КИШОВАРЗӢ
МОҲИПАРВАРӢ: ПЕШРАФТИ СОҲА ТАБЪИ ДИЛ НЕСТ!
- Подробности
-
10 Июль 2018
- Опубликовано 10.07.2018 15:25
Дар ноҳия хоҷагиҳои моҳипарварӣ ноҳия тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар асоси «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» фаъолият намуда, имрӯз дар пешкаши сокинони ноҳия гардонидани моҳӣ то андозае саҳм гузоштаанд. Вале корҳои иҷро шуда барои пешрафти соҳаи моҳипарварӣ кифоят намекунад. Дарёи Элок бошад ба ривоҷи соҳа имконият медиҳад.
НАТИҶАҲОИ АВВАЛИН ЧАШМРАСАНД
- Подробности
-
07 Июль 2018
- Опубликовано 07.07.2018 09:05
Кишоварзони ноҳия нимсолаи аввали соли равонро бо натиҷаи чашмрас ҷамъбаст карданд. Онҳо тайи ин муддат 797 тонна гӯшт, 6578 тонна шир, 7906,6 ҳазор дона тухми мурғ, 55 тонна пашм ва 8 тонна асал истеҳсол карданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаи ҳамаи соҳаҳо зиёд мебошад.
Картошкапарварон ҳам ба ҷамъоварии майдони картошкаи барвақтӣ шуруъ карданд. Онҳо аз майдони 38 гектар картошказор 576 тонна ҳосил бардоштанд. 8 тонна ҳосили ҷамъоварӣ кардаи сабзавотпароварони ноҳия ҳам пешкаши сокинон гардид.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷамъоварии майдонҳои ғаллазор шуруъ карда , то имрӯз аз 605 гектар ғаллазор 1020 тонна ҳосил ғун дошта шудааст. Айни ҳол ҳосилнокии ҳар гектар майдони ғаллазор ба 16,9 сентнерӣ мерасад.
Ҷамъоварии хошок низ дар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ бо суръат идома дорад. Хоҷагидорон мақсад доранд, ки барои зимистонгузаронии чорво дар соли равон зиёда аз 8 ҳазор тонна хошок захира карда шавад. Хошоки ҷамъоваришуда то имрӯз ба 1283 тонна расидааст.
Кишоварзони ноҳия азм доранд, иҷрои якчанд намуди маҳсулоти кишоварзиро то ҷашнгирии рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар таъмин намоянд.
С. ТИЛЛО.
ОБ ҶОНИ ЗАМИН АСТ
- Подробности
-
27 Фев 2018
- Опубликовано 27.02.2018 08:34
Бо тақозои касб дар маҷлису ҷамъомадҳои сатҳи ноҳиявӣ иштирок карда, аз забони роҳбарияти ноҳия дар ҳаққи ин ё он сардори корхонаю муассисаҳои амалкунанда таърифу тавсиф мешунавем. Яке аз роҳбарони таърифӣ Нусрат Саидмуродов аст. Ду сол пеш дар давраи раиси ноҳия будани Имомназар Каримиён идораи Н.Саидмуродов ҳамчун «Корхонаи беҳтарин» унвон гирифт ва сазовори мукофоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гардид.
Нусрат Саимуродов чӣ шахсиятест? Марди ҳалиму фурӯтан, соҳибмаърифат, роҳбари кордон дар идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия. Ҷараёни роҳбарии ӯ ба ҳафт қадам гузошт. Аз хусуси об ва нигоҳдории замин сухан кушоӣ, мутафаккирона мегӯяд: «Об ҷони замин аст».
Идораи маъмурии Н.Саидмуродов дар се утоқи хурд-хурд ҷой гирифтааст. Даҳ-дувоздаҳ сол пеш, ки «Идораи хоҷагии оби Файзобод» номгузорӣ мешуд, соҳиби бинои алоҳидаи серутоқ ва боғи гулафшону мевадиҳанда дошт. Роҳбарони ҳамонвақтаи идора қисми зиёди утоқҳои корӣ ва иншооти ёрирасонро хусусӣ карданд. Ин амал хилофи қонун буд.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар се утоқи хурд-хурд ҷойгир бошад ҳам, корҳои бузургро иҷро мекунад. Аз 6 ҳазор гектар зиёдтар заминҳои обии ноҳия обтаъминкунии 1300 гектараш дар зиммаи коргарони ҳамин идора аст. Обчиҳо он қадар маоши баланд нагиранд ҳам, вазифаашонро ба хубӣ иҷро мекунанд. Бояд бигӯем, ки кори софдилонаи онҳо боиси соҳибобрӯ шудани роҳбари идора гардидааст. Нусрат Саидмуродов муҳандиси техникӣ Абдуқаҳҳор Солеҳов ва мутасаддии хатҳои об Саид Каримовро «ду қаноти мустаҳками худ» медонад.
