КИШОВАРЗӢ
“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”: РУШД МЕКУНАД
- Подробности
-
28 Сен 2018
- Опубликовано 28.09.2018 09:16
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи ҳилол”, ки бо сабабимушкили молиявӣ чанд сол боз фаъолияти камранг дошт, дубора ба кор пардохт. Соли 2017 ба дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба корхона таҷҳизоти нав ва хӯроки паранда ворид шуда иқтидори он аз нав барқарор гардид ва имрӯзҳо бо номи “Ганҷи ҳилол” фаъолияти пурсамар дорад.
Бино ба гуфтаи Зафар Ҳакимов, директори корхона, аксаритаҷҳизоти корхона азхориҷикишваровардашуд. Корхона қобилияти нигоҳубинкардани қариб 300 ҳазорсармурғро дорад. Ҳамчунин, барои харидани зоти мурғҳои сермаҳсул бо соҳибкорони эронӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Аз оғози соли гузашта роҳбарияти он ҷиҳати барқарорсозии иқтидори пешинаи истеҳсолӣ наздики 100 ҳазор сарчӯҷаворид намуд. Ҳоло корхона 270 ҳазорпаррандадошта, рӯзҳоиназдик шумораашон ба 300 ҳазормерасад. Имрӯз тухм ва гӯшти паҳрезии ин корхона дар тамоми гӯшаву канори кишвар харидор доранд.
Дар корхонаи паррандапарварии “Ганҷи ҳилон” имрӯз 150 нафар коргар аз ҳисоби мутахассисону кормандони маҳаллӣфаъолиятмекунанд. Масъулин нияд доранд, ки шумораи коргаронро то соли оянда ба 300 нафар расонанд.
Корхонаи “Ганҷи ҳилол”бароиистеҳсолимаҳсулотихушсифатубозоргирдаряк қаторозмунҳоширкатварзида, азҷумлабоҷоизаи“МаҳсулотибеҳтаринисолдарТоҷикистон”, шаҳодатномаибрендисол“Қуллаишараф” сарфароз гардидааст.
Умед аст, ки пешрафти кори ҶДММ “Ганҷи ҳилол” ба фаровонии маҳсулоти маҳаллӣ мусоидат менамояд ва солҳои наздик ба яке аз корхонаҳои пешрафтатарини саноатӣ дар кишварамон табдил меёбад.
Зикрулло РАҶАБОВ, донишҷӯи ДМТ.