Сб08182018

Last updateПт, 17 Авг 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ҒАРАЗ ДАР РАФТОРУ ГУФТОРИ “ВАТАНХОҲОН” ҲАМОИШИ ДОРМУНТ ЧЕҲРАИ НАҲЗАТИЁНРО БОРИ ДИГАР РАВШАН КАРД

 

Чӣ тавре аз ВАО ва  шабакаҳои интернетӣ огоҳӣ дорем, чанде пеш дар шаҳри Дортмунди Германия ба ном як ҳамоиши наҳзатиҳо баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш  роҳбари номуваффақи ТТЭ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ хостори созмон додани эътилофи наве шудааст, ки зидди мардуми тоҷику кишвари тоҷик нигаронида шудаву мақсадашон боз бо ивази ҷони садҳо ҳамиллатони зудбоварамон  соҳиби ҷоҳу ҷалол шуданиянд. Бо ин мақсад хоҳиши онро карданд, ки дар ин гуруҳи навтаъсисашон аз номи «ислом»-у «наҳзат» дури биҷуянд. Зеро медонанд, ки  зери парчами  ин калимаҳо сухан кардан ба дили ҳама задаву боварии мардум ба эшон коста гардидааст. Ва ҳамоиши Дормунд саҳнаи нави масхарабозии Муҳиддин Кабириву  наҳзатиҳост.  Боиси қайд аст, ки ҳатто  ҳаммаслакони  дар хориҷи кишвар буда ҳам дигар ба онҳо эътимоду эътиқод надоштаву  худро аз эътилофи онҳо дур андохтаанд. Воқеан ҳам   ҲНИТ ташкилот терористӣ эътироф шудаву кӣ будани терористро имрӯз ҳама  медонанд. Зеро ҳамарӯза амалҳои мудҳиши террористӣ дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон, алалхусус Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико рух дода, қариб рӯзе нест, ки сокинони ин кишварҳо қурбони ҷиноятҳои террористӣ гарданд.

Террористон худро дар ҷомаи ислом дида, корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки дар ақли солим намеғунҷад. Аз амалҳои террористони исломӣ бар меояд, ки онҳо худӣ ва бегонаро аз ҳам ҷудо накарда, ҳазорҳо шахсиятҳои бегуноҳро ба коми марг мекашанд ва ҷиҳод ном гузошта саркардаҳои онҳо аз ин амалашон кайфият мебардоранд ва ин амали носавоби онҳоро Қуръони маҷид ва дигар ҳадисҳову китобҳои динӣ маҳкум мекунанд.

Дар давлати ҳамсояи мо Афғонистон пайдо шудани террористони дар қаламрави Покистон таълим гирифтани ҷиҳод дар роҳи «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои мусулмон ба он шомиланд, вазъияти ҷаҳонро ноором карда, боиси ташвишҳои давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Имрӯзҳо дар чандин кишварҳои мусулмоннишин бар осори дахолати доираҳои манфиатҷӯ амалҳои террористӣ рух медиҳаду ҳазорҳо одамони бегуноҳ кушта шуда ва даҳҳо манзилҳои зист ва шаҳрҳо сӯхтаву валангор мегарданд.

Саркардаҳои онҳо бо номи ДИИШ амал доранд бо ин амали зишти худ ҳаловат бардошта ҷаҳонро ба ларза андохтаанд. Ҷангҳои Ироқу Сурия, Афғонистон маҳсули кори чунин саркардаҳо ба ҳисоб мераванд.

Дар қатори    саркардаҳои чунин ташкилотҳои терористӣ  чанде аз ҳамватанони ватанфурӯшӣ мо  ҳам  шомиланду имрӯзҳо боз  аз минбарҳои баланд чун минбари ҳамоиши Дормунди Олмон бар зидди сиёсати пешгирифтаи мардуми Тоҷикистон ободию оромии кишвар, ки ба манфиати онҳо нест, санги маломат мезананд. Худро ватахоҳу ватандӯст вонамуд мекунанду дар асл оромию пешравии Тоҷикистонро чашми дидан надоранд.

Пас анҷоми ҳамоиши  саҳнаи Дормунд сухани маъруфи халқӣ ба ёд меояд, ки : «Саг меҷакаду корвон ба роҳи худ меравад». Сад шукри сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти кишвар, ки Тоҷикистони азизи мо сол аз сол ободу зебо гашта мардуми шарафманди он аз осмони софи он нафас мегиранд.

Мардуми Тоҷикистон шаҳди сулҳу амонӣ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти ватанро чашида, шукрона аз он мекунанд, ки чунин ватани зебо ва сарвари оқили доно доранд. Истиқлолияте, ки баъди ҳазорсолаҳо насибамон гаштааст, чун гавҳараки чашм ҳифз мекунем.

Сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистонро, ки бар манфиати халқу миллат аст, дастгирӣ карда намегузорем, ки террористону хоҷагони манфиатҷӯи он ба хоки муқаддаси мо роҳ ёбанд.

Кунун мардуми Тоҷикистон мардуми солҳои пешин нестанд, ки ба дасисаҳои шумо муҳтарам аҳли нишасти Дормунд бовар карда бародар муқобили бародар санг бигирад. Имрӯз онҳо сиёҳро аз сафед, худиро аз бегона фарқ карда метавонанд.

Шумо, ҳамватанони дар нохунаки мо  бо ҷорзании худ коре аз дастатон намеояд. Вазифа ва коре, ки шумо ҳоло анҷом дода истодаед, ҷавонони бедарак аз илму маърифатро роҳи фиреб боз ба гирдоби    ҷанг кашидану  қурбони манфиатҳои худ кардан аст.

Худо бузург аст. Намеандешед, ки аз ба роҳи нодуруст бурдани мардум  фардо назди Худо ва Расул ҷавоб хоҳед гуфт.

 Чӣ тавре Лоҳутии бузург мефармояд:

Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор ё ҳарду…..

Хуб мебуд ба ҷорзаниҳои минбарҳои баланди Аврупову Осиё хотима гузошта баҳри  боз ҳам ободу зебо гардонидани ин Ватани биҳиштосо қадамҳои ҷавонмардона гузоред. Ин аст рисолати ватандорӣ!

Тилло СОҲИБНАЗАРОВ, раиси шӯрои куҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия.