Пн09242018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ИН АМАЛИ НАНГИН ҶОМЕАРО ҲУШДОР ДОД

 

Дар вазъияте, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои ҳамешагии  худ пайи  он аст, ки  то Тоҷикистонро ба оламиён  шиносанду, тоҷикро ҳамчун миллати сарбаланд муаррифӣ     намоянд, ёфт мегардад баъзе ашхоси намакносипосу  нокасе, ки    амалҳои ноҷавонмардона ва беномусонаи худ ба ин ҳама кушишҳои  шабонарӯзии ин шоҳсутуни  миллат    халал ворид созанд.

Ин рафтори разилона  ҳамаи моро маротиби  дигар  аз он ҳушдор медиҳад, ки  экстремизму терроризм воқеан ҳам дар ҳамагуна  шароит қудрати зиндамониро  аз даст надода,   ҷавҳари ғайриинсонии худро ҳаргиз иваз карданӣ нест. Дар шароити кунунӣ  боиси  нафрати ҳар кадоми мо инаст, ки саркардагони ин амалҳо ҳамагон  дастпарварони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом буда, омодагӣ ва омӯзишҳоро таҳти мақсадҳои пардапӯшонаи ин ҳизби хиёнаткор дар кишварҳои бегона гузашта, бо амалӣ гӯшношид чеҳраи манфури худро ба ҷомеа нишон медиҳанд.

Ин намакзадаҳо имрӯз хориҷ аз Тоҷикистон ҳамоишҳо созмон додаву  даъвои ватандорӣ  мекунанд ва  дар дохили кишвар бошад таълимдодаҳояшон   ба амалҳои ҷоҳилона даст зада, обрӯи давлату миллатро паст мезананд. Имрӯз мо бори дигар бовар ҳосил кардем, ки ин ҳизби воқеан ҳам  душмани миллат ҳарчанд расман  аз фаъолият боз монда бошад ҳам думликонҳояшон  боқӣ мондаву  чун  вақти мусоид ёфтанд бо дастури хоҷагони хориҷияшон  пайи вайронкориянд.

Бо ин рафтору амали бешармонаашон  ин пасмондаҳои    наҳзатӣ  ба он мекушанд, ки  бори дигар  миёни мардуми кишвар ҷудоӣ андохтаву тухми кинаву адоватро аз нав кишт  намоянд. Аммо ин хаёли хоми онҳо самар намеорад, зеро  мардуми  сарбаланд ва  бонангу номуси Тоҷикистон дигар қурбони дасисаҳои онҳо нашудаву баръакс пайи дастгирии  сиёсати хирадмандона ва сулҳҷуёнани Пешвои муаззами миллат мебошанд..

Ҳодисаи куштори ваҳшиёнаи сайёҳон   аз ҷониби душманони ватан ва миллат тарҳрезӣ карда шуда, тавассути аъзоёни Ҳизби  наҳзати исломӣ   фармоиш, роҳбаладӣ ва иҷро гардидааст ва гувоҳ аз    нақшаҳо ва ниятҳои нопоки онҳост.

Ин амали ноҷавонмардонаи наҳзатиён баҳри  халалдор  намудани  оромии  кишвар   ва паст задани  манзалату  обрӯи Тоҷикистон  чун давлати орому осоишта мебошад. Ва бо ин васила мехоҳанд  барои ворид гардидани шумораи зиёди сайёҳон ба кишварамон монеъа  эҷод намоянд.

Ин амали нангин бори дигар гувоҳ аз он аст, ки сари масъалаи раванди тарбияи насли ҷавон  дар оила ва ҷомеъа ҷиддитар  фикр кунем.  Зеро  на ҳамаи падару модарон сари масъалаи  шароити кунунии таълиму тарбия вобаста ба авзои ҷаҳон фикр  мекунанд. Амали чанд нохалафе, ки  боиси сархамӣ ва хиҷолати аҳли ҷомеа шуд, таъкиди гуфтаҳои болоист.

Танҳо мутаҳҳидӣ ва  якдилӣ дар кору пайкор  ҳамаи моро   ба суи пешрафту  ғолибият ба  чунин амалҳои нангин мебарад.

Абдураҳим Пиров,  сармутахассиси

 шуъбаи маорифи ноҳия