Сб08182018

Last updateПт, 17 Авг 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

САРМУҲАРРИРИ «ПАРВИН» ҒОЛИБИ ОЗМУН

Бо мақсади дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор додани маълумот ва иттилоот оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ва усулҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар нимаи моҳи май  аз ҷониби ҶҲАТ (Чамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон) озмуни ҷумҳуриявӣ барои рӯзноманигорони дохилӣ оид ба маводи беҳтарин дар ВАО  эълон  шуда буд. Ҳафтаи гузашта  бо иштироки васеи кормандони ҶҲАТ маросими супоридани ҷоизахо ба ғолибони озмун доир гашт. Қайд гардид, ки давоми як моҳ ҳам дар матбуот ва ҳам дар садову симои ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти пурсамари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маводи  зиёд пешниҳод шуд. Муаллифон  нақши муассири кормандони ҷамъиятиро дар омӯзиши барномаҳои ройгонӣ  оид ба  забоназхудкунии аҳолии ниёзманд ва такмили касбу ҳунар, паҳн кардани ғояҳои башардӯстона, инчунин  кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ки яке аз барномаҳои дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст,  хуб нишон дода тавонистанд.

Подробнее...

САХОВАТИ АНВАР ҚОДИРОВ АВВАЛИН НЕСТ

САХОВАТИ  АНВАР ҚОДИРОВ АВВАЛИН НЕСТБаъди хизмати аскарӣ Анвар Қодиров қариб 7 сол дар идораи рӯзномаи ноҳиявӣ ронанда шуда кор кард. Дарси меҳнатдӯстию ростгӯйӣ, бурдборию сабурӣ ва некию накӯкориро аз ин даргоҳи барояш муқаддас омӯхт. Соли 1977 бо тавсияи рӯзнома барои  кор ба шуъбаи корҳои дохилӣ гузашт ва то ба нафақа баромадан дар ин ҷо бо сари баланду бенуқсон фаъолият дошт. Баъди ба нафақа баромадан Анвар Қодиров якҷоя бо писаронаш нуқтаеро барои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ аз Маркази савдои ноҳия гирифта солҳо боз ба мардум хизмати поквиҷдонона менамояд. Воқеан, ӯ миёни дигар соҳибкорон  бо дасти кушоду хайру сахои хеш фарқ карда меистад.

Подробнее...

МАРДИ МАТИНИРОДА БУД ИБРОҲИМ САЛИМОВ

Аз саҳифаҳои таърих рўшан аст, ки  дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 260 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҷони худро қурбон намуданд. Аз 16 ҳазор намояндагони диёрамон бошад, беш аз 618 нафарашон дар мулкҳои дур аз Ватан ҳалок шудаанд. Боқимондаи онҳо ба Ватан баргашта аз пайи меҳнати ҳалолу зиндагии осоишта гардиданд. Аз шумораи зиндамондагон имрӯз дар ҳаёт танҳо 12 нафари онҳо мондаанд, ки синну солашон аз навад боло мебошад. Шодравон Иброҳим Салимов аз он фарзандони барӯманди диёр аст, ки пеш аз ҷанг дар колхози «Октябри сурх» муаллимӣ мекард ва бо оғози ҷанг ихтиёрӣ барои ҳимояи Ватан ба ҷанг меравад. Ӯ марде буд хоксору меҳнатдӯст, далеру шуҷоъ, ҷаҳондида, некхоҳу некдил ва соҳиби дили бузург. Рӯзгори пуршебу фарозро аз сар гузаронид, ки басо ибратомӯзу ҳикматбор аст.

Подробнее...

ФАРЗАНДОН МАЪНИИ ҲАЁТИ МОЯНД МЕГЎЯД ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «ОИЛАИ БЕҲТАРИН» САРВАРИ ХОНАДОН АЗИЗ АБДУРАҲИМОВ

Азиз Абдураҳимов ва Зебуннисо Абдураҳимова зиёда аз 48 сол инҷониб ҳаёти ширину бобаракат ва ибратомӯзи якҷоя дошта 9 нафар фарзандони солеҳу хуштарбияро ба камол расонидаанд. Фарзанди калони хонадон Бахтиёр баъди хатми Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон дар идораи шабакаи барқи ноҳия муҳандис, Шамсиддин хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон, мутахассиси соҳаи дорушиносӣ, вакили мардумӣ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Баҳриддин хатмкардаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон директори департаменти ангишти Вазорати саноат, Баҳрулло хатмкардаи Донишгоҳи Баумани шаҳри Москва мутахассиси соҳаи компютерӣ, Амонулло хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мутахассиси соҳаи иқтисодиёт, Зафар хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мутахассиси дорушинос, духтаронаш Умедаю Гулшан ва Фарзонаҷон соҳибкасбу соҳибмаълумотанд.

Подробнее...

«МУАЛЛИМИ МУАЛЛИМОН» МЕНОМИДАНД НАЗИР ҚУРБОНОВРО

Корномаи меҳнатию хотираҳои бузурги омӯзгории марди фидоӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Назир Қурбонов аз насл ба насли диёри Файзобод қисса гардидааст. Зеро хотираҳо ва корномаҳои ибратомӯзи ӯ аз ёд нарафтааст. Назир Қурбонов дар деҳаи Дубедаи ноҳия таваллуд шуда маълумоти ибтидоиро дар мактаби куҳнаи деҳа гирифта баъд аз барқарор шудаи сохти шӯравӣ ба интернати давлатии шаҳри Душанбе фиристода мешавад. Ӯ соли 1926 соҳиби маълумоти нопурра мегардад ва фаъолияти омӯзгориаш аз ҳамон давра оғоз меёбад. Он солҳо дар маҳви бесаводии аҳолӣ фаъолона иштирок карда дар деҳаҳои дурдаст ба мардум савод меомӯзонад.

Подробнее...

Подкатегории