Чт06272019

Last updateСр, 15 Май 2019 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

ФАРЗАНДОН МАЪНИИ ҲАЁТИ МОЯНД МЕГЎЯД ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «ОИЛАИ БЕҲТАРИН» САРВАРИ ХОНАДОН АЗИЗ АБДУРАҲИМОВ

Азиз Абдураҳимов ва Зебуннисо Абдураҳимова зиёда аз 48 сол инҷониб ҳаёти ширину бобаракат ва ибратомӯзи якҷоя дошта 9 нафар фарзандони солеҳу хуштарбияро ба камол расонидаанд. Фарзанди калони хонадон Бахтиёр баъди хатми Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон дар идораи шабакаи барқи ноҳия муҳандис, Шамсиддин хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон, мутахассиси соҳаи дорушиносӣ, вакили мардумӣ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Баҳриддин хатмкардаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон директори департаменти ангишти Вазорати саноат, Баҳрулло хатмкардаи Донишгоҳи Баумани шаҳри Москва мутахассиси соҳаи компютерӣ, Амонулло хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мутахассиси соҳаи иқтисодиёт, Зафар хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мутахассиси дорушинос, духтаронаш Умедаю Гулшан ва Фарзонаҷон соҳибкасбу соҳибмаълумотанд.

Подробнее...

МАРДИ МАТИНИРОДА БУД ИБРОҲИМ САЛИМОВ

Аз саҳифаҳои таърих рўшан аст, ки  дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 260 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҷони худро қурбон намуданд. Аз 16 ҳазор намояндагони диёрамон бошад, беш аз 618 нафарашон дар мулкҳои дур аз Ватан ҳалок шудаанд. Боқимондаи онҳо ба Ватан баргашта аз пайи меҳнати ҳалолу зиндагии осоишта гардиданд. Аз шумораи зиндамондагон имрӯз дар ҳаёт танҳо 12 нафари онҳо мондаанд, ки синну солашон аз навад боло мебошад. Шодравон Иброҳим Салимов аз он фарзандони барӯманди диёр аст, ки пеш аз ҷанг дар колхози «Октябри сурх» муаллимӣ мекард ва бо оғози ҷанг ихтиёрӣ барои ҳимояи Ватан ба ҷанг меравад. Ӯ марде буд хоксору меҳнатдӯст, далеру шуҷоъ, ҷаҳондида, некхоҳу некдил ва соҳиби дили бузург. Рӯзгори пуршебу фарозро аз сар гузаронид, ки басо ибратомӯзу ҳикматбор аст.

Подробнее...

НАКУНОМ ЗИСТ - ЧАНД ЁДЕ АЗ РОЗИҚБЕКИ ЗИНДАЁД

НАКУНОМ ЗИСТ ЧАНД ЁДЕ АЗ РОЗИҚБЕКИ ЗИНДАЁДБа наздикӣ дар шаҳри Душанбе, дар назди чойхонаи “Роҳат” бо генерал Усмонқул Ғоибов, муовини Фармондеҳи қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрдам. Ёдрас менамоям, ки Усмонқул Ғоибов бо рутбаи капитанӣ солҳои 1991 – 1995 комиссари ҳарбии ноҳия буд. Ӯ ба ёд овард, ки боре Розиқбек Назрибеков (собиқ сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия) гуфтааст: “Биё, якҷоя Файзобод назди акаи Ҷӯрабек равему хоҳиш кунем, дар бораи мо китоб нависад. Баъди марг ягон кас мехонаду мегӯяд, ки мо ҳам ба нафъи халқамон кам хизмат накардаем”. Усмонқул Ғоибов шӯхиомез ҷавоб мегардонад: “Розиқбек, ту магар даррав мурданиӣ?...”

Подробнее...

«МУАЛЛИМИ МУАЛЛИМОН» МЕНОМИДАНД НАЗИР ҚУРБОНОВРО

Корномаи меҳнатию хотираҳои бузурги омӯзгории марди фидоӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Назир Қурбонов аз насл ба насли диёри Файзобод қисса гардидааст. Зеро хотираҳо ва корномаҳои ибратомӯзи ӯ аз ёд нарафтааст. Назир Қурбонов дар деҳаи Дубедаи ноҳия таваллуд шуда маълумоти ибтидоиро дар мактаби куҳнаи деҳа гирифта баъд аз барқарор шудаи сохти шӯравӣ ба интернати давлатии шаҳри Душанбе фиристода мешавад. Ӯ соли 1926 соҳиби маълумоти нопурра мегардад ва фаъолияти омӯзгориаш аз ҳамон давра оғоз меёбад. Он солҳо дар маҳви бесаводии аҳолӣ фаъолона иштирок карда дар деҳаҳои дурдаст ба мардум савод меомӯзонад.

Подробнее...

ДАВЛАТИ БУЗУРГИ ТОҶИКОН

Ҳар иқдоме, ки бӯйи нек дорад, касро ба мақсад мерсонад. Инро дар мисоли иқдомҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидан метавон. Ҷавонмардӣ, кӯшишҳо баҳри нуфузи миллат, ростқавлӣ, бахшояндагӣ, хоксорӣ, далерию ҷонфидоии ӯ барои Ватану миллат дар ҳар қадам мушоҳида мешаваду ба чашм намоён мегардад.
Бояд бигӯям, ки маҳз Истиқлоли Тоҷикистон ва талошҳои хирадмандонаи сарварамон моро ба сарбаландиҳо расонд. Беҳтарин неъмати Истиқлолият сулҳу ваҳдат мебошад.

Подробнее...

Подкатегории