Чт11142019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

МУБОРАКБОДИИ И.В. РАИСИ НОҲИЯ РАҶАБЗОДА М. БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҒАЛАБА

МУБОРАКБОДИИ И.В. РАИСИ НОҲИЯ РАҶАБЗОДА М. БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҒАЛАБАҲамдиёрони азиз!
Дар тӯли таърихи ҳаёти башарият ҳодисаву рӯйдодҳое ба вуқӯъ омадаанд, ки бо бузургиву шаҳомати худ бо гузашти садсолаҳо   қавитару қавитар мегардад.
Ҳафтодсолагии  Ғалаба бар фашизм, ки имрӯз дар миёни мардуми сулҳпарвар ва тараққихоҳи саросари олам мутантан ҷашн гирифта мешавад, аз қабили чунин рӯйдодҳои фаромӯшнопазири таърих аст.


Ин санаи ифтихорӣ, ки бо ҳарфҳои заррин дар китоби рӯзгори мо сабт шудааст, рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастнопазири халқҳои мо маҳсуб меёбад. Таҷлили рӯзи ғалаба дар сатҳи баланд   давоми  ҳафтод сол, чун поси хотири қурбониёни он, қадрдонии қаҳрамонони муҳорибаҳои хунин ва заҳмату ҷоннисориҳои мардуме, ки дар ақибгоҳ пайи шикасту торумори душман саҳм гирифтаанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст. Баробари ин Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, тинҷию осудагӣ чун неъмати бебаҳо ба ҳисоб рафтаву баҳри ҳифзи онҳо ҳамеша бояд дар ҳолати омода бош қарор бигирем.
Дилпурона гуфта метавонем, ки айни ҳол бе муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пеш рафтани инсоният амри маҳол аст.   Бо боварии комил гуфта метавонем, ки несту нобуд гардидани Германияи фашистӣ ин худ намунаи олии дӯстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии ҳамаи халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб меравад.
Бо  ифтихор гуфта метавонем,  ки дар таъмини ғалабаи оламшумули таърихӣ    халқи Тоҷикистон низ саҳми муносибро гузоштааст. Зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистони офтобии мо дар ҷабҳаҳои ин ҷанги беамон, шуҷоату далерӣ ва мардонагӣ нишон дода, беш аз 100 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард дур аз диёри бобоӣ баҳри Ғалаба шаҳид шудаанд. Дар набардҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Файзободи мо низ беш аз 16 ҳазор нафар ҷавонмардон сафарбар шудаанд.  Ин   Иброҳим Салимов, Теша Мӯминов, Саид Гулонов, Рашид Гулонов, Бӯрӣ Латифов, Ҷомаҳмад Ашӯров, Қурбон Назиров,Сафар Боев, Назар Сангов, Бобишо Холов (рӯҳашон шод бод), аз зумраи ҳамон ҳазоронанд.   Ғалаба бар фашизм гувоҳ аз он аст, ки падарону бобоёни мо бо шуҷоату мардонагӣ, ватандӯстиву матонати худ бар зидди зулму истибдоди фашистон ва асорату бандагӣ муборизаи беамон бурдаанд.  
Солҳои ҶБВ ақибгоҳ ба майдони  ҳарбу зарби меҳнат табдил ёфт. Бояд зикр кард, ки  агар   ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно  намешуд, расидан ба ин рӯзи саиду муборак ғайри имкон буд. Қувваи асосии корӣ дар ақибгоҳ занону наврасон ва пиронсолон буданд. Ҷавонзанону духтарони файзободӣ   баробари мардони ақибгоҳ заҳмат мекашиданд.   Дар ин рӯзи саид метавон номи диловарони ақибгоҳ Ашӯрбибӣ Нозимова, Гулизор Кабирова, Насриддин Қурбонов, Маҳмуд Баротов, Оимшо Ҷобиров, Зубдагул Каримова, Одинагул Баротова, Садбарг Қодирова ва садҳои дигарро ба забон овард, ки дар саҳифаҳои таърихи диёр сабт гардидаанд.
Сабақи талхе, ки ин ҷанги хонумонсӯз ба сари   мардуми сайёра он замон оварда буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ба ёд овардани он рӯзҳо бори дигар ба ҳамаи мо ҳушдор медиҳад, ки сулҳу оромиро ҳифз намоем, ба қадри он расем ва насли ҷавонро дар рӯҳияи сулҳу субот, ватанпарастиву инсондӯстӣ тарбия намоем.
 Сокинони диёри файзбори мо,   чун тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳамеша ҷонибдори оромиву осоиш дар рӯи ҷаҳонанд ва хоҳонанд, ки дар муҳити сулҳу субот осуда кору зиндагӣ дошта бошанд.
Мардуми сарбаланди Файзободро  бо Иди Ғалаба табрик гуфта, ба ҳамагон саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва сулҳу осоиш таманно мекунам.
Хоҳони онам, ки ин сулҳу амонӣ, осоишу оромӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳукмфармо бошад.