҳқони асил, солҳои тӯлонӣ ба парвариши картошка машғул мебошад. Ӯ ҳамасола аз 250 то 300 сентнерӣ ҳосил гирифта, аз фурӯши он даромади хуб мегирад. Абдул Рақибов имсол дар майдони ним гектар замин картошка дораду нигоҳубини шабонарӯзии ниҳолҳоро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мондааст. Мақсад дорад, ки дар соли таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ аз майдони мавҷуда 300 сентнер картошка ҷамоварӣ намояд.
Ҳ.САФАР.
ОҒОЗИ КОРҲОИ БАҲОРӢ ХУБАНД
- Подробности
-
29 Март 2016
- Опубликовано 29.03.2016 16:48
Кишоварзони ноҳия дар роҳи иҷрои супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон майдони боғҳои навро ба чор ҳазор гектар ва кишти картошкаро ба ҳазор гектар расониданианд.
ЧАРО НАҚШАИ КИШТИ КАРТОШКА ИҶРО НАШУД? ИН ЧАНД САБАБ ДОРАД
- Подробности
-
04 Авг 2016
- Опубликовано 04.08.2016 09:22
Аз суҳбати сардори раёсати кишоварзӣ Сайдалӣ Шамсов огоҳӣ ёфтем, ки нақшаи кишти картошка дар ноҳия иҷро нашудааст. Ба ҷои 750 гектари пешбинишуда дар 660 гектар картошка шинонидаанд.
Иҷрои нақша танҳо дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, Меҳробод ва Чашмасор таъмин асту халос. Дар ин ҷамоатҳо мутаносибан дар майдон 85-62 гектарӣ картошка коридаанд. Ҷамоатҳои дигар ва хоҷагии давлатии тухмипарварии А.Назиров ба ҳади 20-30 гектар нарисадаанд.
КАБУДИЗОРКУНИ: ШИНОНИДАН ҲАСТ, НИГОҲУБИН ЧӢ?
- Подробности
-
29 Март 2016
- Опубликовано 29.03.2016 16:26
Шинонидани ниҳол кори савоб аст. Аҳамияти иқтисодиаш бошад бештар. Гузашта аз ин боғу дарахтзор табиатро тозаю дилкаш мегардонад. Олимон исбот кардаанд, ки майдони як гектар боғ 30 ҳазор одамро бо ҳавои тоза таъмин мекунад. Ин шабурӯзи фасли баҳор, ки айёми кабудизоркуниву ниҳолшинонист, перомуни масъалаи мазкур суҳбате оростем бо сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Маҳмадулло Назаров.
ҲИФЗИ ТАБИАТ - СОЛИМИИ ҶОМЕА
- Подробности
-
01 Июнь 2016
- Опубликовано 01.06.2016 10:02
Кумитаи ҳифзи муҳити зист сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар соҳаи муҳити зист, экология ва дар асоси қонунҳои ҶТ, дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ монда, солим нигоҳ доштани муҳити зист ва беҳ шудани дараҷаи некӯаҳволиро аз ҳадафҳои афзалиятноки хеш меҳисобад. Дар заминаи ин ҳадаф чанде пеш аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист лоиҳаи навбатии инвеститсионӣ бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ таҳти унвонии «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» ба фаъолият оғоз кард.
ДАР ДЕҲҚОНӢ НОМДОР
- Подробности
-
11 Янв 2016
- Опубликовано 11.01.2016 08:31
Акаи Нарзулло нисбати фарзандон сахтгир буд. Фарзандон баъди мактаб дар хона гирди падар парвонавор ҷамъ буданд, ба коре машғул мегаштанду ба оила нафъ меоварданд. Акаи Нарзулло асосан ба занбўрпарварӣ шуғл дошта, бори зиндагиро аз ҳамин ҳисоб мекашид.
Фарзандонаш Нуруллову Зиёдулло касби падарро идома дода, дар ин ҷода муваффақ ҳам шудаанду ҳар кадоме 100, 180 оила занбўри асал доранд.