Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

КИШОВАРЗӢ

ДЕҲҚОНИ АСИЛ АЗ ШӮРАЗОР ҲАМ ҲОСИЛ МЕГИРАД

Баҳорро бедории сол ё зиндашавии табиат мегӯянд. Зеро дар ин фасл оламу одам ҳамагӣ ранги дигар мегиранд. Дақиқан медонем, ки ниёгонамон Наврӯзро оғози сол гуфтаанд. Аҷдодонамон баробари зинда шудани табиат ба хотири пур кардани кулвори зиндагӣ аввалин донаи умедро ба замин мепошанд. Аз ин хотир баҳорро фасли деҳқон мегӯянд. Гузаштагонамон аз қадим ба ин шева кору пайкор доштанду шуғли асосиашон деҳқониву чорводориву зироаткорӣ буд. Ба хонандаи закӣ як тан аз деҳқонони асили диёрро муаррифӣ кардан мехоҳем.

Бобати деҳқонии Ислом Сайфуллоев шояд баъзеҳо маълумот дошта бошанд. Ӯ ҳам деҳқон асту ҳам чорводор. Ҷойи дигар моҳипарвару занбӯриасалпарвар. Атрофи номи ин ҷавони меҳнативу аз обилаи кафи даст нон мехӯрдагӣ ба такрор гӯем ҳам шояд на ба ҳамаи хонанда ошно гардад. Бояд бигӯем, ки ӯро модари “рекордист”-аш Надежда Сайфуллоева машҳур кард. Ислом писари ҳамон Надеждаест, ки соли 2014 зимни вохӯрии соҳибкорон бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд, ки булғории 560-грамаи парваришнамудаашро ба китоби рекордҳои Гиннес ворид созанд.

Ислом дур не, ҳамагӣ ҳафт сол пештар ба деҳқонӣ машғул шуд. Аввалҳо чун дигар сокинони диёр ба мардикорӣ мерафт. Дид, ки бо меҳнати ҳалол аз замин нон ёфтану рӯзӣ бурдан имкон дорад, ба пуррагӣ ба шуғли деҳқонӣ камар баст.

Имрӯз ӯ якҷо бо бародаронаш наздик дар 3 гектар замин сабзавоткорӣ мекунад. Дар он ҳамагӣ чор бародар машғуланд, мавсими тобистон бошад, баробари зиёд гардидани корҳои мавсимӣ то ҳашт-даҳ нафарро киро мекунанд. Мавсими соли гузашта дар масоҳати 0,90 гектар кишти помидорро ба роҳ монда 50 тонна ҳосил ба даст овард, ки дар ҳаҷми зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ ба бозорҳои кишвар аз ин навъи зироати полезӣ ба фурӯш баровардааст. Кишти имсолааш бошад аз ҳисоби ғалладонагиҳо 15 гектар аст. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагии деҳқонии ин кишоварзи асил ҳамагӣ 2,5 гектаррро дар бар мегирад. Мавсуф гуфт, ки кишти солонаашро аксаран дар заминҳои иҷорагирифтааш ба роҳ мемонад. Чун меҳнати ҳалолу азми сидқан ба замин кор карданро дорад, ҳосили хуб ба даст меораду аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти дастранҷаш хароҷоту маблағи заминҳои иҷораро пӯшонида, фоидаи иловагӣ ба даст меорад. Дар ин оила, ки сарварии ҳамаи хоҷагиҳоро Ислом ба ӯҳда дорад, ба ҷуз модараш дигар ҳама маълумоти олӣ надоранд. Аз ягон агроном ҳам маслиҳати кишту коркарди агротехникии ин ё он зироатро намегиранд. Ислом мегӯяд: “аз интихоби тухмӣ то коркарди агротехникиву додани нуриҳои минералӣ, ҳамаи кори парваришу роҳҳои бадастоварии ҳосили хубро аз сомонаҳои интернетӣ меомӯзад. Барои ҳосили хуб ба даст овардан, тухмии хубро интихоб намудан лозим аст. Нарму мулоим кардан ё додани нурӣ вақту соати муайяни худро дорад. Ба ин танҳо ба ҳолати нашъунамои зироат аҳамият додан лозим аст”.

Соли гузашта баъди ҷамъоварии ҳосили якум Ислом дар масоҳати 0,50 гектар лубиё кишт намуда, аз 32 киллогарм тухмӣ 1 тонна ҳосил ба даст овард.

Илова бар ин ӯ дар чорводориву моҳипарварӣ ва дигар навъи хоҷагидорӣ низ маҳорат дорад. Пайваста заҳмат мекашад, кор мекунад, то фоида бигирад.

Имрӯз ӯ аз норасоии мутахассис танқисӣ мекашад. “Барои зиёд намудани майдони кишту парвариши чорвову моҳӣ аз ин беш дастам намерасад, мегӯяд ӯ. Агар мутахассисони хуб бошанд, тариқи шартнома ба кор мегирам.

Ислом Сайфуллоев заминро беҳтарин сармояи рӯзии инсон медонад. “Ягон намуди замин беҳосил нест. Фақат танбалии инсон аст, ки заминро беҳосил мегардонад”, ақида дорад ӯ.