Пт05292020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

САБТИ АСНОДИ ШАҲРВАНДӢ ҲАТМИСТ

   САБТИ АСНОДИ ШАҲРВАНДӢ ҲАТМИСТ  Чашм ба олами ҳастӣ кушодани тифл шодию сурури хонадон аст. Волидайн аз гиряи нахустини навзод ба ҳаяҷон меоянду меболанд, хурсандӣ мекунанд. Бо хандаи аввалини тифл ва қадамҳои нахустини ӯ, аввалин бор бо ҳиҷо сухан гуфтани ӯ худро дар олами беғамӣ тасаввур менамоянд. Ба қавли шоир:

Хонае, ки тифл бошад, ғусса дар он хона нест,
Хонае, ки тифл бошад, ғайбати бегона нест.

 

Подробнее...

ОДОБИ ОИЛАДОРӢ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27-и ба номи Пўлод Абдураҳмонов ба ифтихори “Соли  оила” бо иштироки падару модарон конфронс  дар мавзӯи “Оилаи солим пешбарандаи ҷомеаи демократӣ” баргузор гардид. Директори мактаб Қодир Саидов ва  муаллима  Фароғат Содиқова дар бораи зарурати эълони соли  2015-ро ҳамчун “Соли оила” қайд  намуданд.

Подробнее...

ОИНИ ҶАВОНМАРДӢ

ОИНИ ҶАВОНМАРДӢСубҳ фаро мерасид,  охирин ситораҳо чашмакзанон то шоми дигар   «хайру хуш» доштанд. Дар ин лаҳзаҳо миёни   кӯчаҳои   зебошаҳр Раҷабмуроду ҳамкоронаш барои хоби орому  осудаи сокинони Душанбе  гашту гузор доштанд, то касе  роҳати сокинони шаҳрро халалдор насозад, бехабар аз он ки  дур аз падару модар ёру бародар ва ҳамсари азизу  фарзандони дилбандаш лаҳзаҳои   охирини   умрро паси сар мекунаду дигар тулӯъи  офтобу ҳусни  моҳу ситораҳоро намебинад; чун ҳамешагӣ бо чеҳраи хаста аз дари падару модар намедарояд; ҳамсари зебояш дастрахони пурнозу неъматро наздаш во намекунад; Ёсинҷон бағали гарми падарро намебинад ва Сумаяи  маъсума, ки акнун якмоҳа шуд,  овози ширин намебарорад.

Подробнее...

МАШЪАЛИ ИРФОН

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин мутафаккирони адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри 13 такони бузурге ба адабиёт ворид кард. Пас аз Саноиву Аттор Ҷалолиддини Балхиро дар тасаввуф орифи машҳур медонанд. Номаш Муҳаммад, лақбаш Ҷалолиддин, инчунин бо унвони Мавлонои Рум шӯҳрат дорад. Гузаштагони Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургони тасаввуф буданд. Таваллуди шоирро ба 30 сентябри соли 1207 мелодӣ муқаррар карда, вафоти ӯро ба соли 1274 мансуб медонанд.

Подробнее...

ТОЗАГИИ МАҲАЛ-2015

Рӯзи 5 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия амалиёти аксияи «Тозагии маҳал-2015» гузаронида шуд.  Аксияи мазкур дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир гашта, дар он ҳудуди 652 нафар сокинони диёр иштирок карданд. Он рӯз дар маҷмўъ 800 мураббаъ-метр  ҷӯйбору дарёчаҳо тоза карда шуданд, ки  39 метри мукааб партовро ташкил кард. Ёдовар мешавем, ки дар аксияи мазкур сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонон, Бӯстон ва Мискинобод хело ҳам фаъол буданд.

Подробнее...

МУЪҶИЗАИ ЗАБОН

Забони тоҷикиро сарнавишти хос насиб гашта, нерӯӣ офариниш саропояш аз шеър сиришта. Ҳар сатри покизаю асилаш овои яздонии шеър, танини болафшонии фариштагон, ромиши биҳишти замири ошиқон дошта. Дар замони давлатдории Оли Сомон ба тахти гардуншукӯҳии нафосату зебоӣ биншаста ӯ зудбуми азими хешро аз рудборҳои азими шеър шодоб бинмуда, кохии дилҳоро бо нафистарин парниёнҳои лафз ороста, чеҳрасозони суханаш чун суратгаре дар нигористон анҷом дода. Ин забони эъҷозофарини тоҷик буд. Ин забони анбози шоирону донишмандон, ҳакимону ситорашиносон, табибону гиёҳшиносон, ҳунармандону наққошон кишварҳоро гардиш карда, шунавандагони ноошнояшро бо фасоҳати оҳангаш ба шигифт оварда буд.

Подробнее...

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ИДИ  ИСТИҚЛОЛИЯТГУЗОРИШ  АЗ  ТАНТАНАҲОИ ИДОНА  БА  ИФТИХОРИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

Дар саросари кишварамон ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.   Рӯзе, ки дар саҳифаҳои таърихи кишвари мо бо ҳарфҳои зарин сабт гардидаву  фаромӯшнопазир аст ва  барои ҳар фарди баору номуси тоҷик азиз аст, дар расид. Аз ин санаи тақдирсоз бисту чор сол сипарӣ гардида бошад ҳам , он садсолаҳо аҳамияти таърихии худро гум нахоҳад кард.  Зеро ин саннаи тақдирсоз  ифодагари ба дастовардани  неъмати бузург Истиқлолияти кишварамон ба ҳисоб рафта,     аз гом гузоштани мардуми тоҷик ба ҳаёти  осоиштаву дастовардҳои калон дар ҳамаи самтҳои ҳаёт  гувоҳӣ медиҳад. Роҳ ба ормонҳои ҳазорсола Истиқлолияти миллӣ осон набуд, маҳз бо талошҳои  пайвастаи фарзанди  вафодору қаҳрамони миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон меваи сулҳу субот халқи тоҷикро насиб гардид.

Подробнее...

ВАТАНДӮСТӢ ЧУНИН АСТ!

ВАТАНДӮСТӢ ЧУНИН АСТ!Ҳаёт беҳтарин неъматест, ки офаридгор  ба инсонҳо ато кардааст ва онро метавон  ба гунае сипарӣ намуд, ки ҳар лаҳзаву соати он дар қалбу  вуҷуди одамон лутфу меҳрубонӣ, муҳаббату самимият, эҳсоси дилбастагӣ ба ҳамдигар бедор карда,  зиндагиро боз ҳам ширину гуворо ва рӯҳнавоз созад. Дар ҷомеа тавре бояд зист, ки ибратомӯзи дигарон бошӣ.
Қаҳрамони мо лейтинанти калон, қумандони яке аз взводҳои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе Исмоил Пиров аз зумраи нафаронест, ки дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон нисор кард.

Подробнее...

ЗАХМҲОИ ҶАНГ АЗ ҚАЛАМИ ҚУРБОНИ ҶОМӢ

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо даъвати Президенти кишвар, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардони ватанпарасту банангу ори ватан пайи кори савобу хайр мераванд: ҷойи ноободеро обод мекунанд, ба бечораю дармондае дасти кӯмак дароз менамоянд, ба қадри имкону тавоноӣ баҳри ободии диёр маблағ ҷудо мекунанд. Ҳамин аст, ки давоми қариб чоряк асри соҳибистиқлолӣ мулки тоҷик, хоса пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе ва марказҳои шаҳру навоҳӣ ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтанд.

Подробнее...

Подкатегории