Пн10222018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ХИЁНАТ БА ВАТАН ХИЁНАТ БА МОДАР АСТ

Замин–модархудои мутлақи мо – ба хотири оромию осоиши ҷони инсонҳо  якмаром дар гирди меҳвари худ давр мезанад, чун модари  гаҳвораҷунбон шабзиндадорӣ мекашад, ки тифлонаш қисмати нек ёбанду фирефтаи “андешаҳои” бофтаю тофта нашуда, дар дунёи рӯшан барои худ ҷаннат бунёд кунанд ва ҳаёти хуррам ороянд. Фарзандони некбину тарбиятдида дар ивази некиҳои ин сайёраи хушбин бо дасту дили пок ба модархудои хеш аз дилу ҷон, бо амри имону виҷдон хизмат мекунанд, то ба гулҳои даршукуфти зиндагии худ обу ғизо бахшанд.

Афсӯс, ки дар баҳору табиати нотакрори ин Замини нозпарвар хорҳои нешдор мерӯянду бӯю таровати онро халалдор мекунанд.

Банда бо ин образ фарзандони нохалаферо дар назар дорам, ки ба модархудои  мутлақи худ хиёнат мекунанд, бо рехтани хуни ноҳақ замини нозанинро доғдор мегардонанд, накҳату таровати онро коҳиш медиҳанд.

Ин сатрҳо баъди тамошои филми телевизионӣ дар хусуси куштори Сафаралӣ Кенҷаев  ва дигар фарзандони асили Ватан аз ҷониби генерали лаънатшунида Ҳалим Назарзода рӯйи қоғаз рехтанд. Ҳар каси ин наворро дида ангушти ҳайрат мегазад, ки Назарзода то ба ин дараҷа ҷаҳолатмаоб будааст. Воқеан, ӯ чеҳраи манфур ва тинати ноҷури худро 4 сентябри соли 2015 аён карда буд. Табаддулоти давлатии ин гургбачаи палангшуда чанд ҳафта фазои кишварро ноором гардонда, халқи осоиштаро ба таҳлука андохт. Хуни ноҳақи чандин нафар фарзандони Ватан дар гардани ӯст! Ду тан аз ҷавонмардони файзободии ташнаи зиндагӣ Исмоил Пиров ва Раҷабмурод Орифов қурбони ошӯби барангехтаи Назарзода шуданд. Албатта, хешу ақрабои Исмоилу Раҷабмурод ҳамеша сӯйи гӯристони ӯ дасти лаънат мебардоранд.

Ҳалим Назарзода байни кӯҳу камар ба қатл расид, ба сахтӣ ҷон ба Ҷаббор супурд.

Номи ин гуна генералҳои ордендор дар саҳифаи таърихи миллат бо хати ғафси сиёҳ сабт мешавад!

Терроршудагони дасти Назарзода Ҳалим, аз ҷумла Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Ҳабиб Сангинов, Ҷумъахон Ҳотамӣ шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон буданд. Номбурдаҳо бо амалҳои некашон баҳри халқу Ватан шуҳрат доштанд. Онҳо метавонистанд ба хизматҳои кардаашон хизматҳои арзандатар зам намоянд.

Се тан аз дастгиршудагон, кушандаҳои Сафаралӣ Кенҷаеву дигарон, иқрор мешаванд, ки намояндаҳои пешсафи илму фарҳанги кишварро бо супориши хоҷагони хориҷии худ ба қатл мерасонданд. Онҳо муҷозоти худро аз сӯйи қонунҳои кишвар мебинанд. Вале сангинтарин ҳукм лаънати халқ аст, ки имрӯзҳо, баъди тамошои ҳамон навор аз даҳони пиру ҷавон садо медиҳанд. 

