Сб08182018

Last updateПт, 17 Авг 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ФИТНАИ НАВБАТИИ ТТЭ ҲНИТ БОЗ КОР НАДОД

 

Ҳар гоҳ ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо ташаббусу дастгирӣ ва раҳбарии Ҳукумати кишвар баҳри беҳбудии мардум, осоиштагии рӯзгори онҳо, амнияту якпорчагӣ ва ваҳдати  он амалеро анҷом доданӣ мешаванд, душманони аёну ноаён ва баъзан пасипардагии ин миллати воҳид тавтиаеро роҳандозӣ месозанд. Чунин як амали ғайриинсонии навбатии онҳо куштори гурӯҳи дучархаронҳои хориҷӣ аст, ки 29-уми июли соли равон дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе анҷом дода шуд. Хабари кушта шудани сайёҳони хориҷӣ тамоми қишрҳои ҷомеаи ҷаҳониро бетараф нагузошт ва бо ғами хешовандону пайвандони қурбониёни ин амали зишту даҳшатнок шарик будани худро изҳор доштанд.

Таърих шаҳодат медиҳад, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём бо дилкушодию меҳмоннавозии худ дар тамоми ҷаҳон машҳур аст. Ва аксаран ҷумҳурии моро бо ҳамин сифатҳои олию инсондӯстонаи қавму миллатҳояш мешиносанд. Аммо бо таассуфи зиёд мешавад гуфт, ки дар ин миён ашхоси кӯтоҳбину тангназаре ҳам ҳастанд, ки қудрату тавони дидани ин ҳама дастовардҳои моро надоранд ва бо ҳама неруву қудрати худ талош меварзанд, ки садди роҳи он гарданд.

Ҳол он ки сайёҳони хориҷӣ дар ҳар кишваре дар ҳукми меҳмонанд ва ба онҳо дар ҳама ҷо ва ҳама кишварҳои олам эҳтиром гузошта мешавад. Мутаассифона, ин амали манфур маҳз барои доғдор кардани ана ҳамин расму оини аҷдодии мо, бар ҳуввият ва обрӯи байналмилалии кишвар ва миллати мо равона карда шудааст. Дар ин роҳ душманони миллат аз ҳеҷ гуна амали зишту нангин рӯ наметобанд. Ҳатто аз қатли мардуми бегуноҳ ҳам. Вале як чизро онҳо бояд дар мадди назар дошта бошанд, ки мардуми тоҷик ин ҳама дастовардҳои бо чӣ гуна мушкилотҳо бадастовардаи худро ҳеҷ гоҳ ва дар назди ҳеҷ гуна қудрате таслим нахоҳанд кард. Ин аст, ки мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон омадааст, ки ҷинояти мазкур пурра ошкор ва гумонбаршудагон дастгир  ва безарар гардонида шудаанд. Зеро ҳақиқати бебаҳс он аст, ки «ҳақ ба ҳақдор мерасад».

Дар робита ба ин ҳодиса метавон гуфт, ки аслан тарҳрезӣ ва иҷрои чунин амалҳои нафратангез сабабгори паст гардидан ва рехтани обрӯю нуфузи (агар дошта бошанд) тарроҳон ва иҷрокунандагонаш мегардаду халос. Зеро мардуми тоҷик дигар он шаҳрвандони солҳои 80-90-и асри гузашта нестанд. Дар кӯтоҳтарин муҳлат (3-4 соат) муаяйн кардан, пайгирӣ ва дастгир кардани ҷинояткорони ин куштор худ шоҳиди омодагии ҳамаҷонибаи ташкилотҳои қудратии кишвар аст. Ва ин худ боварию эътимоди мардумро ба ин ташкилотҳо даҳчанд зиёд менамояд. Ҳамчунин нишони боварию эътимоди мардуми кишвар аз фардои орому осоиштаи худу фарзандони худ аст.  

Ҳоким Акрам,рӯзноманигор