Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ТТЭ ҲНИ-ҲИЗБИ ХОИНОНИ ВАТАН

Рӯз ба рӯз симои разилонаву манфури хоинони миллати тоҷик, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ - террористии Ҳизби наҳзати исломӣ рӯи об баромада истодааст. Бешак, ҳамагон огоҳанд, ки ошкорову пинҳонӣ хоҷагони зархарид ҳавои софу беғубори моро бо хиёнатҳои наҳсу палиди худ ғуборолуд кардан мехоҳанд. Исботи ин гуфтаҳо рафтори ношоиста ва содир шудани амалиёти мусаллаҳонаи генерали хоин - Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода 3-4-уми сентябри соли 2015,  бо супориши қорӣ Носир ном шахс, узви фаъоли ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, сурат гирифтани ҳамлаҳои ноҷавонмардона ба сайёҳони хориҷӣ дар рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ ва садҳо амалҳои бешармонаю хоинонаи аъзоёни ҳизби номбурда мебошад.

Подробнее...

ТАРСАМ НАРАСӢ БА КАЪБА ЭЙ АЪРОБӢ...

              Дар китоби Калимуллоҳ омадааст, ки «Дурӯғ гуфтан торикии имон аст». Умри дурӯғ кӯтоҳ аст, ки гӯяндаашро дер ё зуд шармандаи ду олам месозад. Аз мушоҳидаҳо онҳое бештар дурӯғ мегуянд, ки зимомадори вақт, ҷодагузор, худотарс, ҳаҷкарда ҳастанд. Ин тоифа дурӯғашонро «Ба номи Аллоҳ», «Худо занад», «Ба имонам қасам», «Ба зану фарзандам қасам» «рост» кардан мехоҳанд. Ин касалӣ ба толибилми мактаб таъсир кардааст, ки ба андак кор қасам мехӯранд.

Подробнее...

ҲНИ БА ГУМРОҲӢ МЕБАРАД

Бояд ба хуби дарк намоем, ки Ватани азизи мо ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун дар ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст ва ин боиси фахри мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вале мафҳуми дигаре боиси ин хушбахтӣ ва ташвиши мо, тоҷикону ҷаҳониён гаштааст, ҷанги иттилотӣ ва таҳмили ақоиду ҷаҳоншиносии сунъӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилоби ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳои нарм дар байни омма, ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии ҷаҳон аст.

Подробнее...

ТЕРРОРИЗМ –ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОК

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олӣ доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки аср – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир ва рӯз аз рӯз густариш пайдо кардани он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Подробнее...

НАХОҲИ, КИ НАФРИН КУНАНД АЗ ПАСАТ

 

Мусаллам аст, ки дар ҷомеа ҳар қадар таассубу хурофоти динӣ-мазҳабӣ зиёд шавад, ҳамон қадар заъфи равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ, сиёсӣ-мафкуравӣ ба назар мерасад ва ин падидаи номатлуб андешаи солиму тозаи мардумро вайрон месозад.

Подробнее...