Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

КИШОВАРЗӢ

ХИЗМАТИ ОЛИМ ҚАДР ГАРДИД

ХИЗМАТИ ОЛИМ ҚАДР ГАРДИДДар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия   дар ҳозирии  роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия  директори стансияи минтақавии таҷрибавии боғдории Карсанг, олими шинохта  Ҳукматулло Қодировро бо тантана ба нафақа гусел карданд,  ки ин гувоҳ аз эътирофи меҳнати ҳалол ва подоши хизмати содиқона дар сохторҳои роҳбарӣ буд.

Подробнее...

ФАЙЗОБОД ДАР ҶОЙИ ДУЮМ

     Рӯзи 29 август дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни «Иди асал» доир гашт. Асалпарварони ноҳияҳои  тобеи марказ намунаи заҳмати худро  дар маҳаллаи Қарияи болои ноҳия Сино пешкаши сокинону  меҳмонон гардонда буданд. Боиси қайд аст, ки асалпарварону кишоварзони  ноҳияи мо бо сарварии муовини аввали раиси ноҳия Зиёратшоҳ Акрамзода  баробари беш аз се тонна асал ва дигар маҳсулотҳои аз он истеҳсолшаванда,  ҳамчунин маҳсули дастранҷи кишоварзону боғдорон-себу нок, картошкаву пиёз ва караму қаламфури булғории хушсифатро манзури харидорон намуданд.

Подробнее...

ПИЛЛА АЗ НАВЪИ НАВ

Соҳаи пиллапарварӣ яке аз самтҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб меравад. Зиёда аз понздаҳ рӯз мешавад, ки Корхонаи фаръии пиллахушккунии ноҳия ба ҷамъоварии пилла машғул аст. То ин дам аз кирмакпарварон 2800 кг пиллаи тар қабул шудааст, ки ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ки баробар аст.  Тавре дар суҳбат Ҷамшед Қодиров сардори Корхонаи фаръии пиллахушккунии ноҳия ба мо гуфт: «Ин шабу рӯз маъракаи супоридани пилла дар авҷ аст. Қисме аз кирмакпарварон аз як қуттии кирмаки навъи хитоӣ то 65 кг пилла супориданд». Бояд гуфт, ки навъи кирмаки зикршуда соли дуюм  аст, ки дар ноҳия парвариш мешавад. Парвариши ин навъ нисбат ба навъҳои дигар осонтар буда,  як  қуттии он дар давоми парвариш аз 900 то 1100 кг барг истеъмол мекунад.  Нақшаи имсолаи пилла 4 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 1 тонна кам аст.

Подробнее...

ЧАРОГОҲ - ЭҲТИЁҶИ АҲОЛӢ БА ОН РӮЗ АЗ РӮЗ МЕАФЗОЯД

ЧАРОГОҲ - ЭҲТИЁҶИ АҲОЛӢ БА ОН РӮЗ АЗ РӮЗ МЕАФЗОЯДЯке аз масъалаҳое, ки айни ҳол  сокинони ноҳияро нигарон кардааст, тақсиму истифодаи босамари  чарогоҳҳо мебошад, ки мардум дар вохӯриҳо ҳалли онро аз иҷрокунандаи раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода хоҳиш намуданд.  Айён аст, ки имрӯз   барои чорвои  калону майдаи мардум   чарогоҳ  намерасад. Роҳбари ноҳия   ҳалли масъаларо аз масъулин талаб кард.    Мо  тасмим гирифтем,  мавзӯи мазкурро      мавриди пайргирӣ қарор диҳем. 

Подробнее...

ҲИФЗИ ТАБИАТ - СОЛИМИИ ҶОМЕА

Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аз ҷониби Маҷмааи 27-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид 16 декабри соли 1972 эълон шудааст. Санаи мазкур ба ифтихори 5 июн оғоз шудани  Конференсияи Стокголм оид ба проблемаҳои муҳити зист, ки ҳамон сол баргузор шуда буд, интихоб гардидааст. СММ дар барномаи худ оид ба муҳити зист ташкилоти наверо бо номи ЮНЕП (Иттиҳоди сиёсӣ-иқтисодии миллӣ) таъсис дод, ки мақсади он кӯшиши муҳофизат ва беҳтар кардани муҳити зист аст.

Подробнее...

НАҚША ИҶРО ШУД

Мувофиқи нақшаи раёсати кишоварзии ноҳия имсол дар хоҷагиҳои коллективию инфиродӣ бояд  дар майдони 240 гектар кишти сабзавот мегузаронданд.  Меҳнати босуботу ташкили дурусти кор имкон дод, ки нақшаи мазкур барзиёд иҷро гардид.
Чи тавре ки аз шуъбаи омори ноҳия иттилоъ гирифтем деҳқонони    хоҷагиҳои коллективӣ ва инфиродӣ корро муташакилона ба роҳ монда, майдони кишти сабзавотро ба 241 гектар расониданд, ки иҷроиши нақшаро   101 фоиз ташкил медиҳад.

Подробнее...

МУВАФФАҚИЯТИ ДЕҲҚОНОН

Дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Меҳробод дарави ғаладона анҷом ёфтаву маъракаи ҷамъоварии зироатҳои техникӣ ва захира кардани хӯроки чорво бо суръат идома дорад. Аз 109 гектари зироатҳои техникӣ киштшуда, чилу як гектараш даравида шуда, ҳосилнокӣ 245 сентнериро ташкил дод. Картошкапарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ бошанд, аз 80 гектари киштшуда, то ин вақт майдони 20 гектарро ҷамъоварӣ намуда, 4237 сентнер ҳосил ба даст оварданд, ки ин аз ҳар гектар 200 сентнериро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии 40 гектар зироатҳои полезӣ ,ки нигоҳубини онҳо аз рӯи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда буд оғоз ёфтааст.

Маҷид ҲОМИДОВ, омӯзгор.

Подкатегории