Вт10232018

Last updateПн, 22 Окт 2018 9am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ТАЛОШИ ДУБОРАИ МАНФИАТТАЛАБОН

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Дортмунди Олмон ҷамъомади боқимондаҳои ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ баргузор шуд. Дар он як гурӯҳи хурди шахсони беному нишон ва мазҳабфурӯшро ҷамъ карда, бори дигар кӯшиш кард, ки дар атрофи худ як эътилофи қувваҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро ташкил кунад. Аммо ин нақшаи муғризонаи онҳо бори дигар шикаст хӯрд

.

Идомаи чунин талошҳо маънои онро дорад, ки наҳзатиён ва пуштибонони онҳо иштибоҳи разилонаи худро мисли солҳои навадуми асри гузаштатайи се соли ахир бо истифода аз пуштибонии сиёсӣ, идеологӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии кишвари барои ҳама маълум ҷамъомадҳо доир карда, талош доранд, ки миёни ҷомеа мақом касб намоянд. Ҷамъомади навбатии онҳо дар Дортмунди Олмон низ аз ҷумлаи талошҳои собиқи манфиатталабон буд.

Дар ин маҷлис гурӯҳи ками наҳзатиҳои хоин, ки аксаран, наздикону пайвандон ва хешону ақрабои роҳбари наҳзатиҳо мебошанд, гирд омада буданд. Аз ин лиҳоз, изҳори назари ин гурӯҳи кучакро наметавон “ҳамоиш” номида, дар атрофи он ҳангомасозӣ кард.

Маълум аст, ки ин гурӯҳи кӯчаки бадхоҳ як ҳарф ҳам аз пешрафту тарақиёти кишвар нагуфтанд. Зеро аслу бунёду пойдевори эшон каҷу ноустувор аст. Ба ин хотир қалби эшон ҳамеша каҷрафтору каҷбину пур аз кинаву адовату ғараз боқи мемонад. Суботу осудагию амнияте, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳукмфармост, дар ками андар кам давлатҳои ҷаҳонӣ ба назар мерасад. Аммо гурӯҳҳои дар хориҷ мустақарбуда аз ҷумла ТТЭ ҲНИТ ба ояндаи неки давлати мо бо назари манфӣ менигаранд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандӣ? Ин тоифа бадхоҳон Ватанро ба ҷойи обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд, ки ҳаргиз халқу миллати тоҷик онҳоро нахоҳад бахшид. Дар ин нишаст, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ, баъзе созмонҳои дигари тоҷикӣ, мисли намояндагони "Гуруҳи 24” ва Анҷумани нируҳои созанда иштирок надоштанд. Зиёиён хатои пешгузаштагонро такрор накарданд. Зеро ба хубӣ дарк кардаанд, ки ТТЭ ҲНИТ як гурӯҳи террористон асту бас. Дар кӯчактарин лаҳзаҳои ростомада, ҳар як наҳзатӣ, аз ҷумла худи Муҳиддин Кабирӣ омода аст онҳоро сангсор намояд. Аммо баракси ин ширкат варзидан дар ҳамоиши наҳзатиҳо бешак маънои террорист шудану бо террористон пайвастанро дорад. Аз ин лиҳоз ҷавонони дар хориҷбудаи миллати моро зарур аст, ки ҳар лаҳза ҳушёру зирак бошанд. Токи ба доми фитнаву найранги бадхоҳони миллат нагарданд.

Бунёди ҲОТАМ.