Мо ба мардуми Эрон хешии забонӣ дошта, ба ин хотир муносибати самимонаи дӯстона мепарварем. Ба руҳонияти Хоҷа Ҳофизу Шайх Саъдӣ, Фирдавсии бузург, ки зодагони ин сарзамин буда, ҳамчун классикони адабиёти форс-тоҷик  писандида мешаванд, ба Эрон бо назари неку дили пок менигарем. Медонем, ки турбати Хайёми фалсафасарои мо дар Нишопур ба зиёратгоҳи ин халқ табдил ёфтааст. Мо бошем, ба Мир Алии Ҳамадонӣ ихлосу эҳтироми хоса нишон медиҳем. Воқеан, шахсиятҳои бузург чун Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба миллату маҳал ва мазҳаби алоҳида  маҳдуд нестанд. Бузургии онҳо аз ин доираҳо берун рафта, баҳри хидмати аҳли башар шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Мир Саид Алии Ҳамадониро на танҳо дар Тоҷикистону Эрон, инчунин дар Покистон, Ҳиндустон, Афғонистону Ӯзбекистон ва мамолики шарқ ба хубӣ эътироф мекунанд. Ба ифтихори ин шахсияти олии илму ирфон ёдгориҳои арзандаи меъморӣ бунёд мешавад. Мақбараю гунбади ӯ дар шаҳри Кӯлоб равшании ифодаҳои болост. Ногуфта намонад, ки моҳи сентябри соли 1995 600-солагии ин мутафаккири равшанзамир дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷашн гирифта шуд. Дар маҷлиси ботантанаи баргузоргардида Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард. Пас чаро ёрони  носипоси мо барои аз байн бурдани фарҳанги ҳазорсолаҳои халқи тоҷик дасту остин бар зада, ба ин кор маблағ ҷудо мекарда бошанд?! Кош арвоҳи Саъдию Ҳофизу Хайём дар хоби ин тоифаи инсонҳо ба мисли “алабиҷӣ”, ба сурати аждаҳо дарояду талхакафашон кунад!

Дар ин навор аз забони террористони дастгиршуда номи Абдуллои Нурӣ ба бадӣ зикр шуд. Кас дар ҳайрат мемонад: шахсе, ки дар истиқрори сулҳи умумии тоҷикон ҳисса дораду дар музокираҳои расмии байни ҳукумату неруҳои мухолифин аз хонавайронии фарзандони модари тоҷик, хору залиливу овораю саргардониҳои “муҷоҳидин” бо дилсӯзӣ ҳарф мезад, ин қадар дилсардона рафтор доштааст!

Мо, халқи тоҷик, пас аз ҳазору чанд сол соҳиби давлати мустақил шудем. Шояд дӯстони дар нохунаки мо инро намехостаанд, ки баъди ба ивази ҷони ҳазорҳо нафар фарзандони бегуноҳи модари тоҷик аз ҷанги бародаркушии кишвар раҳо ёфтанамон ҳам бо дили пурғараз торику рӯшан, аёну ноаён ба сӯямон санг мепартоянд. Онҳо ақли фарзандониноасли моро харидорӣ карда ба пояҳои фарҳанги дар тараққиамон теша мезананд, мехоҳанд ба сохтори имрӯза халал диҳанд. Чаро ба садои баланд нагӯем, ки дирафш ҳеҷ гоҳ ба пӯлод кора намекунад, ду-се нафар ватанфурӯш шуд, ҳазорону милёнҳо  дар ҳифзи Ватан, дар сангари номуси он истодаанд, то рушду нумӯи Ватан халадор нагардаду дасти нопоке ба моҳу ситораи дурахшони ин сарзамин расоӣ надошта бошад.

Дар хотимаи сухан гуфтан мехоҳам, ки хиёнат ба Ватан хиёнат ба модар аст! Ҳар кӣ субҳашро бо ин ният оғоз мекунад, рӯзаш ба шаби тор табдил меёбад.

Маъруфи МАРОФЕЪ,

 рӯзноманигор.                                 

КУЛӮХАНДОЗРО ПОДОШ САНГ АСТ

Терроризм ва экстремизм тайи чанд соли охир ҳамчун як  хатари глобалӣ ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.  Зиёд гардидани шумораи ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта боиси  вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ ва  ҷалби насли ҷавон ба сафи гуруҳҳои  террористӣ гардидааст.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ҳамин тарафи  масъалаи мазкурро ба назар гирифта.  аҳли башарро   таъкид бар он менамоянд, ки терроризм-ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Воқеан ҳам  тамошои  наворҳои маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилаи мамлакат, ки шоми  8 августи соли равон аз тариқи  шабакаҳои телевизионҳои  кишвар пахш гардид, бозгӯи тасдиқи  гуфтаҳои болоии роҳбари давлатамон аст.

Дар урфият  дуруст мегӯянд, ки: «Гургзода оқибат гург шавад».

