Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ҲУҚУҚ

ДОҒИ ПАДАР НЕ, БОҒИ ПАДАР...

     Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму  солеҳ ба воя расонанд ва дар ташаккули  шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳанд, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро  пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.
                                                                                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон.

     Меҳру муҳаббат, шафқату ғамхорӣ нисбати фарзанд табиати инсон аст. Аслан меҳру шафқат нисбати кӯдак дар вуҷуди падару модарон табиатан тавлид меёбад. Падару модарро аз шафқат ва шафқатро аз волидайн  ҷудо тасаввур кардан номумкин аст. Аммо боиси таассуф аст, ки баъзе падару модарон бо сабаби намоиш додани ҷиддияту виқори худ ба кӯдак дурушту дағал муносибат мекунанд. Кӯдак ҳанӯз аз аввали ба дунё омадан қобилияти ҷудо кардани неку бадро пайдо мекунад. Завқу салиқа, вокуниши кӯдак ба неку бад дар ҳамин марҳилаи ҳаёти ӯ пайдо мегардаду оҳиста –оҳиста равнақ меёбад. Аз ин рӯ дар ин марҳила рафтори аҳли оила нисбат ба кӯдак хело муҳим аст. Месазад, ки падару модар ва дигар калонсолони оила фаромӯш набояд кунанд, ки кӯдак ҳамавақт аз рӯи дидаю шунидаш ва фаҳмиши худ ба онҳо баҳо медиҳад. Бо таассуф қайд карданием, ки аксарияти мо, падару модарон нисбати фарзанд хушбин нестем. Фарзандро дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия карда наметавонем. Вақте фарзанд ба ҷиноят даст зад, он гоҳ ангушти надомат газида, «чаро чунин кор рух дод»- гӯён афсўс мехӯрем.  Чӣ илоҷ, агар пештар ба тарбияи фарзанд машғул мегаштем, ба чунин рӯзи сахт омада намерасидем.  
Дар Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Масъалаҳои таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон тавассути як қатор қонунҳо аз ҷумла қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба танзим дароварда шудааст.
Бинобар ин ҷиҳати ба роҳ мондани назорати иҷрои Қонуни ҶТ "Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд" ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои дахлдор дар дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар воҳиди нави сохторӣ таъсис дода шавад».
Бо мақсади иҷрошавии қонуни мазкур бо котиби  комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Суҳроб Исматов вохӯрда, хоҳиш намудем, ки оиди рафти иҷрои қонун  чанд сухан гӯяд:
-Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ соли гузашта дар 38 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ вохӯриҳо оиди иҷрои талаботи қонунҳои ҶТ «Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ миёни  ноболиғон доир намуд. Дар вохӯриҳо иҷро нагардидани талаботҳои қонун дар миёни  баъзе волидон, ҳуқуқу уҳдадориҳо нисбати таълиму тарбияи фарзанд, беназоратӣ ва беаҳамиятии падару модар нисбати фарзанд бо иштирокчиёни вохӯриҳо мавриди муҳокима қарор гирифт. Соли гузашта ба комиссия 9 ариза оид ба парасторӣ гирифтани ноболиғон, се ариза оид ба муоширати фарзанд бо падару модар, 29 мавод оид ба кам кардани синну соли никоҳӣ, 2 ариза оид ба муқаррар кардани падарӣ ва ҷойи зисти фарзанд ва якчанд аризаҳо оиди гирифтани кӯмакпулӣ ва фиристонидани ятимон ба хонаи бачагонаи шаҳри Роғун ва инчунин ду ариза оид ба оворагардӣ ва ҷойгир намудани ноболиғон дар «Маркази таълимии чароғи ҳидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҶТ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.  Комиссия баҳри бартараф намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон бо ШВКД –и  ноҳия,   бахши кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шуъбаи маориф, мактабҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамкории зич дошта, масъалаҳоро дар якҷоягӣ ҳаллу фасл менамоянд.
Чӣ тавре айёнамон  гашт, имрӯз дар  ноҳия 24 нафар ятими кули ба қайд гирифта шуда, зери назорат ва ғамхории доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд. Як нафар аз ин ятимон нафақаи бесаробонӣ мегирад. Ҷолиби қайд аст, ки  бо дастгирии раиси ноҳия Имомназари Каримиён дар арафаи ҳар ҷашну идҳои суннатӣ ба ятимон кӯмакҳои яквақтаи моддӣ расонида мешавад. Бояд хотиррасон намуд, ки  ятимони кул бо китобҳои дарсӣ ва нашрияҳои бачагона ройгон таъмин  мегарданд. Ҳамчунин боиси қайд аст, ки  маҳз бо ташаббуси раиси ноҳия дар давраи таътили тобистона дар ду баст дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» 17 нафар ятимони кул   истироҳат доштанд. Дар оянда низ  ятимони кул бо ғамхориҳо  фаро гирифта  хоҳанд шуд.
Соли гузашта дар асоси талаботҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», нисбати пешгири намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғони ноҳия як қатор  вохӯриҳо доир гардиданд, ки дар онҳо   оид ба  иҷро нагаштани қонун, ҳуқуқу уҳдадориҳо нисбати таълиму тарбияи фарзанд, беназоратӣ ва беаҳмиятии падару модар нисбати фарзанд мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта буд.   Мақомоти прокуратураи ноҳия низ барои  пурра иҷро нагардидани  Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбати як падару модар бо моддаи 164 Кодекси Ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ ва нисбати чор нафар падару модарон парвандаи маъмурӣ оғоз намуда,  барои баррасӣ ба суди ноҳия фиристода шуд, ки  мавриди муҳокима  қарор гирифтанд. Имрӯз  дар қайди комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак 7 нафар ноболиғ аз рӯи даҳ ҷиноят, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст,  қарор доранд. Пас, ҳамаи масъулон бояд ба он бикӯшанд, ки рафтори ноболиғони душвортарбия ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд зери назорати доимӣ қарор ёбад. Ва ба он муваффақ шавем, ки сатҳи ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар корҳои номатлуб дар байни ноболиғони ноҳия  ба пуррагӣ  бартараф карда шавад.  
Беҳуда гузаштагонамон нагуфтаанд, ки  :«Фарзанди нағз боғи падар, фарзанди бад доғи падар». Аз ин хотир, мо бояд ба он муваффақ шавем, ки фарзандонамон воқеан ҳам боғи зиндагии мо гарданд, на доғи рӯзгори   мо.


Тиллои СОҲИБНАЗАР,
хабарнигори «НФ».