Пн09282020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ,УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА 71-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

Ветеранҳои азизу гиромиқадр!

Ҳамдиёрони азиз!

Имсол 71-умин баҳор аст, ки дар саросари олам солгарди Иди Ғалаба бар ашадитарин душмани инсоният- фашизм ботантана таҷлил карда мешавад. Бо вуҷуди он ки аз анҷоми ин ҷанги мудҳишу даҳшатбор муддати тӯлонӣ гузаштааст, вале ҳанӯз осори он эҳсос мегардад. Ҳанӯз насли калонсоли мо аз ҷароҳатҳои ин ҷанг ранҷ мекашанд.

Подробнее...

КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ФАЪОЛ НЕСТАНД

Гузориши муовини  раиси ноҳия Сафаров Р.М. оид ба
натиҷаҳои соҳаҳои иқтисодӣ, сохтмон, саноат ва хизматрасонӣ  дар семоҳаи  аввали соли 2016.

Дар се моҳи аввали  соли 2016 қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия бо дарназардошти воридоти маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҷои 8657322  сомонии нақшаи аниқшуда 8761280 сомонӣ ё ба андозаи 101 фоиз иҷро гардид, ки аз нақша 103958 сомонӣ зиёд аст.

Подробнее...

Т А Б Р И К О Т И раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз»

Ҳамдиёрони азизу гиромиқадр!

Инак боз ба сарзамини куҳанбунёду файзбори тоҷикон Наврӯзи хуҷастапай қадами фархунда ниҳод.

Ба ин муносибат хурду бузурги диёрамонро самимона муборакбод мегӯям.

Подробнее...

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲИРО ВУСЪАТ БАХШЕМ

Гузориши муовини  раиси ноҳия Раҷабзода С.Б. оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи
иҷтимоиёт дар семоҳаи  аввали соли 2016

Яке аз соҳаҳои муҳиму фаъолияти васеъдошта соҳаи маорифи ноҳия ба шумор меравад. Кормандони соҳа дар ин давра баҳри амалӣ намудани вазифаҳои соҳа як қатор корҳои мушаххасро ба иҷро расониданд.

Дар ин давра дар назди муассисаи таълимии рақами 24 ду синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд.

Подробнее...

Т А Б Р И К О Т И РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢБА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2016

Ҳамдиёрони азиз!
Инак, мо ба соли нави 2016 ворид мегардем. Соли 2015 бо рӯйдодҳои муҳими фарҳангию сиёсии худ дар саҳифаҳои таърихи пуршарафи Ватанамон бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд.
Соли сипаришуда таҷлил  гардидани 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 700- солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 3000- солагии Ҳисори шодмон таърихи рангини Ватанамонро бо саҳифаҳои наву фараҳбахш боз ҳам рангинтар гардонид.

Подробнее...

Подкатегории