Калонкардаву  нонхӯрдаи  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикисон     Ҳалим Назарзода новобаста аз ҳамаи гузаштҳои сарвари давлат нисбаташ, ки ташкилкунандаи   ҷиноятҳои вазнини замони нооромиҳои кишвар ба ҳисоб мерафт, боз даст ба хиёнат дар нисбати халқу миллати худ зад. Ҳол он ки новобаста аз гуноҳҳои кардааш ба хотири  бақои миллат, рӯзгори осудаву сулҳу салоҳ  ва осмони софи мамлакат мавриди бахшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  гардида буд. Соҳиби рутбаи  баланди ҳарбӣ, мансаби баланд ҳам чашму дили ӯро ба давлату миллаташ  гарм насохт.  Афсус, ки  супориши хоҷагони хориҷияш барои ин хоини Ватан  аз ҳама чиз боло будааст.

Барои ҳамагон  рӯшан аст, ки  Ҳалим Назарзодаву Муҳиддин Кабирӣ, кӣ буданду гузаштагонашон чӣ давлату савлат доштанд, ки як бора соҳиби дороиҳои осмонкаф гаштанд. Даҳҳо корхонаву қасру кушкҳо сохта ва ё  иншоотҳои давлатиро бо маблағи ночиз аз худ намуданд.  Гӯё хориҷа барояшон  «хона»-и ҳамсоя гашт, ки кадом соату вақте, ки мехостанд  чипта барояшон муҳайё буд. Фарзандони худу ёру ошноҳо ҳама дар хориҷа таҳсил мекарданд. Аммо хоҷагони хориҷӣ тини худро  бе мақсад сарф намекунанд.  Натиҷааш ошуби  4 сентябри соли 2015 амалисохтаи  Ҳалим Назарзода буд, ки мехост ғаразҳои нопоки худу хоҷагони хориҷиашонро амалӣ сохта  Тоҷикистонро  ба Афғонистони дуюм табдил диҳанд. Мафкураи  мардуми озодаи моро бо ҳама таъриху фарҳанги пурғановати  азалии аҷдодонамон ба нестӣ расонидаву фарҳанг, расму оин ва ақидаҳои бегонагони бадкорро  маҷбуран ҷо намоянд.

Бо дарки баланди  он ки барои нобуд кардани як миллат, фарзандони бонангу номус ва соҳибмаърифати онро бояд нест кард  амал карда, солҳои  навадум   ба қатли беҳтарин   сарсупурдаҳои миллат  даст заданд.

Яъне, сармоягузорони хориҷӣ, бахусус чи тавре аз навор бармеояд, роҳбарияти вақти ҷумҳурии Эрон бо дасти зархаридони худ, ҳаммиллатони бенангу номусамон даст ба куштор заданд. Яъне онҳо  ҷанг бо ҳунару фарҳанг,   мактабу маориф ва  илм заданд.

Чӣ тавре ин қотилони  беномус  нишон доданд, беш аз 13 нафар  ситораҳои фарҳангу маънавиёт ва илми кишвар ба қатл расонида шудааст.

Воқеан ҳам бо кушта шудани раиси пешини Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев, журналисти маъруф Отахон Латифӣ, олимон Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, сиёсатмадор Карим Юлдошев, нависандаи маъруф Сайф Раҳимзоди Афардӣ, муфтии собиқ Фатҳуллохон, инчунин 20 нафар кормандони Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ва чанде дигарон онҳо мехостанд, ки ҳамаи гуноҳро ба  дӯши ҳукумат вогузор кардаву дар кишварамон  оташи ҷанги маҳалчигиро  рӯшан кардаву худ бо хости дилашон  ҳукумравоӣ кунанд. Муносибат бо кишвари Россияро сард созанд.

Аммо бо ҳамаи ин амалҳои ноҷавонмардона  ҳукумат бо сарварии  фарзанди сарсупурдаи худ Эмомалӣ Раҳмон ҷавоби сазовор дода, мардуми онро зери  сулҳу Ваҳдат  ба ҳам оварда, Тоҷикистонро аз парокандагӣ  наҷот дод.

Вақт довари ҳақ аст мегӯянд, ки ин ҳикмат  ҳиммати  худро дорад. Пас аз гузаштани солиёни зиёд, дар натиҷаи кори босамари мақомотҳои қудратии кишвар  чеҳраи аслии  хоинони ватан  бардошта шуд.