Пеш 41 нафар кормандони идора пурра аз буҷети давлат маош мегирифтанд. Акнун бо тавсияю дастури Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат 17 нафар аз ҳисоби давлат моҳона мегиранд, боқӣ аз рӯи хизматрасонӣ, яъне ҷамъоварии ҳаққи об. Мешавад, ки заминдорон, онҳое, ки аз оби каналҳои мавҷуда истифода мебаранд, зихнагӣ карда ҳаққи истифодаи обро бо «кашмакаш» мепардозанд. Ин гуна муносибат, албатта, барои кормандони идора нофорам аст. Вале илоҷ нест, ба ҳар роҳе набошад бояд пули обро ғун кард.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ҳамааш шуда як булдозер ва як экскаватори хурд дорад, ки барои таъмири се канал («Гумбулоқ», «Файзобод», «Даштимарзо») ва ду қитъаи чоҳи амудӣ, воқеъ дар мавзеи Қуруғ ва Фақиробод басандагӣ намекунад. Роҳбари корхона роҳҳои аз вазъият баромаданро ҷустуҷӯ карда ба мақсадҳои хеш ноил мегардад. Масалан, Кумитаи заминсозӣ ва геодезияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тоза кардани каналҳо 1,5 тонна сӯзишворӣ ҷудо карда, ҳаққи механики экскаватори кирошударо низ пардохт намуд. Бо сӯзишвории ҷудошуда аллакай 2,5 километр хатти канали 6,5-километраи «Хӯҷамард» аз хоку қум тоза шуд. «Хӯҷамард» аз дарёчаи Элок об гирифта эҳтиёҷи аҳолии шаҳрак ва заминҳои хоҷагии деҳқонии ду ҷониби шоҳроҳро бо об таъмин мекунанд.
Нусрат Саидмуродов афсӯс мехӯрад, ки истифодаи оби дарёи Кофарниҳон, ки тавассути пойгоҳи обпартоии «50-солагии Тоҷикистон» сӯйи заминҳои Файзобод, то дашти Оқчопар меояд, мушкилоти зиёд дорад. Пойгоҳи обпарто ба шаҳри Ваҳдат тааллуқ дораду канали «50-солагии Тоҷкистон» ба ноҳияи Файзобод. Гаронии нархи барқ имкон намедиҳад, ки кори мунтазами ин пойгоҳ ба роҳ монда шавад, вагарна садҳо гектар замини обталаби ноҳияро аз дарёи Кофарниҳон шодоб карда, садҳо тонна пиёзу картошкаю помидор ва дигар полезиҳо гирифтан мумкин аст.
БАҲРИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ
- Подробности
-
13 Июнь 2018
- Опубликовано 13.06.2018 08:58
Соҳибкор Муллоқувват Раҳимов, сокини деҳаи Мискинободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати рушди соҳаи картошкапарварӣ сармашқи фаъолият қарор дода дар майдони 6 гектар картошка шинонд. М.Раҳимов ният дорад, ки майдони умумии ин зироатро ба 8 гектар расонда ҳосилнокии онро аз ҳар як гектар то 200 - 250 сентнерӣ расонад. -Ният дорам аз ҳосили имсолаи бадастомада ба оилаҳои камбизоат кумак расонам, - мегӯяд М.Раҳимов.
Ҳоким САФАР.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ХУРШЕДӢ
- Подробности
-
09 Фев 2018
- Опубликовано 09.02.2018 13:48
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир гардид. Дар ин радиф мардуми сарбаланду меҳнаткаши диёри файзбори мо ҳам баробари кулли сокинони кишвар ҷашни фархундаву рӯ ба некиоварандаро хушу хуррам истиқбол карданд.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳия ҳафтаи сипаришуда дар маркази ҷамоат назди шоҳроҳи Душанбе-Рашт бо намоиши ҳунару дастовардҳои худ фарҳангу оини аҷдодонамонро ёд оварданд. Он рӯз баҳри таҷлил аз ин ҷашни хуршедӣ пиру барнои ҳашт деҳаи Ҷамоати мазкур ба таҷлилгоҳ омада, бо замзамаи шеъру таронаҳои халқӣ кафкӯбӣ мекарданд. Муовини раиси ноҳия Раҷабова Нурия Ҷунайдовна ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни хуршедӣ муборак гуфта, барори кори эшонро намуд.
