Вс10212018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ҲНИ ҲИЗБИ ЭКСТРЕМИСТӢ-ТЕРРОРИСТӢ

Ташкилоти экстримистию террористии ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта ба иқрори худи масъулини ин ҳизби маъншуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, вале сиёҳдилии онҳоро мардум дарк карданд, ки билохира ҳизби наҳзат шикаст хурд. Сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оиди ташкили табадулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон татбиқ нагардид.

Аз назари Кабирӣ ва ёронаш гӯё дар Тоҷикистон дин хор шуд, ҳеҷ гуна озодии эътиқодӣ риоя намешавад. Аммо воқеият ин аст, ки ҳар нафаре худро пайрави дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ меҳисобад, комилан озод аст. Наҳзатиён хостанд аз дини мубини ислом сӯистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо бо пардохти маблағ роҳнамоӣ менамуданд.

Чуноне ки аз гуфтаҳои яке аз муассиси ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ Айёмиддин Сатторов бармеояд, новобаста аз маблағгузории ҶИ Эрон дар пойгоҳҳои низомии шаҳрҳои Арок, Пардис ва Мозандарони ин кишвар таълими низомӣ гирифтани аъзоёни ин гурӯҳҳо далели ин гуфтаҳост.

Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд:  «Ифродгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз мубориза бар зидди дин муарифӣ набояд кард».

Аслан аз номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат истифода кардан ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Дин бояд поку озода бимонад. Ҷавонони моро зарур аст, ки дар муқобили ин ҳама фитнаҳо истодгаро муборизаи оқилонаи зеҳнӣ ва ҷисмӣ баранд. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ ҷудо будан аз навгониҳои рӯз ғайриимкон аст. Зарур аст, ки бо ҷавонон бештар кор барем ва онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ намоем. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обруву мансаб аз бадтарин фазилатҳои инсонӣ буда, ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсии давлату миллат мебошад. Дар васфи чунин инсонҳое, ки нисбати халқу Ватан андешаҳои нопок доранд, Сайидои Насафи фармудааст:

Ҳарки бо душмани халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Сайдаҳмад ВОҲИДОВ,

директори МТМУ № 33.