Пн05282018

Last updateЧт, 24 Май 2018 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАЪВАТИ ЧОРУМ:

 Дар бораи муқаррар намудани ҳавзаҳои интихобот барои интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод

         Мутобиқи моддаи 7, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва пешниҳоди раиси ноҳия аз 12 декабри соли 2014, №272   Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод

Муфассал...

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАЪВАТИ ЧОРУМ

Дар бораи ташкили комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод

 Мутобиқи моддаи 10, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва пешниҳоди раиси ноҳия аз 12 декабри соли 2014, №273   Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод

Муфассал...

ТАЪИНОТ

1.    Бо қарори раиси ноҳия аз 18.08.2014, №671 Насриддинов Сафомуддин иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия таъин шуд.
2.    Бо амрҳои раиси ноҳия Холиқов Бадриддин иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва Абдулҳаев Маҳмадлатиф сармутахассиси ҳамин шуъба таъин гардиданд.

Муфассал...

ЯРМАРКАҲОИ МАКТАБӢ

Бо наздик омадани соли нави хониш раиси ноҳия Каримиён Имомназар  роҳбарияти ҷамъияти матлубот ва ҳамаи тоҷирону соҳибкоронро вазифадор намуд, ки барои осон намудани мушкилии падару модарон дар ин фасли гармо барои фарзандони мактабхони онҳо сару либоси мактабӣ ва ашёву ҷиҳози хониши босифат омода намоянд. Масъулин пайи ин супориш дар ҳамаи нуқтаҳои савдои нохия ин амалро хуб  ба роҳ монда, хамчунин дар маркази ҷамоатҳо ва ҷамоати шаҳраки Файзобод нуқтаҳои калони ярмаркаи мактаббачаҳоро ташкил намуданд.

Муфассал...

КАДРҲОИ НАВ САРИ КОР ОМАДАНД

Дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия Каримиён Имомназар, ки рӯзи  18 август  доир гардид, сараввал   масъалаи кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Каримиён Имомназар   қарорҳои раиси ноҳия аз 18.08.2014, №671 ва  670 дар бораи иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия таъин намудани Насриддинов Сафомуддин ва иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия таъин гардидани Восеев Шаъбон, амрҳои раиси ноҳия  дар бораи  таъин шудани Холиқов Бадриддин иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва Абдулҳаев Маҳмадлатиф сармутахассиси ҳамин шуъба, ҳамчунин    қарори ҷамоати деҳоти Чашмасор аз рӯзи 16 августи соли 2014 оид ба раиси ҷамоати мазкур интихоб шудани Амонатов Фатҳиддин ва фармони директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  сардори шуъбаи ноҳиявии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъин кардани Ҷалилов Раҷабалиро  ба диққати ҳозирин расонида, ба онҳо баҳри фаъолияти босамар дар сохторҳои давлатӣ  барор хост.

Муфассал...

ПАХТАОБИ ПЕШ АЗ МАРГ

Фасли баҳор аз рафти маъракаи ниҳолшинонии    ноҳия шарҳи муфассале дар шумораи №11-уми  нашрия зери унвони «Сарсабзии диёр-мароми ҳамагон»  ба чоп дода будем.  Он шабу рӯз (10 апрели соли ҷорӣ дар назар аст-С.Р) дар ноҳия 61 ҳазору 917 ниҳоли дарахтони гуногун  шинонда буданд.  Он рӯзҳо ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод бо сабаби сардии ҳаво ва об нашудани барфи зимистон дар ин маърака иштирок надоштанд.

Муфассал...

ЛАҲЗАҲОИ ХОТИРМОН БАРОИ СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ДӮСТМУРОД АЛИЕВ

ЛАҲЗАҲОИ  ХОТИРМОН БАРОИ СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ДӮСТМУРОД АЛИЕВ Сешанбеи ҳамин ҳафтаро  сокинони деҳаҳои Қанғелї ва Кенҷаобод бо  лаҳзаҳои хурсандиовар дар шумори рӯзҳои хотирмону фаромӯшнопазири хеш қарор доданд.  Ба деҳаи аввалӣ агар аз масофаи хеле дур оби нушокӣ оварда бошанд, дар деҳаи дигар ба бунёди мактаби ибтидоӣ хишти аввал гузошта шуд.

Муфассал...

Подкатегории