Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

КИШОВАРЗӢ

НАҚШАИ БУНЁДИ БОҒ ИҶРО МЕШАВАД

Гузориши муовини якуми раиси ноҳия Акрамзода З.А. оид
ба натиҷаҳои соҳаи кишоварзӣ дар семоҳаи  аввали соли 2016

Дар се моҳи аввали соли равон, зери сиёсати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат корҳои зиёди амалӣ анҷом дода шуда, баҳри ободониву бунёдкорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба кор андохтани садҳо иншооти истеҳсоливу маишӣ ва ба ин васила баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар ва сатҳи зиндагии сокинони он чораҳои  амалӣ роҳандозӣ карда шудаанд.

Дар се моҳи аввали соли 2016 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 25220,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6627,2 ҳазор  сомонӣ  кам мебошад.

Кишоварзони ноҳия нақшаи кишти баҳориро, ки майдони 2236  га-ро ташкил медиҳад, 56 фоиз иҷро намуда дар майдони 1199 га кишти зироатҳоро гузаронидаанд.

Маълум аст, ки солҳои охир майдони кишти картошка дар ноҳия зиёд гардида истодааст, ки он баҳри иҷрои барномаи озуқавории мамлакат қадамест устувор. Дар се моҳи соли  ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 194 гектар картошка кишт намудаанд.

Тибқи иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2015-2020» бояд  кишоварзони ноҳия 3554 гектар боғу токзорҳои нав бунёд  намоянд. Дар се моҳи  аввали соли 2016 дар ноҳия 573 гектар боғу токзорҳои нав   бунёд карда шуд, ки 86 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Чорводорӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ва пешбаранда дар комплекси агросаноатии ноҳия ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза ба ин соҳаи муҳим диққати зарурӣ дода мешавад. Чорводорони хоҷагиҳои ноҳия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 369 тонна гӯшт, 3710 тонна шир,  12513  ҳазор дона тухм истеҳсол карданд. Имрӯз дар ноҳия саршумори чорвои калони шохдор 43444  сар, бузу гӯсфанд 105409  сар,  паранда 278981 сар, асп 1407 сар ва оилаи замбӯри асал ба 7663  оила расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Яке аз омилҳои зиёд намудани саршумори чорво, гирифтани гӯсола ин дуруст ба роҳ мондани такрористеҳсолкунии чорво  ва ба роҳ мондани бордоркунии сунъӣ мебошад. Дар ноҳия барои пеш бурдани кори зотпарварӣ 3 пункти  бордоркунии  сунъии чорво бо дастгирии Ҳукумати ноҳия ташкил карда шудааст.

Мутаассифона, хоҷагиҳои чорводори ноҳия дар ин самт корро суст ба роҳ мондаанд.

Дар ноҳия саршумори паранда ва истеҳсоли тухм  сол аз сол кам гардида истодааст. ҶСК «Мурғи ҳилол» ба парвариши паранда машғул буда, дар баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳаи мазкур саҳми калон дошт. Мутаассифона, аз соли 2014 сар карда вазъи иқтисодии ин корхона паст гашта,  саршумори паранда ва истеҳсоли тухм дар ин корхона кам гардид.

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар се моҳи аввали сипаригашта дар 30 корхонаю муассиса, хоҷагии давлатӣ ва ғайридавлатӣ санҷишҳои назоратӣ гузаронида дар давоми санҷишҳои гузаронидашуда ба миқдори 60 супоришу пешниҳод ва амрномаҳо дода шудааст, ки иҷрои 50- тои онҳо таъмин гардидааст.

22 нафар қонунвайронкунандагон ба маблағӣ 1440 сомонӣ ҷарима шуда нисбати 3 нафари шаҳрвандон мавод тартиб дода ба суди ноҳия барои баррасӣ ва чораҷӯӣ ирсол гардидааст. Бо мақсади кабудизоркунии ду паҳлӯи шоҳроҳи   Ваҳдат – Файзобод – Роғун  ба миқдори 9302 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонида шуд. Тибқи қарори раиси ноҳия  «Дар бораи гузаронидани чорабиниҳои кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар ноҳия» дар ҳудуди ноҳия дар мавсими кабудизоркунӣ ва ободонӣ ба миқдори  36501 ниҳолҳо шинонда шудааст.

Кумитаи идораи замини ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2016  як қатор корҳоро оиди муносибатҳои вобаста ба замин ва заминсозӣ, риояи қонунгузории замин, ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои заминистифодабарӣ дар ноҳия ба анҷом расонид.                                             

Дар ҳудуди ноҳияи Файзобод 25 ҳодисаҳои вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 55  гектар ошкор карда шудааст.              

Шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия фаъолиятдошта барои иҷрои  пурраи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2016   як қатор корҳои алоҳидаро ба иҷро расонданд.                                                                                                                                          

Дар моҳҳои январ - марти соли 2016 коллективи коркунони шуъбаи омори ноҳияи Файзобод аз 3479 корхонаю хоҷагиҳо ва ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолияткунанда, аз он ҷумла аз 3144 хоҷагии деҳқонӣ  ҳисоботҳои оморӣ ҷамъоварӣ намуда,  маълумотҳои ҷамъбастии онро ба Агентии  омор ва муассисаи давлатии маркази кулли ҳисоббарорӣ пешниҳод карда шуд.    

Дар семоҳаи якуми соли 2016 аз корхонаю хоҷагиҳо ва ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта 173 адад корҳои омор қабул намуда, ҷамъбаст карда  аз натиҷаҳои он ба Муассисаи давлатии маркази кулли ҳисоббарорӣ маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар давоми семоҳаи  аввали соли ҷорӣ барои дер ва нодуруст пешниҳод намудани маълумоти оморӣ ба 1 нафар шахси масъул ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 400 сомонӣ баста шуд. Инчунин ба 4 нафар шахсони масъули ҳисоботсупорандагон барои бо дермонӣ ва хатогӣ  пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ огоҳнома дода шуд.

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар ин давра барои таъмин намудани кишоварзони ноҳия бо оби полезӣ барои мавсими имсола як қатор корҳоро ба сомон расониданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар канали Хӯҷамард ва Ҳазора таъмири ҷорӣ рафта истодааст. Ҳамзамон бо дастгирии Агенти беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон канали “50-солагии Тоҷикистон” бо пуррагӣ таъмир карда шуда, таъмири дарвозаҳои обпарто идома дорад.

Хоҷагиҳои ноҳия аз солҳои гузашта аз Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ба маблағи 110793 сомонӣ қарздор мебошанд, пардохти саривақтии ин маблағ ба пешрафти кор мусоидат мекунад.

Мутасаддиёни соҳаи кишоварзӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ тамоми чораҳоро меандешанд, ки камбудиҳои мавҷудаи соҳа сари вақт бартараф карда шуда, нақшаҳои барои соли 2016 таҳрезигардида бо сифати зарурӣ иҷро гардад.