Пт12142018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

НАХОҲИ, КИ НАФРИН КУНАНД АЗ ПАСАТ

 

Мусаллам аст, ки дар ҷомеа ҳар қадар таассубу хурофоти динӣ-мазҳабӣ зиёд шавад, ҳамон қадар заъфи равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ, сиёсӣ-мафкуравӣ ба назар мерасад ва ин падидаи номатлуб андешаи солиму тозаи мардумро вайрон месозад.

Нахоҳӣ, ки нафрин кунанд аз пасат,

Наку бош, то бад нагӯяд касат.

Дар ташкили фазои хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, замоне дар ҷомеаи мо нуфуз пайдо карда буд ва ҳанӯз ҳам реша дорад, нақши ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва фазлфурӯшиҳои сардорони фирории он ба назар мерасад.

Мо хуб медонем, ки Ҳизби наҳзати исломӣ якчанд сол пеш ягона ҳизби сиёсие буд, ки озодона дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият мекард ва аз ин имкониятҳо суиистифода карда, билохира соли 2015 бо сардории яке аз аъзоёнашон Абдуҳалим Назарзода мехостанд даст ба разолату  вайронкорӣ зананд. Пас аз ин амалиёти Назарзода якчанд саркардагони наҳзатӣ, ки дар исёни сиёсӣ-низомӣ даст доштанд, аз сӯи мақомоти дахлдори давлатӣ боздошт шуданд.

Дидӣ, ки хуни ноҳақи парвона шамъро,

Чандон амон надод, ки шабро саҳар кунад.

Ҳама хуб медонем, ки роҳбари фирории наҳзат чун анъана аз беадолатии додгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар шикоят мебарад ва гилагузорӣ карда худро «мусичаи бегуноҳ» ва Ҳукумати Ҷумҳуриро гунаҳгор ба бадбахтиҳои ин ҳизб медонад.

То инҷониб фаъолияти бадгуҳарии ин ташкилот аз камсаводию хурофотпарастии ҷавонони гумроҳ истифода намуда, онҳоро ба ҳар гуна харобкориҳо дар марзи ҷумҳурӣ равона месозад. Илова бар ин ҳама нобасомониҳо ва хаобкориҳои ташкилоти  мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хост, ки ин сардори ташкилоти  террористии Ҳизби наҳзати исломиро ба Тоҷикистон даъват намояд, аммо ғаразу кина, худпарастӣ чашми ӯро кӯр кардааст. Чуноне ки мегӯянд:

Саг сулҳ кунад бо устухоне,

Нокас накунад, вафо бо ҷоне.

Боиси зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории шахси тавоно, оқилу доно, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки садди роҳи ин ватанфурӯшони бадгуҳар шавад ва кишварро аз нобасомониҳо эмин дорад.

Воқеан, агар ба воситаи қонун пеши роҳи фитнаангезиҳо, назарфиребиҳо, найрангбозиҳо, ғаразгӯйиҳо, кинаварзиҳо, бегонапарстиҳо, ҷаҳолатписандиҳо, ки ин ҳама дар хуни ин разилон ҷорист, гирифта намешуд ва гунаҳгорони ин сиёсати мардумфиреб саркуб намегардид, адолат дар Тоҷикистон нест мешуд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти ин бадтинатон ба як вайрона табдил меёфт. Аз тарафи дигар ин сардорону аъзоёни ҲНИТ дар пайи хусумат, ноамнӣ ва муҳимтар аз ҳама густариши хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ ҷиддӣ иқдом карданӣ буданд.

Дар оихр аз мардуми Тоҷикистон, хусусан аз ҷавонон талаби онро дорем, ки ба назарфиребии ин фиребгарҳои  манфиатҷӯ дода нашаванд. Аён аст, ки «Бори каҷ ба манзил намерасад» ва ин хиёнаткорону ватанфурӯшон ба мақсади нопоки худ нарасиданд ва нахоҳанд расид.

Абдураҳмонзода АБӮБАКР, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №16.