Пн12102018

Last updateСр, 05 Дек 2018 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

НАҚШИ СОЛ ДАР ҲАЁТИ МО

ҲУСНОРО ШАМСОВА, МУАЛЛИМАИ  МАКТАБИ РАҚАМИ 25
Аҳли оила ва пайвандони мо ба санъат меҳру муҳаббати зиёд доранд. Падари азизи мо, ки табиатан инсони зиндадилу дӯстдори шеъру суруданд дар қалби мо фарзандонаш ҳар чанд, ки ҳар як паи кору бори гуногунем тухми санъатвариро коштаанд. Имрӯз тамоми маъракаҳои хешутабор ёру дӯстонро мо бо дастаи оилавии худ гарм мегирем. Дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳия низ ширкат меварзем.

Подробнее...

ДАР ОСТОНАИ СОЛИ НАВ

Ба ифтихори иди Меҳргон дар арафаи иди Соли нави мелодӣ ба кишоварзони пешқадами ноҳия - боғпарвар Ҷӯра Давронов, занбӯриасалпарвар Ислом Сайфуллоев, чорводорон Анвар Раҳимов, Сулаймон Ҳакимов, Кароматулло Мирзоев, сабазавоткорон Ҳотам Бердиев, Абдуҷаббор Сатторов, картошкапарвар Мирзо Камолов ва сардори идораи беҳдошти замин ва хоҷагии оби ноҳия Нусратулло Саидмуродов туҳфа ва ифтихорномаи раиси ноҳия М.Раҷабзода тақдим карда шуд.

Подробнее...

АССОСИАТСИЯИ СОҲИБКОРОН ТАШКИЛ ШУД

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  вохӯрии раиси  ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Миралӣ Раҷабзода бо соҳибкорон   доир гардид. Дар вохӯрӣ  зиёда аз 80 нафар соҳибкорон ва масъулини ташкилоту муассисаҳо, кормандони мақомоти андоз, молия ва    раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия    ширкат доштанд.  
 Чи тавре  зимни оғози вохӯрӣ раиси ноҳия М. Раҷабзода таъкид кард, мақсад аз баргузории ин вохурӣ   дастгирии  сохибкорон   ва   инчунин аз наздик ошно шудан бо фаъолият  ва мушкиилоти      онҳо буд.

Подробнее...

ХУШ ОМАДӢ, СОЛИ ОРЗУҲО!

Инак, боз  як соли мелодиро  ба саҳифаҳои таърихи рӯзгорамон   гуселонидаву соли нави 2016-ро бо нияту орзуҳои  нек истиқбол мегирем. Воқеан ҳам, соли рафтаи 2015 солест, ки бо рӯйдодҳои фаромӯшнашавандаи  сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангияш  дар таърихи кишвар ва  рӯзгори ҳар кадоми мо нақши муассире гузошт.  Пеш аз ҳама дар сатҳи баланд доир гаштани  интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони МО-и кишвар ва Маҷлисҳои маҳаллӣ, таҷлили  бошукўҳи ҷашнҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии кишвар, ҳамчунин 3000-солагии Ҳисори бостон, гиромидошти  700- солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ,  ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани садҳо иншооти хурду бузург дар кишварамон аз дастовардҳои сол  ба ҳисоб меравад.

Подробнее...

ВОХЎРИҲОИ СУДМАНД

Шурўъ аз 14 сентябр дар асоси нақша-чорабинии бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия дар якҷоягӣ бо намояндагони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, САҲШ, корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф ва ШВКД силсилавохӯриҳоро бо фаъолони деҳот, омӯзгорону волидайн ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак гузашта истодааст. Дар вохӯриҳо    атрофи пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, дур мондани духтарон аз идомаи таҳсил, фарҳанги либоспӯшӣ, худкушӣ ва шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сӯҳбатҳои судманд доир мегарданд.  

Подробнее...

ҶАМЪБАСТИ НУҲМОҲА КАМБУДИҲОРО ОШКОР КАРД

Дар маҷлиси васеъи назди  раиси ноҳия, ки бо иштироки роҳбарону фаъолони ноҳия доир гардид, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия давоми   нуҳ моҳи  соли равон мавриди    муҳокимаи ҷиддии ҳозирин  қарор дода шуд.  Баромадкунандагон муовини аввали раиси ноҳия Акрамзода З.А., муовинони раиси ноҳия Сафаров Р.М. ва  Раҷабзода С.Б. назди ҳозирин аз дастоварду камбудиҳои   ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия     ҳисобот доданд.

Подробнее...

ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ ДОИР МЕГАРДАД

Дар асоси  қарори раиси ноҳия    рӯзи  5 октябри соли равон соати 9-00 дар толори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, иҷлосияи чоруми   Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати  панҷум доир мегардад.

ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

Рӯзи 5 октябри соли ҷорӣ Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 36 нафар дар кори иҷлосия иштирок намуданд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта даъват шуда буданд.

Подробнее...

Т А Б Р И К О Т И РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИРАЛӢ РАҶАБЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

Омӯзгорони  муҳтарам, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола рӯзи якшанбеи якуми моҳи октябр дар саросари кишварамон иди касбии муаллимон - «Рӯзи омӯзгорон» ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат кулли омӯзгорони ноҳияро самимона табрику муборакбод мегӯям.

Подробнее...

Подкатегории