КИШОВАРЗӢ
ОБ ҶОНИ ЗАМИН АСТ
- Подробности
-
27 Фев 2018
- Опубликовано 27.02.2018 08:34
Бо тақозои касб дар маҷлису ҷамъомадҳои сатҳи ноҳиявӣ иштирок карда, аз забони роҳбарияти ноҳия дар ҳаққи ин ё он сардори корхонаю муассисаҳои амалкунанда таърифу тавсиф мешунавем. Яке аз роҳбарони таърифӣ Нусрат Саидмуродов аст. Ду сол пеш дар давраи раиси ноҳия будани Имомназар Каримиён идораи Н.Саидмуродов ҳамчун «Корхонаи беҳтарин» унвон гирифт ва сазовори мукофоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гардид.
Нусрат Саимуродов чӣ шахсиятест? Марди ҳалиму фурӯтан, соҳибмаърифат, роҳбари кордон дар идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия. Ҷараёни роҳбарии ӯ ба ҳафт қадам гузошт. Аз хусуси об ва нигоҳдории замин сухан кушоӣ, мутафаккирона мегӯяд: «Об ҷони замин аст».
Идораи маъмурии Н.Саидмуродов дар се утоқи хурд-хурд ҷой гирифтааст. Даҳ-дувоздаҳ сол пеш, ки «Идораи хоҷагии оби Файзобод» номгузорӣ мешуд, соҳиби бинои алоҳидаи серутоқ ва боғи гулафшону мевадиҳанда дошт. Роҳбарони ҳамонвақтаи идора қисми зиёди утоқҳои корӣ ва иншооти ёрирасонро хусусӣ карданд. Ин амал хилофи қонун буд.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар се утоқи хурд-хурд ҷойгир бошад ҳам, корҳои бузургро иҷро мекунад. Аз 6 ҳазор гектар зиёдтар заминҳои обии ноҳия обтаъминкунии 1300 гектараш дар зиммаи коргарони ҳамин идора аст. Обчиҳо он қадар маоши баланд нагиранд ҳам, вазифаашонро ба хубӣ иҷро мекунанд. Бояд бигӯем, ки кори софдилонаи онҳо боиси соҳибобрӯ шудани роҳбари идора гардидааст. Нусрат Саидмуродов муҳандиси техникӣ Абдуқаҳҳор Солеҳов ва мутасаддии хатҳои об Саид Каримовро «ду қаноти мустаҳками худ» медонад.
Пеш 41 нафар кормандони идора пурра аз буҷети давлат маош мегирифтанд. Акнун бо тавсияю дастури Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат 17 нафар аз ҳисоби давлат моҳона мегиранд, боқӣ аз рӯи хизматрасонӣ, яъне ҷамъоварии ҳаққи об. Мешавад, ки заминдорон, онҳое, ки аз оби каналҳои мавҷуда истифода мебаранд, зихнагӣ карда ҳаққи истифодаи обро бо «кашмакаш» мепардозанд. Ин гуна муносибат, албатта, барои кормандони идора нофорам аст. Вале илоҷ нест, ба ҳар роҳе набошад бояд пули обро ғун кард.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ҳамааш шуда як булдозер ва як экскаватори хурд дорад, ки барои таъмири се канал («Гумбулоқ», «Файзобод», «Даштимарзо») ва ду қитъаи чоҳи амудӣ, воқеъ дар мавзеи Қуруғ ва Фақиробод басандагӣ намекунад. Роҳбари корхона роҳҳои аз вазъият баромаданро ҷустуҷӯ карда ба мақсадҳои хеш ноил мегардад. Масалан, Кумитаи заминсозӣ ва геодезияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тоза кардани каналҳо 1,5 тонна сӯзишворӣ ҷудо карда, ҳаққи механики экскаватори кирошударо низ пардохт намуд. Бо сӯзишвории ҷудошуда аллакай 2,5 километр хатти канали 6,5-километраи «Хӯҷамард» аз хоку қум тоза шуд. «Хӯҷамард» аз дарёчаи Элок об гирифта эҳтиёҷи аҳолии шаҳрак ва заминҳои хоҷагии деҳқонии ду ҷониби шоҳроҳро бо об таъмин мекунанд.
Нусрат Саидмуродов афсӯс мехӯрад, ки истифодаи оби дарёи Кофарниҳон, ки тавассути пойгоҳи обпартоии «50-солагии Тоҷикистон» сӯйи заминҳои Файзобод, то дашти Оқчопар меояд, мушкилоти зиёд дорад. Пойгоҳи обпарто ба шаҳри Ваҳдат тааллуқ дораду канали «50-солагии Тоҷкистон» ба ноҳияи Файзобод. Гаронии нархи барқ имкон намедиҳад, ки кори мунтазами ин пойгоҳ ба роҳ монда шавад, вагарна садҳо гектар замини обталаби ноҳияро аз дарёи Кофарниҳон шодоб карда, садҳо тонна пиёзу картошкаю помидор ва дигар полезиҳо гирифтан мумкин аст.