Сб02222020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ

Дар доираи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо иқдоми якҷояи Агентии давлатии меҳнат ва шӯғли аҳолӣ ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардид, ки беш аз 180 нафар корҷӯён дар он иштирок доштанд. Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 28 корхонаву муассисаҳои ноҳия ширкат намуда, 75   ҷойи корӣ пешниҳод намуданд.

Подробнее...

ҶАВОНОН - МУҲОФИЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Давоми моҳи сипаришаванда дар асоси мактуби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2016 «20 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, варзишӣ ва семинару вохӯриҳои илмиву оммавӣ доир гардид. Ба ин хотир бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия нақша-чорабиниҳо тартиб дода, дар асоси он амал кард.

Ҷараёни чорабиниҳои мазкурро давоми моҳ хабарнигори “Набзи Файзобод” Собир Розиқов пайгирӣ намуд.

Подробнее...

ФИРОҚИ МОДАР

Модарам бо дӯхтани тоқии гулдӯзӣ, пӯхтани хӯрокҳои миллӣ ва хондани афсонаҳои гуногун дар аёми Наврӯз дили хурду калонро хурсанд менамуд.

Баҳорон ба чидани пӯдинаи лаби ҷӯй ва сабзаҳои баҳорӣ, аз қабили қоқу, шибитаку каравшак мерафту аз ҳавои форами табиат нафаси тоза мегирифт.

Подробнее...

РАҚСИ ГУЛБЕЗИ ХУШБӮ

Аз сари сол толори хонаи фарҳанги ноҳия ин қадар шумури тамошобинонро надида буд, ки 17-уми май дид. Он рӯз консерти озмунии санъаткорони ноҳия дар доираи Фестивали ҷумҳуривии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2016” баргузор гардид. Даромадгоҳи толорро намоиши ҳунарҳои дастии сокинони ноҳия ишғол мекард, ки мувофиқ ба талаботи озмун ороста шуда буд. Дар ин намоишгоҳ ҷолибтаринаш табақҳои усто Солиҳбеги файзовагӣ буд, ки ба қавли усто ҳар кадоми он “ҳазор сомонӣ” қимат дорад.

Подробнее...

МАҲФИЛИ “НАВРӮЗИ КИТОБ”

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 маҳфили “Наврӯзи китоб” доир гардид. Бахшида ба ин маҳфил  дар мактаб намоиши асарҳои шоирону нависандагони классики форсу тоҷик ва шоирону нависандагони муосир ташкил карда шуд. Адибон Муҳаббати Юсуф ва Қурбоналӣ Ғуломзода дар баромадҳои худ.

Подробнее...

АРӮС АЗ СУҒДЗАМИН

Дар пешорӯи имсолаи Рӯзи байналмилалии оила тасмим гирифтем, ки аз рӯзгори оилаи хушбахту намунавии Азизовҳо маводе омода созем. Зеро зану шавҳарро солҳо боз мешиносаму ҳаваси дар симои онҳо зиёд шудани чунин оилаҳои покизарӯзгорро дар диёрамон орзу мекунам.

Подробнее...

САДОҚАТ БА ДӮСТМУРОД АЛИЕВ

Аз даргузашти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев 26 сол ва аз зодрӯзаш 65 сол сипарӣ шуд. Давоми бисту шаш соли баъди марги ӯ сурудҳояшро қариб дар тамоми ҷумҳурӣ замзама мекунанд. Садоқати мухлисонаш ба номи ӯ ва таронаҳои офаридааш кам не, зиёдтару мустаҳкамтар мегардад. Далел ҳамин аст, ки ҳамасола дар рӯзи мавлуди ӯ аз гӯшаю канори кишвар бе ягон таклифу хабар мухлисону пайвандонаш ба зодгоҳи шодравон, ба Файзобод омада, дар маҳфили ёдоварӣ ширкат меварзанд.

Подробнее...

17 МАЙ – РӮЗИ БАРГУЗОРИИ “АНДАЛЕБ - 2016”

Дар кишвари азизамон - Тоҷикистон бо мақсади инкишофу ғановати мероси фарҳангии халқ дар ҳар ду сол Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ бо унвони хушоҳанги “Андалеб” баргузор мегардад.

Подробнее...

ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби мақомоти расмии қонунгузории кишвар пешниҳод шуд, тақозои замони муосир арзёбӣ кардан мумкин аст. Рушди устувору босуботи ҷомеа пайваста тақозо мекунад, ки меъёрҳои Конститутсия такмил дода шавад. Дар баробари ин қонунгузориҳои амалкунанда низ бояд такмил ёбад, ки ин, албатта, ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат менамояд. Чунин иқдом имконият фароҳам меоварад, ки сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад.

Подробнее...

Подкатегории