Намоиши дастранҷи чеварону косибон, дуредгарону кандакорон Шарбону Раҳимова, Садбарг Салимова, Раҷабгул Абдуллоева, Файзимоҳ Сайфуллоева, Маҳмадулло Бобиев ва дигарон ба ҷашнвора ҳусни хоса зам намуд.
Дар ҷараёни баргузории ҷашни Сада фаъолону пирони рӯзгори ҳудуди Ҷамоати мазкур бо хушнудӣ ибрози андеша намуданд, ки таҷлил аз оину фарҳанги ниёгон моро ба худшиносиву худогоҳӣ ва хештаншиносиву меҳанпарастӣ мебарад. Ин пешниҳоди Сарвари давлат ба мардуми ҳунарманду меҳнаткаши тоҷик армуғони тозаест пешопеши таҷлили иди Сада. Ба ин хотир моро зарур аст, ки ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ беҳтару бештар саъй кунем.
ИҶРОИ НАҚШАИ КИШТИ БАҲОРӢ
- Подробности
-
13 Июнь 2018
- Опубликовано 13.06.2018 08:56
Нақшаи кишти баҳорӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон барзиёд иҷро гардид. Деҳқонони асил дар майдони 495,1 гектар кишт гузаронида нақшаро 102 фоиз таъмин карданд.Айни ҳол пайи иҷрои нақшаи кишти сабзавоту бунёди боғ кӯшиш доранд
ШИР ҲАСТ, КОРХОНА НЕ!
- Подробности
-
09 Фев 2018
- Опубликовано 09.02.2018 13:39
«ҚУРУТИ НУРОБОД» ИСТЕҲСОЛ МЕШАВАДУ
ШИРИ ФАЙЗОБОД АРЗОНУ НОТАЙЁР БА ФУРӮШ МЕРАВАД
Дар Паёми ба тозагӣ ироагардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид шудааст, ки ба «ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем».
Ин таъкиди Сарвари давлатамон саривақтӣ буда, ҳамагонро водор месозад, ки пайи амалӣ намудани он ҳама чораҳои имконпазирро бинем, то маҳсулоти истеҳсолшуда на дар шакли хом, балки дар шакли тайёр дар рафи фурӯшгоҳҳо ҷо гирад. Дар ин сурат имкон пайдо мешавад, ки баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба буҷаи ноҳия ҳам маблағи зурурӣ ворид гардад.
Чандест, ки раиси ноҳия барои ташкили корхонаҳои коркарди шир масъулинро таъкид мекунад, аммо ҷиддан онҳо пайи бунёди чунин корхонаҳо нестанд. Чаро?
Аз ҳисоботи оморӣ бармеояд, ки соҳаи чорводорӣ сол аз сол дар ноҳия тараққӣ кардаву нақшаи истеҳсоли ширу гӯшт иҷро мегардад. Вале, чӣ тавре мушоҳида мегардад, шир дар ноҳия коркард нагардида, берун аз ноҳия фурӯхта мешавад.
Ҳол он ки дар гузаштаи начандон дур дар назди собиқ бозори «Хайр»-и маркази ноҳия сехи коркади шир ташкил шудаву қариб даҳ намуд маҳсулоти ширӣ тайёр мекард.
Айни ҳол нуқтаҳои ширқабулкунӣ дар деҳаҳои Элоку Мискинобод низ мавҷуд асту ҳар кадоми онҳо яктоннагӣ ширро аз аҳолӣ қабул карда, нотайёр ба фурӯш мебароранд.
Оё барои ташкили кохонаҳои коркарди шир дар ноҳия маҳсулот нест? Ҷавоби ин савол моро ба суҳбати сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Сайдалӣ Шамсов кашид.