Гумонбаршудагон Тағоймурод Aшрапов, Aбдуқодир Абдуллоев ва Саймуҳриддин Қудратов, ки тарафдору иҷрочии сиёҳкориҳои генерал Абдуҳалим Назарзода ва Муҳиддин Кабирӣ  буданд, чун тутӣ сирри хоҷагони худро  ба  мардум фош намудаву онҳоро дар назди  таърих русиёҳ гардониданд. Маълум гардид, ки ҳамаи онҳо дар соли 90-ум  дар вилоятҳои Қум ва Гургон, шаҳрҳои Теҳрон ва Машҳади  ҷумҳури исломии  Эрон масъалаҳои қатлу  харобкориро омӯхта будаанд.

Генерали хиёнаткор Ҳалим Назарзода баъди исёни мусаллаҳонаи  4 сентябри соли 2015  кушта шудаву раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба ҷои назди  ҳамиллатони худ узру тавба кардан бо ишорачуби хоҷагони хориҷиаш сӯи ҳукумати кишвар кулухпартоӣ мекунад. Фаромӯш кардааст, ки мардум мегӯяд «кулӯхандозро подош санг аст».

Таърих ба ҳамаи кирдорҳои  нохалафон  баҳои сазовор хоҳад дод, аммо ҷониби роҳбарияти давлати исломии Эрон ба ҳамаи дастгириҳояш   нисбати хоинони миллати мо   чӣ мегуфта бошанд?

Тилло Соҳибназаров,

Раиси Шӯрои кӯҳансолони

Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи

 Тоҷикистон  дар ноҳияи Файзобод.

ТЕРРОРИСТ ДӮЗАХИСТ

Рӯ овардан ё пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ мушкилоте мебошад, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Вақтҳои охир дастаҳои таблиғотии ин гурӯҳҳо фаъол  гардида, ҷонибдорони худро барои иштирок дар ҷангҳои  Сурия ва Ироқ даъват менамоянд. Баъзе ҷавонони гумроҳу фиребхӯрдаи кишварамон  тавассути қаламрави кишварҳои дигар ба гурӯҳҳои террористии “Давлати исломӣ” ҷалб мешавад.

Подробнее...

Садои Кабирї боз баланд шуд

Тољикистони соњибистиќлоли мо  рўз аз рўз  ва сол то сол   ободтару зеботар гардида, рўзгори мардумонаш њам бењтару хубтар мегардад. Воќеан њам ин пешрафтанњову шукуфтанњо натанњо барои мо, тољикистониён, балки барои тољикони тамоми рўи олам мояи ифтихору сарбаландї мегардад. Њамаи дастовардњову  осмони софу  сулњи пойдори Тољикистони азиз моро ба он дилпур мегардонад, ки оянда дар як фурсати  на чандон  дароз  шомили рўйхати давлатњои пешрафтаи љањон хоњем гашт. Барои ба ин маќсаду орзу расидан њар як фарди кишварро зарур аст, ки новобаста ба эътиќоду аќидањои сиёсиямон чун фарзандони як оила муттањид шудаву  бањри амалї сохтани њамаи он  њадафњое, ки аз сиёсати  пешгирифтаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Сарвари давлатамон бармеояд, пурмањсул зањмат кашем.

Њодисањо ва равандњои сиёсии љањонї аз он башорат медињад, ки   дар ин рўзњои басо њасосу љањонишавї дар кишварњои пешрафта њамаи њизбњои сиёсї ба  њам омадаву  аз  сиёсати њукуматњои худ якдилона  пуштибонї менамоянд.

Аммо роњбарияти мухолифини тољик  бо сарварии раиси њизби дар Тољикистон мамнўи Нањзати Исломии Тољикистон Муњиддин Кабирї муќобили сиёсати пешгирифтаи имрўзаи роњбарияти Тољикистон хабарњои иѓвоангез пањн намудаву мехоњад номи кишвари азизи моро  дар арсаи љањон доѓдор кунад.

Чунончи рўзи  9-уми июли соли равон  дар шањри Дортмунди Олмон њамоиши мухолифини тољик   баргузор шуд. Дар он рањбари њизби мамнўи нањзати исломї Муњиддин Кабирї, намояндагони “Гурўњи 24” ва Анљумани нерўњои созандаи Тољикистон ширкат ва суханронї карданд. Яъне, Кабирї пас аз хомўшии начандон тўлонї, боз садо баланд кард.

Пўшида нест, ки Њизби Назњати Ислом аз рўзњои аввали фаъолияташ сиёсати душманона, ѓаразнок ва маќсаднокро пеша карда, дар сафњои худ одамони аз давлату миллат норозї, шахсони љиноятпеша  ва ё ба экстремизм майлдоштаро гирд оварда, њар сари љанд  ваќт дасисае ё иѓвоеро дар фазои сиёсии кишвар роњандозї мекунад.

