Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

КИШОВАРЗӢ

КАБУДИЗОРКУНИ: ШИНОНИДАН ҲАСТ, НИГОҲУБИН ЧӢ?

Шинонидани ниҳол кори савоб аст. Аҳамияти иқтисодиаш бошад бештар. Гузашта аз ин боғу дарахтзор табиатро тозаю дилкаш мегардонад. Олимон исбот кардаанд, ки майдони як гектар боғ 30 ҳазор одамро бо ҳавои тоза таъмин мекунад. Ин шабурӯзи фасли баҳор, ки айёми кабудизоркуниву ниҳолшинонист, перомуни масъалаи мазкур суҳбате оростем бо сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Маҳмадулло Назаров.

- Мегуфтед, ки ҳолати кабудизоркунӣ дар ноҳия чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҷиҳати иҷрои протоколи машварати кории Президенти мамлакат дар мулоқот бо сохтмончиёни НБО-и Роғун аз 16 июли соли 2015 бо мақсади кабудизоркунии ду паҳлуи шоҳроҳи Ваҳдат-Файзобод-Роғун нақша-чорабиниҳо тартиб дод. Пайи иҷрои ҳамин нақша то ба имрӯз дар шоҳроҳ 9302 бех ниҳол шудааст ва ниҳолшинонӣ идома дорад.

- Ниҳолҳо аз куҷо оварда мешаванд ва ба иқлими ноҳияамон то кадом андоза мутобиқат мекунанд?

- Ниҳолҳо истеҳсоли ватанианд. Мо бештари ниҳолҳоро аз деҳаи Чиламазори шаҳри Ваҳдат мегирем. Ҳама намуди ниҳолҳои шинонидашуда ба обу ҳавои ноҳия мувофиқанд. Зеро шаҳри Ваҳдат дар ҳамсарҳадии мо ҷойгир аст ва аз ҷиҳати рутубату намнокӣ чандон фарқият надорад. Ва тибқи нишондиҳандаҳои агротехникӣ ҳафтоду панҷ дар сади ниҳолҳои мазкур қобилияти сабзишро доранд.

- Ҳолати нигоҳубини 9 ҳазор бех ниҳоли шинонидашуда чӣ гуна аст? Аз ин шумора ҳамаи ниҳолҳо сабзидаанд?

- Нисбати соли гузашта ҳолати кабудизоркунӣ хело хуб аст. Маълум, ки вақти шинонидан қоидаҳои агротехникӣ риоя шудааст. Гуфтан ба маврид аст, ки сабзиши ниҳол аз намнокии замин вобастагӣ дорад. Тибқи маълумоти Агентии обу ҳавошиносӣ соли ҷорӣ ҳаво нисбатан гарм хоҳад омад. Аз сабаби гарм омадани охирҳои моҳи феврал ва аввали ҳамин моҳ сабзиши ниҳолҳо суст гардида, то андозае таъсири манфӣ расонд. Ба ин хотир мо ниҳолҳоро як маротиба об додем. Ниҳолҳои хушкшударо иваз кардем. Имрӯзҳо ба хотири дубора зарар надидан аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия нақшаи мавсимӣ тартиб дода шудааст, ки дар асоси он ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ӯҳдадоранд, ки дар ҳолати камнамии замин ниҳолҳоро бо об таъмин кунанд.

- Мегуфтед, ки имрӯзҳо дар самти кабудизоркунии ноҳия кадом ҷамоат пешсаф аст?

- Айни ҳол дар тамоми ноҳия шинонидани ниҳолу буттаҳои ороишӣ ва бунёду азнавбарқарорсозии боғҳо ҷараён дорад. Дар ин маъракаи ободонӣ ҷамоати шаҳраки Файзобод ва ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод, ба номи Дӯстмурод Алиев ва Ҷавононро қобили зикр медонам.

- Оянда чӣ нақша доред?

- Нақшаи имсолаи мо дар ин самт шинонидану нигоҳубини 83 ҳазор ниҳоли мевадиҳандаву ороишист. То ба имрӯз аз ҳамаи намуди дарахтон дар ноҳия 19355 бех ниҳол шудааст. Ният дорем, ки ниҳолҳои боқиро шинонида, корҳои ободониро дар самти кабудизоркунӣ ҷоннок намоем.

Мусоҳиб Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори “НФ”.