Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

22 НАФАР СОҲИБИ КВОТА ШУДАНД

Аз интишори фармони Президенти мамлакат оиди тариқи квотаи президентӣ таҳсил намудани ҷавонони деҳот, ба хусус духтарони навоҳии дурдаст, ки бозгӯи сиёсати хирадмандонаи роҳбари кишвар баҳри тарбияи кадрҳои баландихтисос дар мамлакатамон гардид, 18 сол сипарӣ шуд. Соли 1998 бори аввал зиёда аз даҳ нафар духтарони файзободӣ, ки аксарашонро таҳсил дар мактабҳои олӣ орзуи дастнорас буд, маҳз тавассути  квота донишҷӯ шуда буданд.   Айни ҳол аксари онҳо дар соҳаҳои гуногуни ноҳия ва мамлакат сарбаландона меҳнат карда истодаанд.

Муфассал...

ВАКИЛ ИНТИХОБ ШУД

Чи тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси талаботи моддаи 48-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии  вакилони халқ»,  рӯзи 14 июни соли ҷорӣ дар ҳавзаи интихоботии Тақназарӣ, рақами 9 интихобот   ба ивази вакили  хориҷшуда доир гардид.  Бо дарёфти 99, 5 фоизи овози интихобкунандагон Раҷабзода Миралӣ, раиси ноҳия аз ҳавзаи мазкур вакил интихоб шуд. Номзадии   Раҷабзода Миралиро конференсияи  ғайринавбатии ноҳиявии ҲХДТ   пешниҳод карда буд.

Н. Зарифов,
 раиси комиссияи  ноҳиявии интихоботи  вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.

ВАКИЛОН РАФТИ ИҶРОИ БАРНОМАРО ОМӮХТАНД

Дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, ки  рӯзи  душанбеи ҳафтаи равон  бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо     доир гардид,  сараввал   масъалаи кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раис ба ҳозирин директорони навтаъингардидаи  Муассисаи давлатии «хоҷагии манзилию коммуналӣ» Розиқов Музаффар Эрагашевич ва  директори хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи А. Назиров  Насриддинов Эмомиддинро шинос намуда, барои пешрафти кор ва ислоҳи  камбудиҳои ҷойдошта дастур дод.

Муфассал...

БЕХАТАРӢ ТАЪМИН БОШАД

Борон меборид, мо аз ҷониби шаҳри Ваҳдат   сӯи ноҳия  раҳсипор шудем. Зимни ин сафар бо А. Мирзоев, ки айни ҳол сардори қитъаи нигоҳдории роҳҳои ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Ғаюр 1-и минтақаи Файзободро ба ӯҳда дорад, суҳбат доштем.   Қитъа зери назорати онҳо буда,  дар маҷмуъ 76 киллометрро дар бар мегирад ва онҳо тавонистаанд  давоми фаъолияти худ  роҳҳоро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд, то ки ронандагону мусофирон сари вақт  ба манзили хеш расанд.  Коргарони корхонаро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки бо маоши хуб ва хӯроки гарм таъминанд.

Муфассал...

ИН ВАТАНРО МО, ҶАВОНОН, САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ

Тибқи нақша чорабиниҳои «30 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» дар ноҳия бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида шуд.

Муфассал...

ОБ НИШОНИ ХУРРАМИСТ

ОБ НИШОНИ ХУРРАМИСТИдораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия имрӯз 6055 гектар заминҳои корамро бо оби полезӣ таъмин менамояд. Заминҳои мазкур ба воситаи шаш адад шабакаҳои обёрӣ, чор адад пойгоҳҳои обкашӣ ва дувоздаҳ адад чоҳҳои амудӣ обёрӣ карда мешаванд. Масъулини корхона чун ҳамасола бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзони ноҳия шартнома баста аз рӯи нақша ба онҳо оби полезӣ медиҳанд. Дар ин давра каналҳои Гумбулоқ ба масофаи 1100 метр ва барқарорсозии сарбанд ба масофаи 200 метр, Хамисавра 750 метр  ва канали ҷамоати шаҳраки ноҳия ба масофаи 960 метр аз ҷониби кормандони соҳа тоза ва коршоям гардонда шуданд. Дар маҷмуъ бошад имсол зиёда аз 3600 метри мукааб каналу заҳбурҳо тоза ва барқарор карда шудаанд.

Муфассал...

ВАШГИРД ТАЪРИХИ ҚАДИМА ДОРАД

ВАШГИРД ТАЪРИХИ ҚАДИМА ДОРАДЧанде пеш  сокини шаҳраки  Файзобод Неъматов Камол дар вақти кандани теппачае аз поёни мавзеи Дараи аловак, поёнтари деҳаи Хами себи ҷамоати деҳоти Ҷавонон  аз чуқурии 2 метр   танга ва   се кӯзачаро ёфт, ки  тахмин ба  асри 10 тааллуқ дорад. Танга дар як тарафаш расми гов дар пушташ одам савор, сӯрохичааш муҳр зада шудааст. Ин танга дар шаҳру давлатҳои Юнон истифода мешуд, ки дар он тасвири Филиппи 2 нишон дода шудааст.

Муфассал...

“ОЗМУНИ ГУЛАРЎСАК”

Бахши кор бо занон ва оила бахшида ба эълон гардидани “Соли 2015 – соли оила” ҷиҳати танзими муносибатҳои оилавӣ, ҷалби духтарон барои идомаи таҳсил касбомӯзӣ, баланд бардоштани санъату маданияти либоспӯшии занону духтарон ва наафтидан ба доми хурофоту ифротгароӣ ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Инчунин баҳри пойдории оилаҳо ва ҷалб намудан ба санъату фарҳангӣ миллӣ дар байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимӣ озмунҳои  “Оилаи беҳтарин”, “Зан – мазҳари покизагист”, “Канӣ духтарон” доир гардид.

Муфассал...

ИСТИРОҲАТИ БАЧАҲО ХУШ ГУЗАРАД

Рӯзи душанбе, 1 июн    дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси назоратии раиси ноҳия  бо иштироки роҳбарону масъулини соҳаҳо доир гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ масъалаҳои  ба муҳокимаи маҷлиси  назоратӣ  пешниҳодшударо  баён  намуд. Аз рӯи   масъалаи   ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2015 мудири шуъбаи маориф Файзулло Наҷмиддинов   гузориш дод.  

Муфассал...

Подкатегории