Пн09232019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БА ИФТИХОРИ 18-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамдиёрони азиз!


ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БА ИФТИХОРИ  18-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢИмсол бори 18-ум аст, ки дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон солгарди иди Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Иди Ваҳдати миллӣ   зодаи даврони истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ташаккули рукнҳои давлатдории тозаи миллӣ буда, дар он орзую омоли халқамон таҷассум ёфтааст.
Даҳсолаи охири қарни бист барои миллати тоҷик давраи ниҳоят душвору ҳассос ва пур аз фоҷиа буд.     Бадхоҳони миллати тоҷик тавонистанд алангаи шӯру ошӯбро барангехта, ба сари мардуми ҷафодидаи мо рӯзхои сахту сиёҳро биёранд.
Роҳи ягонаи наҷот аз вартаи ҳалокат роҳи муросову созиш, ба ҳам овардани гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва ба вуҷуд овардани фазои сулҳу ваҳдат буд.


Пас аз талошҳои зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июни соли 1997 дар шаҳри Маскав созишномаи истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Хабари сулҳу ваҳдат, ки ормони деринаи  халқи мо, мақсаду мароми сарвари хирадманду дурандеши он буд, дар як фосилаи кӯтоҳ доман паҳн намуда ҷомеаро фарогир шуд ва дар таърихи Ватанамон бо унвони «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.
Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон пояҳои Истиқлолияти давлатии кишвар устувортар гардида, мардум   ба ояндаи неку дурахшон боварии бештар  ҳосил намуданд.
Дар тӯли солҳои ваҳдату якдилӣ дар ҳаёти мардуми кишвар пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Имрӯз бо бештар аз 150 давлати олам муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд. Ифтитоҳи зиёда аз 50 сафоратхонаҳои мамолики ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эъмори ҷомеаи мустақилу демократии Тоҷикистон вусъати тоза бахшиданд.
Сохта ба истифода додани ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву саноатӣ, аз қабили шоҳроҳҳои байналмиллалии Кӯлоб-Қулма-Қароқурум, Ваҳдат-Ҷиргатол-Саритош, Душанбе-Бӯстон-Чанок, нерӯгоҳҳои азими Помир-1, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, беш аз 350 нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, Маркази барқу гармидиҳии    Душанбе -2, хатҳои интиқоли барқи Лолазор-Хатлон, Ҷанубу Шимол, нақбҳои мошингарди «Истиқлол», «Хатлон», «Шаҳристон», «Ваҳдат», «Озодӣ», ҳамасола таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва ба ин васила афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа, бунёди боғу токзорҳо, сол аз аз сол афзудани маблағгузориҳо ба соҳаи иҷтимоӣ, хусусан соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва бисёр дигар дастовардҳо маҳз дар натиҷаи барқарор гардидани фазои сулҳу ваҳдат дар мамлакат ба даст омаданд.
Дар фазои орому осуда, ҳамдилию ҳамдастии тамоми қишрҳои ҷомеа дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил гардидани ҷашнҳои 1100-солагии давлатдории Сомониён, 2500- солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 1150- солагии Абӯбдуллоҳи Рӯдакӣ, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, соли бузургдошти забони тоҷикӣ, соли бузургдошти асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 130-солагии устод Садриддин Айнӣ, 100-солагии  Бобоҷон Ғафуров  ва дигар ҷашну маъракаҳо ба пойдории сулҳу ваҳдат дар мамлакат боз ҳам таҳким бахшида, нуфузу обрӯи кишварамонро дар ақсои олам боз ҳам боло бурданд.
Таи ин муддат дар ҳаёти сокинони ноҳияи мо низ пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Сокинони меҳнатқарину ватандӯсти ноҳия дар фазои сулҳу ваҳдати комил кору зиндагӣ намуда, пайваста саъю талош меварзанд, ки бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми сазовор  гузоранд. Бо баракати ваҳдату осоиштагӣ, ғамхорию дастгириҳои доимии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Сарвари давлат Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.  
Дар зарфи ин солҳо буҷаи ноҳия даҳҳо баробар афзуда маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок ҳамасола зиёд мегардад.
Кишоварзони ноҳия баҳри пурнозу неъмат гардонидани дастурхони сокинони мамлакат аҳлона меҳнат намуда, сол аз сол ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаро баланд мебардоранд. Дар соҳаи сохтмону меъморӣ низ тӯли солҳои охир дигаргуниҳои чашмрас ба амал омаданд. Симои шаҳраку деҳотҳои ноҳия сол то сол ободтару зеботар мегардад. Сохтмони мактабу синфхонаҳо, бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва иншооти  маъмурию хизматрасонӣ, ки солҳои охир ба истифода дода шудаанд, ба ҳусни ноҳия ҳусн зам намуданд.   Соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳангу ҳунари ноҳия низ рӯ ба рушданд.
Бо шукронаи зиёд бояд изҳор намоем, ки ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои ҳаётамон бевосита аз файзи ваҳдати халқи азизамон сарчашма мегирад.
Ҳеҷ кас ҳақ надорад як лаҳза ҳам фаромӯш созад, ки ин ваҳдату хамдилӣ, ки бароямон тамоми имконияти рушду пешрафти  зиндагиро фароҳам оварда, асоси озодию истиқлол ва шукуфтанҳову растанҳоямон гардидааст, худ аз худ омада бошад. Зеро ин  натиҷаи ҷоннисорию азхудгузаштанҳои Сарвари давлатамон, фарзанди фарзонаи ин миллати соҳибтамаддун, меъмори сулҳу осоиш, қаҳрамони ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи ӯ аз ҷониби  сокинони кишвар мебошад. Тавре ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд менамоянд, мо бояд ҳамеша шукронаи сулҳу ваҳдат намуда, ба қадри ин хоку ин об, ин сарзамини  биҳиштосо бирасем, онро чун гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу обод намоем. Дар ин даврони ҳассосу нозук, моро зарур аст, ки аз ҳар вақти дигар дида ҳушёру зирак бошем, барои пойдории сулҳу Ваҳдат, пешрафти диёру кишвар сарҷамъона ҷаҳду талош намоем ва барои  боз ҳам ободу зебо намудани Тоҷикистони азиз ғайратмандона заҳмат кашем.    


Ҳамдиёрони азиз!


Бори дигар шумо, кулли сокинони ноҳияро ба ҷашни бошукӯҳи миллат- Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам самимона муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, сулҳу ваҳдати абадӣ ва барору комгориҳо таманно менамоям.


 Зиндаву поянда бод Ваҳдати миллат!