Вт11132018

Last updateЧт, 08 Нояб 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ЭЪЛОН

ЭЪЛОН-МУЗОЯДА

Иҷрочиёни Суди ноҳияи Файзобод дар санаи 04 июни соли 2015 соати 10-00 музоядаро оиди фурўши амволи ғайриманқули ба ҳабсгирифташуда маротибаи дуюм баргузор менамояд.
Бинои мағоза иборат аз ду ошёна бо ду ҳуҷра, воқеъ дар деҳаи Заркамар, ҷамоати деҳоти Мискинобод ноҳияи Файзобод.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба иҷрочиёни Суди ноҳияи Файзобод ба суроғаи кўчаи Исмоили Сомонӣ 40 ва барои тамос бо телефони (83135) 3-23-57,987530069, 934137372 муроҷиат намоянд. 

ОЗМУН - Эълон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои ишғоли мансабҳои холии зерини хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

1) Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия - 1ҷой, маоши вазифавӣ 1340 сомонӣ;
2) Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия - 1ҷой, маоши вазифавӣ 899 сомонӣ;
3) Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 733 сомонӣ;

Подробнее...

НАБЗИ ФАЙЗОБОД

АРЗОНТАРИН РӮЗНОМА 

БАРОИ ШУМОСТ, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!

“Набзи Файзобод” бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ моҳе се маротиба бо фарогирии мавзӯҳои мубрами рӯз рӯи чоп меояд. Соли ҷорӣ бо теъдоди 2000 нусха нашр шудани “Набзи Файзобод” гувоҳи он буд, ки мо дар диёри бостониамон зиёда аз 15000 хонанда доимӣ дорем. Зеро ҳар шумораи рӯзномаро 8-10 нафар дар хонадонашон ё дар ҷойи кор мутолиа мекунанд. Агар обунаи имсоларо ба 2500 нусха расонем, ба чанд адад расидани шумораи хонандагони мо маълум мешавад. Мутаассифона, рафти обунашавӣ ба рӯзномаи раиси ноҳия ва Маҷлиси вакилони халқ – «Набзи Файзобод» қаноатбахш нест.

Подробнее...

КОМРОНАМРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДИҲЕД!

КОМРОНАМРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДИҲЕД!Ман модаре ҳастам, ки фарзандам Абдуллоев Комрон Фатҳиддинович-донишҷӯйи курси 3, факултети биологияи ДМТ гирифтори касалии глубонефрит (гурдаҳояшро бояд иваз намоянд) мебошад. Як сол боз ӯ бемори бистарист. Тамоми дороии зиндагиамонро барои шифо ёфтани фарзанди беморам  сарф намудам. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати тандурустӣ, мардуми деҳа то қадри имкон ба фарзанди бемори ман ёрдам намудаанд, ки мо миннатдорем. Имрӯз баъди ташхиси охирин, духтурон хулоса баровардаанд, ки бояд Комронҷонро ҷарроҳӣ намуда, гурдаҳояшро иваз намоянд. Барои ҷарроҳӣ 30 ҳазор доллари амрикоӣ даркор аст.

Подробнее...

Эълон!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод  барои  ишғоли мансабҳои холии  зерини хизмати давлатӣ  озмун эълон менамояд:
1.    Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши вазифавӣ  1340  сомонӣ;
2.    Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 899 сомонӣ;
3.    Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 737 сомонӣ;
4.    Сармутахассиси шӯъбаи кишоварзии ноҳия - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 670 сомонӣ;  

Подробнее...