Ин њамоиши онњо давоми њамон дасисабозињои эшон аст.

Чун  Муњиддин Кабирї, ки дар хориљи   кишвар ќарор гирифтаву  ба ину он беасосу бењуда шиква мекунад, ки гўё сари ўву наздиконаш фишор меоранду атрофи онњо иѓво меангезанд. Аммо љаноби Кабирї боре аз худ намепурсад, ки дар ин ќадар муддати роњбариаш  чї навигарие барои мардум кард? Чї  пешнињодоти љолиб барои рушду нумўи кишвар кард? Њатто дар зодгоњаш  кори савоберо накардаву  њамдењагонаш “дилсўзиву  њар лањза  аз муњаббат ба ватан” сухан гуфтанњояшро ёвагўињои беасос мешуморанду халос. 

Зеро имрўз њамагон медонанд, ки дар муддати  “кафлес”-и њизб дар дасташ будан чї ќадар  иншооту амволро барои худу наздиконаш хусусї  кард. Мањз бо дасти «сахо»-и Кабирї бинои хушсохти дуошёнаи ПМК-аи дар  маркази ноњиябуда ба вайронаву заводи асфалт бошад, ба нестї расидааст.

Бинои нимсохти кўчаи Исмоили Сомонии маркази ноњия низ баъди таъмири бесифат бо ќимати гарон ба «њамдиёрон» фурўхта шуд.

Иштињои ќозгири сиёсатмадори  љавон  поён надошт. ЉДММ «Сохтмон-Вањдат», ЉДММ «Ремстрой», ЉДММ «Бинокор сервис», ширкатњои тиљоратии  «Шањрванд», «Ситї», ЉСШК « Сомониён-3», «Баракат»,  хољагии дењќонии «Истиќлол», бинои нотамоми дар ноњияи  ба номи И. Сомонии шањри Душанбе ва чанди дигар  ба моликияти  ўву хешонаш  табдил ёфт.   Тањти сарпарастии Кабирї дањњо нафар њамдиёрону хешу таборонаш дар мамлакатњои арабї донишљў шуданд. Ба ќавле аќлњои худиро фидои идеологияи  беруна кард ў. Аксари онњо имрўз аз барбод рафтани чанд соли  умрашон пайи таълим дур аз кишвар, пушаймонанд.

Аммо имрўзњо дар бари ў бародаронаш Якошаву Муњаммадсолењ, хоњараш Бибисоро, писаронаш Руњулло, Муњаммаду Салимљон, љиянњояш Муњаммадљону Эмомалї, ки тахаллуси “Аббос”-ро дорад, истодаву тавассути шабакањои иљтимої ва ташкили пикетњо дар назди  сафоратхонањои кишварамон дар Аврупо ва  њамоишњои байналмилалї  ба паст задани арзишњои миллї ва дунявии  Љумњурии Тољикистон даст зада истодаанд.

Садои баландкардаи Кабирї ва амалњои пайвандону пайравонаш  акси худро дар љомеа намеёбад. Зеро  акнун њамагон медонанд, ки онњо киянду чикора ва гулу даронданњои онњо аз бањри пораи  устухони хољагони хориљияшон мебошад.

Миёнаи моњи июли соли равон бошад, сохтори минтаќавии зиддитеррористии Созмони њамкории Шанхай њизби дар Тољикистон мамнўи нањзати исломиро ба фењрасти гурўњњои “террористї-экстремистї” ворид кард.

Яъне њамин тариќ,  СЊШ, ки 8 кишвари бузурги љањонро бо ќаламрави умумии  3,4 млн. км2 ва беш аз 3,3 млрд. ањолї дар бар мегирад, ташкилоти террористї будани ЊНИТ-ро эътироф кард.

Ваќт худ довар асту хоњем дид, ки ин “ватандорон”и беватан  садои худро боз аз кадом сўрохї баланд мекарда бошанд.

Лочини НУР.

ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРО МАВЗӮИ РӮЗ

Солҳои охир миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ҳодисаҳои гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, гурӯҳҳои иртиҷоӣ аз қабили экстремистию террористӣ афзудааст. Афзоиши ин падидаи номатлуб дар байни ҷавононе, ки бо мақсади дарёфти манбаи зиндагӣ, беҳтар намудани шароити оилавӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.

Подробнее...