Чт06272019

Last updateСр, 15 Май 2019 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ЭЪЛОН

МУОИНАИ ТЕХНИКӢ ҲАТМИСТ

Мувофиқи нақша-чорабиниҳои мақсаднок  дар қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи “Муоинаи техникӣ” гузаронида мешавад.

Ин муоина ҳатмӣ буда, тибқи амри раиси ноҳия аз 25 январи соли 2016, таҳти рақами 6 роҳбарони хоҷагиҳо, идораю ташкилоту муассисаҳои соҳиби нақлиёт, ҳамчунин дорандагони нақлиёти автомобилиро вазифадор менамояд, ки дар ин маърака фаъолона иштирок намоянд. Мувофиқи амри зикршуда аз ҳисоби намояндагони ШБДА ШВКД  ҳарбӣ, бахши андоз, идораи суғурта, раёсати кишоварзӣ комиссияи азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт таъсис дода мешавад.

Подробнее...

ЭЪЛОН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар асоси Амри раиси ноҳия

аз 13 феврали соли 2016 № 13 барои ишғоли мансабҳои холии зерини хизмати давлатӣ
озмун эълон менамояд:

Подробнее...

ЭЪЛОН – МУЗОЯДА

Иҷрочиёни Суди ноҳияи Файзобод дар санаи 21-уми январи соли 2016 соати 10-00 дақиқа музоядаро маротибаи дуюм оиди фурӯши амволи ғайриманқули ба ҳабсгирифташударо баргузор менамояд.
Манзили истиқоматӣ иборат аз як ошёна бо ду ҳуҷраи зист, воқеъ дар ноҳияи Файзобод, Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев деҳаи Ҷонварсӯз.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба иҷрочиёни Суди ноҳияи Файзобод ба суроғаи кӯчаи Исмоили Сомонӣ 40 ва барои тамос бо телефони (83135) 3-23-57 муроҷиат намоянд.

ЭЪЛОН – МУЗОЯДА

Иҷрочиёни Суди ноҳияи Файзобод дар санаи 18-уми январи соли 2016 соати 10-00 дақиқа музоядаро оиди фурӯши амволи ғайриманқули ба ҳабсгирифташударо баргузор менамояд.
Манзили истиқоматӣ иборат аз як ошёна бо даҳ ҳуҷраи зист, воқеъ дар ноҳияи Файзобод, Ҷамоати деҳоти Мискинобод деҳаи Заркамар.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба иҷрочиёни Суди ноҳияи Файзобод ба суроғаи кӯчаи Исмоили Сомонӣ 40 ва барои тамос бо телефони (83135) 3-23-57 муроҷиат намоянд.

БЕЭЪТИБОР

Тамға (штамп)-и гумшудаи нуқтаи мубодилаи асъор, ки соли 2013 аз тарафи филиали № 16 БДА ҶТ Амонатбонк дар ноҳияи Файзобод ба Холов Зафар дода буд, бинобар гум шуданаш, эътибор надорад.