Пн05252020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

САРНАВИШТИ ҶАВҲАРДОР

Идораи нашрияи маҳаллӣ аз солҳои аввали таъсисёбиаш, ки бо номи «Меҳнати коммунистӣ» газета мебаровард, маҳфили адабӣ дошт. Маҳфилро котиби масъули рӯзнома, ҳоло Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ Мирзо Файзалӣ роҳбарӣ мекард. Хеле – хеле эҷодкорони маҳаллӣ, аз толибилму омӯзгори мактаб то кормандони райком, ҳизби ҳокими ҳамон замон, узви маҳфил буданд. Баъдтар, аз соли 1986 сар карда ин маҳфил асосан аз ҳисоби кормандони худи идораи рӯзнома пурқувват шуд.

Подробнее...

РЕЗАСУХАН

Дар зиндагӣ сахӣ бошед, зеро дороии дунё на ба кас вафо кардаасту на бақо дорад.
                ***
Агар шумо фақр набинед, фахр намеёбед.
                ***
Таҷрибаи зиндагӣ китобест, ки ҳар рӯз варақгардон бояд кард.
                ***
Аз ходаи қоқ соя, аз каси ашқар инсоф маҷӯед.
                ***
Сухани зишт  дуди қаланфур аст, ки димоғро месӯзонад.

Подробнее...

ФАЙЗОБОД-НИГИНИ ФЕСТИВАЛ

Дар доираи нахустин Конфронси байналмилалии туристӣ дар мавзӯи «Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ» рӯзи   30 август дар Боғи Ирами пойтахт Фестивали фарҳангию сайёҳии мероси роҳи абрешим бо номи  “Рангоранг” доир гардид. Дар он  баробари ширкатҳои сайёҳӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сафоратҳои муқими Тоҷикистон, инчунин дастаҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони халқии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ имкониятҳои сайёҳии худро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла дар фестивал намояндагиҳои давлатҳои Афғонистон, Арманистон, Белорусия, Покистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Туркия ширкат карда, ҳунарҳои дастӣ ва таомҳои миллии худро барои ҳозирин  пешкаш намуданд.

Подробнее...

ИЛҲОМИ УСТОДИ МО ҶӮШ МЕЗАНАД

Устоди азизу  арҷманди мо Фирдавс  Қурбонзода ба синни мубораки 75 мерасад. Дар андешаи мо, аҳли эҷоди нашрияи «Набзи Файзобод», гӯё ин санаи мавлуди рӯзнома аст. Оре, умри азизу ҳаёти гузарои устоди қадрдону дардошнои мо ба умри беш аз 80-солаи  рӯзнома сахт тавъам аст. Фирдавс  Қурбонзода қариб 5 сол  роҳбарии ҳайати эҷодиро ба дӯш дошт. 

Подробнее...

ҲНИТ: АЗ НОМИ ИСЛОМ БАР ЗАРРАРИ ИСЛОМ

Мақсад аз навиштани ин сатрҳо даъвати ҳамдиёрони азиз, хусусан насли ҷавони кишвар ба эҳтиёт аз як фитнаи навбатӣ мебошад, ки имрӯзҳо ҲНИТ бо амалҳои хеш ҷомеаи суботёфтаи моро ба гирдоби низову бесуботӣ роҳнамоӣ мекунад. Рӯирост таҳдид кардан аз ҷониби Шӯрои ҲНИТ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон касро ба андеша меорад, ки ин гуна муроҷиати таҳдидомез ба кадом мақсад бошад.

Подробнее...

Фирдавс ҚУРБОНЗОДА

ДУБАЙТИҲО

Ба хоини Ватан бахшиш набвад,
Гиёҳи мурдаро сабзиш набвад.
Ҳама коло харидоре биёбад,
Вале хармуҳраро арзиш набвад.

Подробнее...

БО КОР ТАЪМИН ШУДАНД

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ рӯзи 18 август дар бинои қасри фарҳанги ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор кард. Мо аз сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Р. Ҷалилов хоҳиш намудем, ки оиди натиҷаи баргузории ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод барои хонандагони рӯзнома иттило диҳад.
-Дар ярмарка 15 корхона, ташкилоту муассисаҳо 59,25 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод намуданд.   Маркази таълимии калонсолон ва Литсеи касбии техникӣ барои қабули касбомӯзон зиёда аз 50 номгӯи касбу ҳунарҳои коргариро барои таълим ба курсҳои кӯтоҳмуддат даъват намуда, машварат гузарониданд.

Подробнее...

БАХШАНДАИ УМРИ БАРДАВОМ

Ҳанӯз дар миёнаи асри гузашта Муҳаммад Иқбол   мақоми зан дар ҷомеаро яке аз масоили  дардноки ҷомеа ба қалам дода, тарафҳои гуногуни мушкилоти зани Шарқро муоина  мекунад.   Алломаро  тақдири   зан   ба ташвиш меовард. Воқеан ҳам, ин масъала дар ҳамаи давру замон мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафту аз   қадим то ба имрӯз таваҷҷуҳи ашхоси пешқадамро  ба худ ҷалб карда, занро бахшандаи умри бардавом ном мебурданд.  Дар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-и худ  Аҳмади Дониш менависад,ки  «зан дар давраи амирӣ қадру манзалате надошт. Гӯё  ҳамчун ба асъори мубодила дар дарбори амир табдил ёфта буд.»

Подробнее...

ХОҲӢ НАШАВӢ РАСВО, ҲАМРАНГИ ҶАМОАТ БОШ!

Ман ҳамчун дигар сокинони Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод муроҷиати ҲНИТ-ро ба Созмони Милал ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон дар бораи иҷро нашудани бандҳои созишномаи тақдирсози истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки кафили сулҳу оромии имрӯзаи кишвари мо гардидааст, боз як дасисаи наву иғвоангез қабул кардам. Ман чунин мешуморам, ки муроҷиати мазкур ғайричашмдошту бемавқеъ баён гардидааст. Аз ҷумла дар муроҷиатномаи онҳо гуфта шудааст, ки: "Мутаассифона, тарафи дигари сулҳ - Ҳукумати ҶТ бо сӯистифода аз сабру таҳаммули ҲНИТ ва бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба тақдири минбаъдаи мусолиҳаи миллии тоҷикон ва бо тарс додани мардум аз ҷангу хунрезиҳои нав, сиёсатҳои интиқомҷӯёнаву саркӯбгароёна ва таҳдиду фишорро алайҳи шарики аслии сулҳафзоишбахшида, онро ба авҷи аъло расонида истодааст.”

Подробнее...

Подкатегории