Чт08162018

Last updateСр, 15 Авг 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ЭЪЛОН

МУЗОЯДА

Нозироти андоз дар ноҳия Файзобод музоядаи моликиятҳои хоҷагии деҳқонии «Меҳробод»-ро тибқи Низомномаи тартиби фурӯши моликиятҳо рӯзи 25 феврали  соли 2017 барпо менамояд.

 

Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштирокунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур, дар ноҳияи Файзобод, кӯчаи Исмоили Сомонӣ бинои Нозироти андоз оғоз ёфта як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.

Фурӯш бо усули англисӣ сурат мегирад. Музояда соати 10:00 барпо мегардад.

Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда аз маблағи умумии моликият 5 фоиз барои як лот баробар аст (бо сомонӣ).

Пардохти кафолатнок бо тариқи нақдӣ супорида мешавад.

Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори 0,2 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши моликият месупорад, ки он бон архи фурӯши лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландтарро пешниҳод менамояд.

Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда аз нишонии зерин фаҳмиданд мумкин аст.

Ноҳияи Файзобод, кӯчаи Исмоили Сомонӣ. Телефон код (83135) 3-24-93