Пн09232019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

ИШТИРОКЧИИ ДУ ҶАНГ

Самад Солиҳов иштирокчии саҳнаҳои хунини ду ҷанг аст. Ҷанг бо финҳо ва Германияи фашистӣ. Аз ҷанг бо ду пои маҷрӯҳ баргашт. Ҳар доим   асозанон аз миёни кӯчаи мо мегузашт. Марди   хоксору меҳрубон буд ӯ. Мо, бачаҳои кӯча ҳар бегоҳ   беқаророна роҳи   ӯро мепоидем. Ин сабаб дошт. Зеро ҳамеша дар кисаҳояш қанд овардаву моро зиёфат мекард. Чун бо шӯру шавқ   қандҳоро гирифтаву даҳон мазза медодем, ӯ бо меҳр ба мо менигарист, ҳар доим дуру дароз…

Солҳои ҷавонии Самад дар деҳаи Ҷонварсӯз гузашт. Соли 1938 аз кӯтали Фотеҳахон мардум аввалин аскари худро дастафшон ба ҷанги финҳо   гуселонида буданд.

Дар ҷанги финҳо ӯ ронандагӣ мекард. Ин касбро ҳамон ҷо азхуд намуда буд. Навҷавонони миллатҳои гуногун паҳлӯи ҳам муқобили «хирсҳои сафед» меҷангиданд. Сарҷамъии онҳо буд, ки зуд ғолибият ба даст оварданд. Хизмат ба анҷом расидан наздик мешуд, ки Германияи фашистӣ ба кишвари   мо лашкар кашид.   Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Самад Солиҳовро чун дигар ҷанговарони таҷрибаандӯхта ба хати пеши фронт фиристоданд. Соли аввали ҷанг сарбозон гӯё хобу хӯрро фаромӯш сохта буданд. Ҳама пайи дифои Ватан бархоста буд. Шабу рӯз паси чанбараки мошин Самад ҳам ба хати пеши фронт яроқу аслиҳа ва хӯрокаю пӯшока мекашид. Кори   ронандаҳо хеле хавфнок буд. Зеро тайёраҳои душман доимо корвони мошинҳоро думболагирӣ мекарданд. Зимистони соли 1942 ронандаҳои ротаи онҳо супориш гирифтанд, ки ҳарчи зудтар ба хати пеши ҷанг хӯрока бурда расонанд. Корвон ба роҳ баромад, сиҳату саломат супориш иҷро шуд.

-Ҳангоми бозгашт лейтенанти калон, ки номаш то ҳоло дар хотирам нақш бастааст, Иванов супориш дод, ки ҳамроҳаш телефончидухтар Наташаро ба нуқтаи зурурӣ бурда расонам. Бояд шитоб мекардем. Ногаҳон дар роҳ тайёраи душман мошини маро думболагир шуд. Беист тирборон мекард. Иванов супориш дод, ки мошинро ба дарунтари ҷангал ронам. Худро дар ҷангал гирифтем. Роҳро намедонистем, барф хело баланд буд, мошин дар ҷангал монд. Аз хунукии даҳшатбор шаб   аз ҳуш рафтаем. Чашм кушодаму худро дар госпитали ҳарбӣ дидам, пойҳоям докапеч буданд. Баъдтар фаҳмидам, ки пойҳоямро   сармо задааст. Духтурҳо панҷаҳои ҳарду поямро буридаанд. Баъди шифо ёфтан маро ба ақибгоҳ фиристоданд, -нақл мекард бобои Самад Солеҳов.

Пас аз   баргашт, дар колхози ба номи Орҷоникидзе вазифаи мудири анбор ва муҳосибиро ба уҳда дошт. Он солҳо кор мушкил буд. Рӯзона кори мудирии анбор иҷро мекарду шабона   вазифаи муҳосибиро. Ба колхозчиён ба ҳар рӯзи меҳанташон ба ҷои пули нақд гандум, ҷав, равған, тарбузу харбуза   медоданд. Баъдтар давраи таҷдиди колхозҳо сар шуду якчанд колхозҳои майдаи атрофро ба колхози ба номи Орҷоникидзе ҳамроҳ карданд ва ба раисии колхоз Гадо Шарифовро интихоб карданд.

Раис кордонию қобилияти Самад Солиҳовро ба назар гирифта самуҳосиби колхоз таъинаш кард. Рафта, рафта колхоз бақувват шудан гирифт.Соҳиби мошину техникаи худӣ шуд. Калонсолони деҳа нақл мекарданд, ки он солҳо ба замми шоликорию полизкорӣ дар майдони ҳазор гектар ғалла кишт карда мешуд. Ҳисобу китоби боигарии колхоз ба уҳдаи Самад Солиҳов буд.   Борҳо аз забони раис Гадо Шарифов таърифи кордонию ростқавлии ӯро шунида будем.

Раиси колхоз Гадо Шарифов нақл мекард, ки Самад, ки доим пайи кори колхоз буд, ба хонааш бурдани   анвои хӯрокаро фаромӯш мекард. Супориш медодам, ки ба хонааш орду равған барад, вале мешунидам, ки набурда ва ё ба ҳоҷатмандон тақсим кардааст.   Саховатпешагии ӯро то ҳанӯз мардуми солхӯрдаи деҳа нақл мекунанд, ки нонашро ду тақсим мекард. Чунин марди сахӣ кам андар кам гузаштааст. Шояд акаи Самадро ҷанг чашм   кушодаву харобаҳои ҳазорон ҳазор деҳаҳои валангор, аз гуруснагӣ мурдани бачаҳои ятиму бекасро дида буд, ки дасти саховаташ кушод буд.

Самад Солиҳов фарзандони солеҳ тарбия кард. Ҳамаи онҳо соҳиби маълумотанд. Абдуҷаббор омӯзгор, Абдусаттор мутахассиси пешбари палатаи ҳисоби Ҷумҳури Тоҷикистон, Абдусалом муҳандиси НБО Роғун ва Абдуҷалол сармуҳосиби корхонаи «Гидромантаж»- и шаҳри Роғун шуда кор мекунанд ва чун падари бузургворашон саховатпешаю таҷрибаандӯхтаанд…

Тилло Соҳибназаров