- Бояд қайд кард, ки солҳои охир баробари меваю сабзавот истеҳсоли ширу гӯшт дар ноҳия зиёд мегардад. Ин натиҷаҳо моро водор месозад, ки коркард, бандубаст ва сифати маҳсулоти соҳаро афзун намоем. Вале, мутаассифона, айни ҳол ба он муваффақ нагаштаем. Дар самти коркарди маҳсулоти чорво, яъне истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, мебояд дар нуҳ ҷамоате, ки дорем, сехҳои коркарди ширро ба роҳ монем, вале ба он муваффақ нагаштем, -иброз дошт Сайдалӣ Шамсов.
Мувофиқи ҳисобҳои оморӣ айни ҳол дар ноҳия ҳар моҳ 1 ҳазору 100 тонна шир истеҳсол карда мешавад, ки ба Ҷамоати деҳоти Бӯстон 68 тонна, Ҷамоати деҳоти Меҳробод 165 тонна, Ҷамоати деҳоти Вашгирд 55 тонна, Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев 190 тонна, Ҷамоати деҳоти Ҷавонон 122 тонна, Ҷамоати деҳоти Чашмасор 75 тонна, Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт 210 тонна, Ҷамоати деҳоти Мискинобод 208 тонна ва Ҷамоати шаҳрак 20 тонна рост меояд.
Ҳамаи ҷамоатҳо барои ташкили корхонаҳои истеҳсоли шир имконият доранд. Бо ташкили сехҳои коркарди шир даҳҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо шудаву анвои гуногуни маҳсулоти ширӣ дар ноҳия ва минтақа фаровону арзон мешавад ва буҷа ғанӣ мегардад.
Соҳибкор Р.Назиров, ки дар деҳаи Элок яхдони ширхунукунаки 6-тоннагӣ дорад, нияти ташкили сехи коркарди ширро дар собиқ бозори «Хайр» ба роҳ монданист. Ин сех метавонад дар як рӯз то се тонна ширро коркард кунад.
Аммо бо як гул баҳор намешавад. Чӣ тавре дар боло ишора кардем, 1 ҳазору 100 тонна шири ҳар моҳ истеҳсолшаванда ташкили чандин корхонаро тақозо мекунад.
Солҳои шуравӣ дар маркази ноҳия корхонаи қабулу коркарди шир фаъол буд. Ҳоло он дар тавозуни хоҷагии деҳқонии «Дошмандӣ» мебошад. Ин корхона он солҳо тамоми шири истеҳсолшудаи ноҳияро коркард намуда, маҳсулоти ширрӣ истеҳсол мекард. Ба таври дигар гӯем, дар як рӯз зиёда аз 100 тонна шир қабул мекард. Имрӯз бошад, корхона дар ҳолати валангор қарор дошта, рӯ ба нестшавӣ дорад. Хуб мебуд роҳбари хоҷагӣ корхонаро таъмиру омодаи кор созад ё ба соҳибкоре ба иҷора диҳад. Яъне барои дар шакли маҳсулоти хом ба берун аз ноҳия фурӯхтани шири ноҳия монеъ шавад.
Дар ноҳияи Нуробод корхонаи шир бо тамғаи «Қурути Нуробод» маҳсулот мебарорад, ки харидорони зиёде дорад. Чаро мо аз эшон ибрат нагирем? Файзобод дар шафати шаҳрҳои Душанбе, Роғуну Ваҳдат ҷой гирифтааст, яъне мо бозори фурӯши маҳсулотамонро дорем, пас чаро дар ин кор хунукназариро пеша кардаем. Боз чиро мунтазирем?!
ДЕҲҚОНИ АСИЛ АЗ ШӮРАЗОР ҲАМ ҲОСИЛ МЕГИРАД
- Подробности
-
27 Март 2018
- Опубликовано 27.03.2018 14:59
Баҳорро бедории сол ё зиндашавии табиат мегӯянд. Зеро дар ин фасл оламу одам ҳамагӣ ранги дигар мегиранд. Дақиқан медонем, ки ниёгонамон Наврӯзро оғози сол гуфтаанд. Аҷдодонамон баробари зинда шудани табиат ба хотири пур кардани кулвори зиндагӣ аввалин донаи умедро ба замин мепошанд. Аз ин хотир баҳорро фасли деҳқон мегӯянд. Гузаштагонамон аз қадим ба ин шева кору пайкор доштанду шуғли асосиашон деҳқониву чорводориву зироаткорӣ буд. Ба хонандаи закӣ як тан аз деҳқонони асили диёрро муаррифӣ кардан мехоҳем.
