Чт08162018

Last updateСр, 15 Авг 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ЭЪЛОН

“НАБЗИ ФАЙЗОБОД” ОБУНА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

“Набзи Файзобод” бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи байни мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ моҳе ду маротиба бо фарогирии мавзӯҳои  мубрами рӯз рӯи чоп меояд. Соли ҷорӣ бо теъдоди 1730 нусха нашр шудани “Набзи Файзобод” гувоҳи он буд, ки мо дар диёри бостониамон зиёда аз 15000 хонандаи доимӣ дорем. Зеро ҳар шумораи рӯзномаро 8-10 нафар дар хонадонашон ё дар ҷои кор мутолиа мекунанд. Агар обунаи имсоларо ба 2500 нусха расонем шумораи ба чанд адад расидани хонандагони мо аллакай маълум мешавад. Соли гузашта ҷамоатҳои деҳоти ба номи Д.Алиев, Мискинобод, Ҷавонон, Бӯстон, шаҳраки Файзобод, кормандони беморхона, шуъбаи фарҳанг, мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи посбонӣ, идораи суғурта аз обуначиёни фаъоли мо буданд, ки барои ташкили хуби обуна ба онҳо аз сидқи дил ташаккур мегӯем ва боварӣ аст, ки дигар корхонаву муассисаҳои ноҳия аз ин амали ибратомӯз сабақ хоҳанд гирифт.

Маъракаи обунаро барои соли 2017 оғоз намуда, сокинони ноҳияро ба он даъват мекунем, ки агар аз набзи диёр воқеан ҳам огаҳ шудан хоҳанд, кӯшиш кунанд, ки ба рӯзномаи ноҳиявӣ обуна шаванд ва тамоми сол бо “Набзи Файзобод” бимонанд.

Бо вуҷуди боло рафтани қимати чоп ва дигар корҳои эҷодию полиграфӣ мо кӯшиш намудем, ки нархи обунаро тағйир надиҳем.

Нархи яксолаи обуна 70 сомонист.

Ҳамдиёрони азиз! Биёед ба рӯзномаи дӯстдоштаамон – “Набзи Файзобод” дер намонда обуна шавем.