Пн06172019

Last updateСр, 15 Май 2019 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ИДИ  ИСТИҚЛОЛИЯТГУЗОРИШ  АЗ  ТАНТАНАҲОИ ИДОНА  БА  ИФТИХОРИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

Дар саросари кишварамон ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.   Рӯзе, ки дар саҳифаҳои таърихи кишвари мо бо ҳарфҳои зарин сабт гардидаву  фаромӯшнопазир аст ва  барои ҳар фарди баору номуси тоҷик азиз аст, дар расид. Аз ин санаи тақдирсоз бисту чор сол сипарӣ гардида бошад ҳам , он садсолаҳо аҳамияти таърихии худро гум нахоҳад кард.  Зеро ин саннаи тақдирсоз  ифодагари ба дастовардани  неъмати бузург Истиқлолияти кишварамон ба ҳисоб рафта,     аз гом гузоштани мардуми тоҷик ба ҳаёти  осоиштаву дастовардҳои калон дар ҳамаи самтҳои ҳаёт  гувоҳӣ медиҳад. Роҳ ба ормонҳои ҳазорсола Истиқлолияти миллӣ осон набуд, маҳз бо талошҳои  пайвастаи фарзанди  вафодору қаҳрамони миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон меваи сулҳу субот халқи тоҷикро насиб гардид.

Подробнее...

ЗАХМҲОИ ҶАНГ АЗ ҚАЛАМИ ҚУРБОНИ ҶОМӢ

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо даъвати Президенти кишвар, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардони ватанпарасту банангу ори ватан пайи кори савобу хайр мераванд: ҷойи ноободеро обод мекунанд, ба бечораю дармондае дасти кӯмак дароз менамоянд, ба қадри имкону тавоноӣ баҳри ободии диёр маблағ ҷудо мекунанд. Ҳамин аст, ки давоми қариб чоряк асри соҳибистиқлолӣ мулки тоҷик, хоса пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе ва марказҳои шаҳру навоҳӣ ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтанд.

Подробнее...

Фирдавс ҚУРБОНЗОДА

ДУБАЙТИҲО

Ба хоини Ватан бахшиш набвад,
Гиёҳи мурдаро сабзиш набвад.
Ҳама коло харидоре биёбад,
Вале хармуҳраро арзиш набвад.

Подробнее...

САРНАВИШТИ ҶАВҲАРДОР

Идораи нашрияи маҳаллӣ аз солҳои аввали таъсисёбиаш, ки бо номи «Меҳнати коммунистӣ» газета мебаровард, маҳфили адабӣ дошт. Маҳфилро котиби масъули рӯзнома, ҳоло Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ Мирзо Файзалӣ роҳбарӣ мекард. Хеле – хеле эҷодкорони маҳаллӣ, аз толибилму омӯзгори мактаб то кормандони райком, ҳизби ҳокими ҳамон замон, узви маҳфил буданд. Баъдтар, аз соли 1986 сар карда ин маҳфил асосан аз ҳисоби кормандони худи идораи рӯзнома пурқувват шуд.

Подробнее...

БАХШАНДАИ УМРИ БАРДАВОМ

Ҳанӯз дар миёнаи асри гузашта Муҳаммад Иқбол   мақоми зан дар ҷомеаро яке аз масоили  дардноки ҷомеа ба қалам дода, тарафҳои гуногуни мушкилоти зани Шарқро муоина  мекунад.   Алломаро  тақдири   зан   ба ташвиш меовард. Воқеан ҳам, ин масъала дар ҳамаи давру замон мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафту аз   қадим то ба имрӯз таваҷҷуҳи ашхоси пешқадамро  ба худ ҷалб карда, занро бахшандаи умри бардавом ном мебурданд.  Дар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-и худ  Аҳмади Дониш менависад,ки  «зан дар давраи амирӣ қадру манзалате надошт. Гӯё  ҳамчун ба асъори мубодила дар дарбори амир табдил ёфта буд.»

Подробнее...

РЕЗАСУХАН

Дар зиндагӣ сахӣ бошед, зеро дороии дунё на ба кас вафо кардаасту на бақо дорад.
                ***
Агар шумо фақр набинед, фахр намеёбед.
                ***
Таҷрибаи зиндагӣ китобест, ки ҳар рӯз варақгардон бояд кард.
                ***
Аз ходаи қоқ соя, аз каси ашқар инсоф маҷӯед.
                ***
Сухани зишт  дуди қаланфур аст, ки димоғро месӯзонад.

Подробнее...

ФАЙЗОБОД-НИГИНИ ФЕСТИВАЛ

Дар доираи нахустин Конфронси байналмилалии туристӣ дар мавзӯи «Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ» рӯзи   30 август дар Боғи Ирами пойтахт Фестивали фарҳангию сайёҳии мероси роҳи абрешим бо номи  “Рангоранг” доир гардид. Дар он  баробари ширкатҳои сайёҳӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сафоратҳои муқими Тоҷикистон, инчунин дастаҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони халқии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ имкониятҳои сайёҳии худро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла дар фестивал намояндагиҳои давлатҳои Афғонистон, Арманистон, Белорусия, Покистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Туркия ширкат карда, ҳунарҳои дастӣ ва таомҳои миллии худро барои ҳозирин  пешкаш намуданд.

Подробнее...

ИЛҲОМИ УСТОДИ МО ҶӮШ МЕЗАНАД

Устоди азизу  арҷманди мо Фирдавс  Қурбонзода ба синни мубораки 75 мерасад. Дар андешаи мо, аҳли эҷоди нашрияи «Набзи Файзобод», гӯё ин санаи мавлуди рӯзнома аст. Оре, умри азизу ҳаёти гузарои устоди қадрдону дардошнои мо ба умри беш аз 80-солаи  рӯзнома сахт тавъам аст. Фирдавс  Қурбонзода қариб 5 сол  роҳбарии ҳайати эҷодиро ба дӯш дошт. 

Подробнее...

ҲНИТ: АЗ НОМИ ИСЛОМ БАР ЗАРРАРИ ИСЛОМ

Мақсад аз навиштани ин сатрҳо даъвати ҳамдиёрони азиз, хусусан насли ҷавони кишвар ба эҳтиёт аз як фитнаи навбатӣ мебошад, ки имрӯзҳо ҲНИТ бо амалҳои хеш ҷомеаи суботёфтаи моро ба гирдоби низову бесуботӣ роҳнамоӣ мекунад. Рӯирост таҳдид кардан аз ҷониби Шӯрои ҲНИТ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон касро ба андеша меорад, ки ин гуна муроҷиати таҳдидомез ба кадом мақсад бошад.

Подробнее...

Подкатегории