Бобати деҳқонии Ислом Сайфуллоев шояд баъзеҳо маълумот дошта бошанд. Ӯ ҳам деҳқон асту ҳам чорводор. Ҷойи дигар моҳипарвару занбӯриасалпарвар. Атрофи номи ин ҷавони меҳнативу аз обилаи кафи даст нон мехӯрдагӣ ба такрор гӯем ҳам шояд на ба ҳамаи хонанда ошно гардад. Бояд бигӯем, ки ӯро модари “рекордист”-аш Надежда Сайфуллоева машҳур кард. Ислом писари ҳамон Надеждаест, ки соли 2014 зимни вохӯрии соҳибкорон бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд, ки булғории 560-грамаи парваришнамудаашро ба китоби рекордҳои Гиннес ворид созанд.
Ислом дур не, ҳамагӣ ҳафт сол пештар ба деҳқонӣ машғул шуд. Аввалҳо чун дигар сокинони диёр ба мардикорӣ мерафт. Дид, ки бо меҳнати ҳалол аз замин нон ёфтану рӯзӣ бурдан имкон дорад, ба пуррагӣ ба шуғли деҳқонӣ камар баст.
Имрӯз ӯ якҷо бо бародаронаш наздик дар 3 гектар замин сабзавоткорӣ мекунад. Дар он ҳамагӣ чор бародар машғуланд, мавсими тобистон бошад, баробари зиёд гардидани корҳои мавсимӣ то ҳашт-даҳ нафарро киро мекунанд. Мавсими соли гузашта дар масоҳати 0,90 гектар кишти помидорро ба роҳ монда 50 тонна ҳосил ба даст овард, ки дар ҳаҷми зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ ба бозорҳои кишвар аз ин навъи зироати полезӣ ба фурӯш баровардааст. Кишти имсолааш бошад аз ҳисоби ғалладонагиҳо 15 гектар аст. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагии деҳқонии ин кишоварзи асил ҳамагӣ 2,5 гектаррро дар бар мегирад. Мавсуф гуфт, ки кишти солонаашро аксаран дар заминҳои иҷорагирифтааш ба роҳ мемонад. Чун меҳнати ҳалолу азми сидқан ба замин кор карданро дорад, ҳосили хуб ба даст меораду аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти дастранҷаш хароҷоту маблағи заминҳои иҷораро пӯшонида, фоидаи иловагӣ ба даст меорад. Дар ин оила, ки сарварии ҳамаи хоҷагиҳоро Ислом ба ӯҳда дорад, ба ҷуз модараш дигар ҳама маълумоти олӣ надоранд. Аз ягон агроном ҳам маслиҳати кишту коркарди агротехникии ин ё он зироатро намегиранд. Ислом мегӯяд: “аз интихоби тухмӣ то коркарди агротехникиву додани нуриҳои минералӣ, ҳамаи кори парваришу роҳҳои бадастоварии ҳосили хубро аз сомонаҳои интернетӣ меомӯзад. Барои ҳосили хуб ба даст овардан, тухмии хубро интихоб намудан лозим аст. Нарму мулоим кардан ё додани нурӣ вақту соати муайяни худро дорад. Ба ин танҳо ба ҳолати нашъунамои зироат аҳамият додан лозим аст”.
Соли гузашта баъди ҷамъоварии ҳосили якум Ислом дар масоҳати 0,50 гектар лубиё кишт намуда, аз 32 киллогарм тухмӣ 1 тонна ҳосил ба даст овард.
Илова бар ин ӯ дар чорводориву моҳипарварӣ ва дигар навъи хоҷагидорӣ низ маҳорат дорад. Пайваста заҳмат мекашад, кор мекунад, то фоида бигирад.
Имрӯз ӯ аз норасоии мутахассис танқисӣ мекашад. “Барои зиёд намудани майдони кишту парвариши чорвову моҳӣ аз ин беш дастам намерасад, мегӯяд ӯ. Агар мутахассисони хуб бошанд, тариқи шартнома ба кор мегирам.
Ислом Сайфуллоев заминро беҳтарин сармояи рӯзии инсон медонад. “Ягон намуди замин беҳосил нест. Фақат танбалии инсон аст, ки заминро беҳосил мегардонад”, ақида дорад ӯ.
МУҲЛАТҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ
- Подробности
-
09 Фев 2018
- Опубликовано 09.02.2018 13:34
Дар шароити ноҳияамон, вобаста аз баландии ҷойгиршавии минтақаҳо аз сатҳи баҳр, бунёди боғзорҳоро дар 3 муҳлат гузарондан мумкин аст:
1. Тирамоҳ - вақти ҳарорати ҳаво аз 5оС гармӣ паст набудан. Дар минтақаи поён, минтақаи нисбатан гарми ноҳия ин аз ҳама муҳлати беҳтарин мебошад, чунки дарахтон ба намии хуб таъмин шуда, баробари фарорасии гармӣ ба сабзиш ва нашъунамо шурӯъ карда, мутобиқ ба муҳити маҳал хуб сабзиш мекунанд. Ин муҳлат асосан ба минтақаҳои аз Ҷамоати деҳоти Бӯстон сар карда, то Ҷамоати деҳоти Чашмасор рост меояд.
Бунёди боғҳои тирамоҳиро дар ин ҷо баробари саршавии хазонрез, яъне аз моҳи ноябр шурӯъ кардан мумкин аст. Афзалияти дигари муҳлати тирамоҳӣ дар он аст, ки дарахтони донакдору тухмдори шинондашударо пайвастшавии решаашон ба замин хело беҳтар аст.
2. Зимистон - дар минтақаҳое, ки водигӣ буда ҳарорати ҳавояшон то моҳи феврал нисбатан гарм аст, ба ҷо оварда мешавад. Ба ин минтақа аз Ҷамоати деҳоти Бӯстон сар карда то қисман Ҷамоати деҳоти Ҷавонон дохил мешавад.
Вақти шинондани дарахт дар зимистон дар назар бояд дошт, ки дар ин минтақа бояд ҳарорати ҳаво аз 0оС паст набошад ва замин тайёр буданаш даркор аст.
3. Баҳор - дар минтақаҳое, ки ҳарорати ҳавояшон нисбатан хунук буда, зимистонашон сербафу тӯлонӣ аст, гузаронида мешавад. Ба чунин минтақа дар ноҳияи мо қисме аз Ҷамоати деҳоти Чашмасор сар карда то Ҷамоати деҳоти Мискинобод дохил мешавад. Дар ин ҷо бунёди боғзорҳоро танҳо баҳорон то охири моҳи апрел гузаронидан мумкин аст. Барои ин минтақаҳо ниҳолшинонии тирамоҳӣ ва зимистонӣ тавсия карда намешавад, чунки ҳарорати хунук ба ниҳолҳои шинондашуда осеб расонданаш аз эҳтимол дур нест. Дар минтақаҳои баландиашон аз сатҳи баҳр то 1000 метр ҷойгиршуда ниҳолшинонии баҳориро то 20 март (то иди Наврӯз) давом додан мумкин аст. Дар минтақаи дар боло нишондодашуда ниҳолшинониро баҳорон аз даҳрӯзаи аввали моҳи март шурӯъ намуда, онро то он даме, ки муғчаҳои дарахт ба афзоиш шурӯъ менамоянд, яъне то охири моҳи март ва дар баъзе ҷойҳо вобаста ба баландтар ҷойгиршавиашон то 20 апрел давом додан мумкин аст.
Барои минтақаҳои поёни ноҳия бошад, ин муҳлат тавсия дода намешавад, чунки баҳорон дар ин ҷо ҳарорати гармӣ тезтар фаро мерасад. Аз ин рӯ муҳлат хеле кӯтоҳ буда, мо имконияти дар муҳлати муайян шинондани дарахтро намеёбем.
Дар ҳамаи минтақаҳои номбаршуда то саршавии маъракаи ниҳолшинонӣ замини барои бунёди боғзори оянда ҷудошударо ба қисмҳо ҷудо карда, ҷои ҳар як ниҳолро муайян карда, нишона гузоштан зарур аст.
Диққати асосиро бояд ба он равона намоем, ки маъракаи ниҳолшинонии ҳар минтақа дар муҳлатҳои муайянгардида ба ҷо оварда шаванд. Дар акси ҳол барои нашъунамои дурусти ниҳол ва тез ба ҳосилдароии он таъсири манфӣ хоҳад расид. Аз тарафи дигар муҳлати дарахтшинонӣ хело нозукиҳо дошта, маҳдуд аст ва барои дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба ҷо овардани он вақт интизор намешавад.